Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистон (11 АКС)

Субҳи 1 сентябр дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон соли нави таҳсил шурӯъ шуд. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, ки "Занги аввал" бо табрики омӯзгорон ва хонандагони синфи якум оғоз мегардид, имсол дар бархе аз мактабҳо шурӯи соли нави хониш оромона доир шуд. “Дарси сулҳ”, ки ҳамасола бо он оғоз мешавад, дар ҳамаи мактабҳо бо шунидани суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузашт.
Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 3800 мактаби таҳсилоти ҳамагонии ҳам хусусӣ ва ҳам давлатӣ фаъолият мекунад. Теъдоди гимназияҳо ба 73 ва аз литсейҳо ба беш аз 60 баробар аст. Имсол барои бори аввал беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи якум қадам гузоштанд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG