Хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Дараҷаи магистриро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифтааст. Соли 2021 ба сафи кормандони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе пайваст. Пеш аз он дар "Азия-Плюс", "Народная газета" ва "Ховар" кор кардааст.
Ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, аз вайрон кардан ва ё ба ҷойи дигар кӯчондани хона-музейи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон, даст кашад. Мақомот рӯзи 19-уми ноябр гуфтанд, ин бино дар ҷойи худ мемонад, вале гирду атрофашро зебо мекунанд.
Лутфулло Тағоев гуфт, ҳама шароитро ба омӯзгорон муҳайё кардааст, ки дарсҳои худро ба шеваи интерактивӣ таҳия карда, онлайн ба хонандагон расонанд. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, барои ин кор аввал бояд мушкили дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон ҳал карда шавад.
Панҷ сол пеш дар Тоҷикистон санаи наве бо номи "Рӯзи президент" пайдо шуд, ки ҳар сол 16-уми ноябр қайд карда мешавад. Ҳарчанд он умумист, вале танҳо ба президенти амалкунандаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, пайванд дода мешавад.
Қарори боло бурдани роҳкиро дар шаҳри Душанбе аз рӯзи 10-уми ноябр ба иҷро даромад. Мақомот далели гарон шудани нархи сафар дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро ба қимат шудани сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Вале мусофирон аз ин тасмим норозигӣ карда мегӯянд, давлат бояд нахуст маошу нафақаро боло мебурд.
Муҳлати татбиқи Қонуни афв, ки ду моҳ пешбинӣ шуда буд, ба анҷом расид ва афви имсола баҳсҳои зиёдро ба миён овард.
Муҳлати татбиқи Қонуни афв, ки ду моҳ пешбинӣ шуда буд, ба анҷом расид. Афви имсола баҳсҳои зиёдро ба миён овард. Аз ҷумла инки чаро шахсони гумонбар ба шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова дар оғоз афв шуданд, аммо Иззат Амон, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, шомили қонуни афв нагардид.
Халабонҳо ё пилотҳое, ки миёнаи моҳи август аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, шаби 9 ба 10‑уми ноябр бо кумаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин кишвар берун шуданд.
Баъди нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии сахти як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ, хайрхоҳони зиёде ба онҳо кӯмак карданд.
7-уми ноябр театри тоҷик 92 сола шуд. Ба ин муносибат қарор аст дар театрҳои кишвар намоишҳои идона баргузор шаванд ва дар маҳфилҳо аз бурду бохти ин бахши фарҳангу ҳунари Тоҷикистон суҳбат кунанд. Солҳои охир нигарониҳо аз вазъи театри тоҷик зиёд мешавад
7-уми ноябр театри тоҷик 92 сола шуд. Ба ин муносибат қарор аст дар театрҳои кишвар намоишҳои идона баргузор шаванд ва дар маҳфилҳо аз бурду бохти ин бахши фарҳангу ҳунари Тоҷикистон суҳбат кунанд. Солҳои охир нигарониҳо аз вазъи театри тоҷик зиёд мешавад.
Мадина Муҳаммадҷонова, зани ҷавоне, ки хабари шиканҷа шуданаш сарусадои зиёдро ба миён овард, ҳанӯз ҳам дар ҳолати кома ё беҳушист. Пизишкон мегӯянд, бахше аз майнаи сари ӯ осеби вазнин дидааст.
Давлаталӣ Давлатзода, падари Парвиз (Лутфулло) Давлатов, рӯзи 2-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қазияи вобаста ба писараш ва арӯси хонавода "рашки зан нисбат ба шавҳараш" буд.
Мадина Муҳаммадҷонова, зани ҷавоне, ки хабарҳои шиканҷа шуданаш сарусадои зиёдро ба миён овард, ҳанӯз ҳам дар ҳолати кома ё беҳушист. Пизишкон мегӯянд, бахше аз майнаи сари ӯ осеби вазнин дидааст.
Додситонии куллии Тоҷикистон ҷузъиёти парванда алайҳи ду нафареро шарҳ дод, ки дар латту кӯб ва азияти Мадина Муҳаммадҷонова гумонбар ҳастанд. Қазияи шиканҷаи ҷавонзан вокунишҳои зиёди ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва бо дахолати Рустами Эмомалӣ, мақомот дубора онро ба баррасӣ гирифтанд.
Баъд аз вокуниши ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳодисаи рабуда ва шиканҷа шудани як ҷавонзан Додситонии Душанбе ду нафарро боздошт кардааст. Шаҳрдори Душанбе хабар дод, ки рӯзи 1-уми ноябр дар ҷаласаи вижае дар ҳузури Рустами Эмомалӣ, қазияи Мадина Муҳаммадҷонова баррасӣ шуд.
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише гуфтааст, болоравии якбораи нархи маҳсулот боиси бад шудани амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон шудааст. Ба гузориши ин бонк, имсол зиндагии оилаҳое мушкилтар шуд, ки аз дарёфти пули муҳоҷирон маҳрум шуданд.
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боло рафта, арзиши доллар андаке поин омадааст. Наздикони муҳоҷирон аз тағйирот дар бозори арзи хориҷӣ хушҳоланд, вале иддае мегӯянд, бо гарон шудани маҳсулоти ниёзи аввал боло рафтани қурби рубл низ ба зиндагиашон таъсири чандоне надорад.
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боло рафта, арзиши доллар андаке поин омадааст.
“Нони ҳалол”, филми кутоҳе аз рӯзгори ду ноболиғ аст, ки дар намоишгоҳи “Филмбардорӣ дар 48 соат” дар Душанбе намоиш дода шуд.
Ёфтҳои бештар