Мардум дар ҷаҳон иҷоза надодаанд, ки хуруҷи бемории КОВИД-19 монеи халлоқияти инсонҳо шавад. Аз гулоб то кулоҳу ҷавоҳирот ва ширинӣ офаридаҳоест, ки баъзеҳо бо нусхабардорӣ аз вируси ноаён онҳоро ба замони пандемия мувофиқ кардаанд, то мардумро хушҳол ва ҳам аз хатари он огаҳ кунанд.
Ихтирооти "коронавирусӣ". Аз гулоб то кулчақанди "КОВИД-19"
1
Торстен Рос дар қаннодиаш бо номи "Шириниҳои Рос" дар шаҳри Эрфурти Олмон шириние бо номи Подзаҳри Коронавирус сохтааст. Идея баъди он ба сараш омад, ки ба сабаби густариши вирус касе ба дӯкони ширинифурӯшии ӯ дар замони намоишгоҳи минтақавии ширинипазӣ наомад. Ӯ бо ҳазл ин шириниро офарид.
2
Бисквити ниқобдор. Кори дасти яке дигар аз қаннодони олмонӣ дар шаҳри Дортмунд.
3
Гарданбанди ширкати "Доктор Воробёв" дар шаҳри Костромаи Русия. Он аз тариқи Интернет ва бо арзиши тақрибан 20 доллар мефурӯшанд. Гарданбанд Овезаи нуқрагини гарданбанд, шабеҳи вирус аст.
4
Ошпази вйетнамӣ Данг Ван Ку дар шаҳри Ҳаной бургери шабеҳи коронавирус таҳия кардааст. Акс аз рӯзи 26-уми март аст.
Бахшҳо
- Дар чанд ҷумла
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Нигористон
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир