Созмони ҷаҳонии аксбардорӣ беҳтарин аксҳои солро, ки аз сӯи аксбардорони инфиродӣ бардошта шудаанд, муаррифӣ кард. Дар ин нигористон аз миёни барандаҳои ҷоизаҳои Sony World Photography Awards 15 акси беҳтаринро ҷудо кардаем.
15 акси беҳтарини сол

1
Гангасагар - яке аз бузургтарин маконҳои зиёрат дар Ҳинд. Ҳарсол дар иди ҳосилот - Макара-санкранти - дар инҷо ҳазорон нафар гирд меоянд. Дар акс занонеро мебинед, ки баъди таҳорат дар оби муқаддас ба Офтоб ниёиш мекунанд.

2
Дар акс – гурӯҳи роҳибони дуббоӣ дар маросими вижа ҳангоми барфрезӣ. Ин маросим дар шаҳри Лангмусии Чин доир мешавад. Нисфи аҳолии Лангмуси буддоиҳои Тибет ва нисфи дигараш мусулмонҳоянд.

3
Аксбардор мегӯяд, бо ин акс мехост нишон бидиҳад, ки бадани ҳар инсон дар ҳар куҷову ҳар макон таърихи худро дорад.

4
Кратери гази Дарвоза дар Туркманистонро "дарвозаи ҷаҳаннам" ном мебаранд. Ин кратер аз соли 1971, инак 45 сол боз фурӯзон аст. Геологҳо ибтидо гумон доштанд, ки сӯхтор баъди чанд рӯз хомӯш мешавад, вале газе, ки аз инҷо берун меояд, 45 сол боз шабурӯз фурӯзон боқӣ мондааст.