Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳкиро қимат шуд. Сокинон: Маошу нафақа кай боло меравад?ВИДЕО


Шаҳри Душанбе.

Қарори боло бурдани роҳкиро дар шаҳри Душанбе аз рӯзи 10-уми ноябр ба иҷро даромад. Мақомот далели гарон шудани нархи сафар дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро ба қимат шудани сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Вале мусофирон аз ин тасмим норозигӣ карда мегӯянд, давлат бояд нахуст маошу нафақаро боло мебурд.

"Аввал маошу нафақаро зиёд мекарданд"

Бино ба тасмими идораи "Душанбенақлиёт", аз 10-уми ноябр гирифта, роҳкиро дар автобусҳо 1,80 сомонӣ шуд. Он пештар 1,20 сомонӣ аст. Арзиши ҳаракат дар шаҳр бо троллейбусҳо аз 1 сомонӣ то 1,5 сомонӣ боло рафт. Инчунин сафар дар дохили шаҳр дар микроавтобусҳо акнун 2,5 сомонӣ аст. Пештар ин нарх 1,6 сомонӣ буд. Мусофирон барои ҳар километри ҳаракат дар таксӣ ба ҷойи 2,5 сомонии қаблӣ акнун 3 сомонӣ пардохт мекунанд. Ба ҳисоби миёна афзоиш 50 дарсадро ташкил дод.

Боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт бархе мусофиронро нороҳат кардааст. Яке аз мусофирон бо интиқод аз ин қарор мегӯяд, 330 сомонӣ нафақа мегирад ва аксарият мисли ӯ даромади кам доранд.

"Ин аллакай дуздӣ аст, маоши ягон касро зиёд карданд? Одамон 300-500 сомонӣ мегиранд, ба чӣ мерасад? Автобуспулӣ медиҳад, ба равғану орд медиҳад, чӣ мерасад? Чӣ мехурад? Худат гап зан. Чӣ мехурад? Маош бояд зиёд шавад. Зиндагии халқро хуб кунанд,»-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Марҳабо, як сокини дигари пойтахт, ки дар дохили автобус бо мо суҳбат мекард гуфт, боло рафтани нархи роҳкиро зиндагии хонаводаҳои миёнҳолро мушкилтар кард.

Чун ба гуфтаи Марҳабо, "ҳар як кӯдак дарс мераванд чӣ қадар пул мешавад роҳпулӣ, як бор худатон фикр кунед. Агар аз як хонавода 4-5 хонанда бошад, падар 700-800 сомонӣ маош гирад, онро хурад ё мошинпулӣ кунад? Барои одамоне, ки бо маош зиндагӣ мекунанд, бисёр мушкил шуд".

Роҳкиро қимат шуд. Сокинон: Маошу нафақа кай боло меравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Ду рӯзи ахир дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт чунин нидоҳо зиёд ба гӯш мерасанд. Зоҳиран, онҳое аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунанд, ки илоҷи дигар надоранд.

Шаҳзодамо Табарова, сокини пойтахт мегӯяд, имрӯз бар сари роҳпулӣ бо ронандаи нақлиёт ҷанҷол шуд. Табарова мехоҳад, ки роҳпулӣ боло бурда нашавад.

"Сӯзишворӣ 12 сомон шуд, чӣ кор кунем?"

Дар идораи "Душанбенақлиёт" ҳозир нашуданд дар ин бора суҳбат кунанд. Вале ин ниҳоди зертобеи шаҳрдории Душанбе моҳи гузашта дар хабарномае гуфт, далели боло бурдани роҳкиро ба гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ бастагӣ дорад. Ронандагон ҳам чунин далелҳоро пеш меоранд.

Хушвахт, як ронандаи микроавтобус дар пойтахт мегӯяд, боло бурдани роҳкиро зарурӣ буд, чун бо қимат шудани сӯзишворӣ корашон дар чанд вақти ахир зараровар шуда буд. "Сӯзишворӣ 12 сомонӣ шуд, боз қисмҳои эҳтиётӣ ҳам қимат шудааст. Як рӯз нархи иҷораи мошинро дода метавонем, як рӯз не".

Дар ҳамин ҳол, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, бо қимат шудани роҳкиро мунтазир буданд, ки сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт хубтар мешавад. Вазъе, ки ба гуфтаи корбарон баъди қимат шудани роҳкиро ҳам чандон тағйир наёфт.

Маош 1300 роҳпулӣ 300 сомон

Дақиқ нест, ки чанд дарсади будҷаи хонаводаҳо дар Тоҷикистон барои роҳкиро сарф мешавад. Вале баъди гарон шудани нархи роҳкиро, акнун ҳар нафар дар Душанбе барои аз хона то ҷойи кор ва бозгашт ҳаддиақал 5 сомонӣ сарф мекунад, ки дар як моҳ 150 сомонӣ мешавад. Ба ин ҳисоб хароҷоти роҳ барои оилаи 4 нафара аз 600 сомонӣ зиёд мешавад. Маоши миёна дар кишвар 1300 сомонӣ ва ҳаҷми миёнаи нафақа бошад 321 сомонӣ аст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, баръакс, барои қишри ниёзманд бояд имтиёз дода мешуд.

"То солҳои 2017-2018 нафақагирон дар шаҳри Душанбе аз троллейбус ё автобус ройгон истифода мебурданд. Ҳозир баъде, ки низоми корт ҷорӣ карданд фақат аз 75 соло боло метавонад ройгон дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ сафар кунад. Баъди 75-солагӣ нафақагир қуввати аз хона баромадан надорад",-мегӯяд Тоҳир Оқидов, иқтисодшиноси тоҷик.

Боло бурдани роҳкиро зоҳиран тасмими ниҳоӣ аст ва ба гумон аст, ки дар пайи танқидҳо иваз шавад. Ҳоло сокинон интизоранд, ки ба дунболи роҳкиро ва нархи маҳсулоти ниёзи аввал, ҳаҷми маош ва нафақа ҳам зиёд мешавад. Интизорие бе ваъдаи мақомот дар ин бора.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG