Ҷашнвораи об дар сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон сокинони ду сӯи марзро дар сари як дастархон ҷамъ овард. Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара, мегӯяд, ин ҷашнвора рӯзи шанбеи гузашта дар бозори наздимарзии ҷамоати Лаққони ҳамин шаҳр баргузор шудааст. Сокинони ҷамоатҳои марзии Лаққони Исфара ва Қара-Боғи Бодканд аз наҳри Чилгазӣ об менӯшанд ва заминҳои худро обёрӣ мекунанд. Наҳри Чилгазӣ аз рӯди Исфара сар шуда, аз байни ҷамоатҳои Чилгазӣ ва Лаққони Исфара то деҳаи Қара-Боғи Бодканд 22 километр ҷорӣ мешавад. Сокинони марзии Исфараву Бодканд, ки аз оби ин наҳр истифода мекунанд, мегӯянд, бозсозии якҷояи наҳр норасоии об ва заминаи муноқиша барои тақсими обро аз байн хоҳад бурд. Ҳамкорие, ки ба қавли онҳо меарзад барои таҳкими он ҷашнвора орост.
Об тоҷикону қирғизҳоро гирди як дастархон овард (17 АКС)
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир