Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе 600 кг мухаддирот сӯзонида шуд

Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа наздик ба 600 килограм маводи мухаддирро, ки давоми солҳои 2013 ва 2014 кашф ва мусодира шудаанд, ба оташ заданд. Ин миқдор мухаддирот, ки дар оташдони ин вазоратхона cӯзонида шуд, 38 килограми онро ҳероин, 28 кг афён, 461 кг бангдона ва 58 кило ҳашиш ва дигар навъҳои маводи мухаддир, ташкил медод. Ба гуфтаи ВКД, нисбати афроде, ки дар интиқоли ин миқдор маводи мухаддир даст доштанд, 79 парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишоти онҳо ба поён расидааст ва додгоҳ ҳам ҳукми худро содир намудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, соли 2014 аз тарафи кормандони ВКД наздики ду тонна маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG