Пайвандҳои дастрасӣ

"Эрон бояд иқтидорашро бар шибҳанизомиёни шиа таъйид кунад"


Вазирони хориҷии Туркия ва Эрон - Мавлуд Човушоғлу ва Ҷавод Зариф

Вазири хориҷии Туркия аз Эрон даъват кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз нақзи оташбас ба ҳукумати Сурия ва шарикони худ фишор биёрад.

"Эрон бояд иқтидорашро бар шибҳанизомиёни шиа ва режими Сурия таъйид кунад"- гуфт Мавлуд Човушоғлу, Вазири хориҷии Туркия.

Эрон якҷо бо Русия аз шарикони калидии президенти Сурия Башор Асад номбар мешаванд, дар ҳоле, ки Туркия аз мухолифини ҳукумат пуштибонӣ мекунад.

Маскав ва Анкара ҳафтаи гузашта оташбаси шиканандаеро дар Сурия миёнҷигӣ карданд, ки мебоист роҳро барои гуфтушуниди сулҳ дар байни тарафҳои даргир боз кунад. Қарор аст, ки музокирот дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шавад.

Човушоғлу гуфт, хушунатҳо ба музокироти байни ҳукумату мухолифин, ки бояд охири моҳ баргузор шавад, таҳдид мекунанд.

Вазири Туркия ҳамчунин гуфт, ки мақомоти Русия барои муайян кардани чаҳорчӯби гуфтушунид 9-10 январ ба Туркия сафар мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG