Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

28 лаҳза аз сафари Ҷон Керри ба Осиёи Миёна

Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри рӯзҳои 31 октябр то 3 ноябр ба кишварҳои Осиёи Миёна сафар кард. Ин нахустин сафари якбораи вазири хориҷаи Амрико ба ҳамаи 5 кишвари ин минтақа буд. Керри дар Бишкек дар расми ифтитоҳи кампуси Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ ширкат ва аз биноҳои нави сафорати Амрико боздид кард. Дар Самарқанди Узбакистон Ҷон Керрӣ дар нишасти муштараки вазирони хориҷаи ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар формати нави мавсум ба C5+1 ширкат варзид. Ӯ дар Остона дар нишасти Муколамаи стротегии Амрикову Қазоқистон ширкат ва дар донишоҳи Назарбоев суханронӣ кард. Керри ҳамчунин аз Туркманистон ва рӯзи 2 ноябр аз Тоҷикистон боздид намуд.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG