Созмони ҷаҳонии аксбардорӣ беҳтарин аксҳои солро, ки аз сӯи аксбардорони инфиродӣ бардошта шудаанд, муаррифӣ кард. Дар ин нигористон аз миёни барандаҳои ҷоизаҳои Sony World Photography Awards 15 акси беҳтаринро ҷудо кардаем.
15 акси беҳтарини сол

5
Ҳарсол ҳазорон рӯдапо (каракатица) дар халиҷи Спенсер дар ҷануби Австралия барои ҷуфтшавӣ ҷамъ меоянд. Ин як лаҳзаи хеле ҷаззоб аст, чунки рӯдапоҳо барои нишон додани мақсади худ тағйири рангу ҳол мекунанд.
6
Толибилмон дар яке аз мадрасаҳои мазҳабии Баншладеш баъди дарс футболбозӣ ва ба рӯи ҳамдигар хокпошӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, барояшон муҳим на пирӯзӣ дар бозист, балки соате ҳаловат бурдан аз нурҳои офтоби шомгоҳӣ.
7
Ин акси рӯбоҳи ваҳширо аксбардоре аз Ирландия бардоштааст. Ӯ мегӯяд, мехост ҳолати ҳайвони ваҳшиеро, ки пой ба шаҳр мегузорад, мунъакис кунад.
8
Ин акаву хоҳар аз хонаводаи фақире дар Ҳинд хушҳоланд, ки ба инки Замин чигуна дар гирди меҳвараш чарх мезанад, сарфаҳм рафтанд.