Даҳҳо сокини ҷамоати деҳоти Сӯчони ноҳияи Шуғнони Бадахшон аз маҳалли зисти худ берун оварда шуда, ин шабу рӯз дар зери хаймаҳо ба сар мебаранд. Ин афрод дар пайи омадани сел ё манзили худро пурра аз даст додаанд ва ё ҷои истиқоматашон таҳти хатар қарор гирифтааст. Ифтихор Файзаков аз маҳалли нави иқомати сокинони селзадаи Шуғнон акс фиристодааст.
Шарҳҳоро бинед (3)
Боз кардани шарҳи бештар