Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Узбакистон ва Қазоқистон аз СММ дар бораи ниругоҳҳо


Рӯзи ҷумъа руасои ҷамоҳири Узбакистону Қазоқистон дар мулоқоти худ дар Тошканд аз СММ хостанд, ки оқибатҳои таъсири сохтмони обанборҳо дар рӯдхонаҳои кишварҳои болооби Тоҷикистон ва Қирғизистон омӯхта шавад.

Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон гуфт, ки расидагӣ ба сохтмони обанборҳои ниругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва обанбори ниругоҳи Қамбарота дар Қирғизистон бояд зери назари СММ сурат бигирад ва ин сохтмонҳоро бо кишварҳои поёноб ҳамоҳанг кунанд.

Вай ҳушдор дод, ки ҳар ду обанбор дар минтақаи зилзилахез ҷойгир аст ва метавонад мусибате ба бор орад.

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки нуқтаи назари вай бо ақидаҳои Ислом Каримов дуруст меояд. Вай афзуд, “мо ба ҳамсоягони худ паём мефиристем, ки мо ин масъалаҳоро бояд як ҷо ҳал кунем”

Тоҷикистону Қирғизистон бо вуҷуди доштани захираҳои фаровони энержии обӣ зимистон аз нубуди барқ мушкилӣ мекашанд
XS
SM
MD
LG