Жуан Кортез, мутахассиси 42-солаи испанӣ, сармураббии дастаи футболи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе таъйин гардид.
Кортез дар ин вазифа мутахассиси футболи тоҷик Тоҳирҷон Муъминовро, ки аз охири моҳи октябри соли гузашта сармураббии дастаи КМВА-ро ба зимма дошт, иваз кард. Бояд зикр намуд, КМВА соли гузашта барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон шудааст.
Жуан Кортез таҷрибаи корӣ дар бошгоҳҳои футболи Салвадор, Гватемала, Гондурас, Боливияро дорад. Охирин ҷойи кори ӯ бошгоҳи «Реал Томаяпо»-и Боливия буд.
Зери раҳбарии Кортез дастаи «Онсе Депортиво»-и Салвадор бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуда, ин мутахассиси ҷавон беҳтарин мураббии лига эътироф гаштааст.
Сипас вай бошгоҳи “Алянса”-ро машқ додааст. Гарчанде Кортезро як моҳ пеш аз анҷоми мавсим аз вазифа сабукдӯш карданд, даста дар ниҳоят қаҳрамон шуд.
Ҳамчунин Кортез дар мусобиқоти қаҳрамонии Гватемала ва Гондурас фаъолият кардааст. Баъдан ӯ ба Салвадор баргашта, тими “Платенсе”-ро аз хориҷшавӣ аз лигаи бартар наҷот додааст.
Соли 2024 Кортез сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Салвадор (U-20) таъйин шуд. Ҳамзамон ӯ ёвари сармураббии тими миллии Салвадор буд. Дастаи мунтахаб ба Gold Cup-2025 роҳ ёфт ва соҳиби роҳхат ба Лигаи A-и Лигаи миллатҳои КОНКАКАФ гардид.
Дар оғози соли 2025 Кортез сармураббии бошгоҳи “Реал Томаяпо”-и Боливия шуд. Вазифаи ӯ ҳифзи мавқеи даста дар лигаи олӣ буд, ки муваффақона иҷро гардид. Бо вуҷуди ин, моҳи январи имсол мутахассиси испанӣ аз вазифааш истеъфо дод, ки ин тасмими ӯ барои расонаҳои Боливия ғайричашмдошт буд.
Бояд гуфт, ки дар оғози фаъолияти мураббигии худ Кортез ҳамчун ёвари мураббӣ дар лигаи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Тайланд кор кардааст. Мутахассиси испанӣ боз ба қораи Осиё баргашт ва ин дафъа фаъолияташро дар мақоми сармураббии тими КМВА-и Душанбе идома медиҳад.