Эътирозгарон, ки дар садри онҳо раҳбари калисои вилояти Товуш Баграт Галстанян ва ҷумбиши «Товуш дар роҳи ватан» қарор доранд, дирӯз дар кӯчаву хиёбонҳои Ереван 20 ҳазор касро ҷамъ намуданд.
Эътирози онҳо аз хатми ҷараёни аломатгузории марз бо Озарбойҷон аст. Галстанян дар ин тазоҳурот гуфт, Пашинян як соат вақт дорад, ки ба истеъфо равад ва баъди гузашти вақт ӯ гуфт, аз парлумон талаб мекунад ҷараёни импичмент ё адами боварӣ ба Пашинянро шурӯъ кунад. Пашинян то ҳол ба талаби мулоқот бо эътирозгарон ва истеъфо ҳеҷ вокунише накардааст.
Чанде пеш ВКХ Арманистон гуфт, ки Ереван ва Боку дар бораи мақоми ҳуқуқии чанд қитъаи ҷудогонаи сарҳадӣ, аз ҷумла, ҳудудҳои байни чор деҳаи ҷойгир байни вилояти Товуши Арманистон ва ноҳияи Газахи Озарбойҷон ба мувофиқа даст ёфтаанд.
Сокинони маҳаллӣ даст ба эътироз заданд. Бархе эътирозгарон баъди 4 май аз деҳаи Кирантси воқеъ дар сарҳади Озарбойҷон берун шуда, то 9 май ба Ереван расиданд.