Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Нони ҳалол” дар намоишгоҳе дар Душанбе намоиш дода шуд. ВИДЕО


Озмуни “Филмбардорӣ дар 48 соат” дар Душанбе
Озмуни “Филмбардорӣ дар 48 соат” дар Душанбе

“Нони ҳалол”, филми кутоҳе аз рӯзгори ду ноболиғ аст, ки дар намоишгоҳи “Филмбардорӣ дар 48 соат” дар Душанбе намоиш дода шуд. Дар ин филм саҳнаи зиндагии ду ноболиғ намоиш дода мешавад, ки яке бо роҳи дуруст ва дигаре бо роҳи нодуруст пул дарёфт мекунанд. Ин филм яке аз 16 филми кӯтоҳмуддате буд, ки дар доираи ҷашнвораи иттилоотиву технологии “Го вайрал” дар Душанбе ба тамошо гузоштанд.

GoViral ӽамчун ҷашнвораи навоварӣ дар Алмато дар соли 2017 таъсис ёфта, айни замон ба як шабакаи навоварону эъҷодкорон дар бахши тиҷорат, расона, фарҳанг ва фанноварӣ дар байни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ табдил шудааст. Дар ду соли ахир чунин ҷашнвора бо ҳимояти Сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе низ баргузор шуд. Дар он филмсозони ҷавони Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон иштирок карданд.

Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

“Нони ҳалол” дар Душанбе намоиш дода шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Саидмурод Одинаев, иштирокчии озмун мегӯяд, талабот барои намоиши филмҳо сахт буд. “Талабот ҳамин буд, ки филмҳо бояд бениҳоят кӯтоҳ бошанд, то 4 дақиқа. Мо талош кардем, ки дар ҳамин филми худ, ки 2 дақақа буд, бо ду сухан паёмашро ҷо кунем. Албатта, мо бояд синамои худро дар Тоҷикистон боқувват кунем, то сол аз сол филмҳои хуб ва касбӣ бардошта тавонем”,--гуфт ӯ.

Дар ин озмун, ки идея муҳимтар аз сифати наворбардорӣ аст, иштирокчиён имкон доштанд, ҳатто бо телефони мобилӣ филмбардорӣ кунанд.

Ҳадафи озмуни “Филмбардорӣ дар 48 соат” дастгирии филмсозони навкору ҷавон тариқи намоиши филмҳои онҳо дар экранҳои калон ва муаррифии онҳо будааст.

Андрей Манулов, роҳбари лоиҳаи “Филмбардорӣ дар 48 соат” гуфт, имсол дар озмун 249 филм қабул кардаанд, ки аз онҳо 48 филм ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ гуфт, ки дар ин озмун журналистон, синамогарон, коргардонҳо ва мунтақидон ширкат доштанд. Ба гуфтаи ӯ, ғолибони озмунро тӯҳфаҳо, аз ҷумла сафар ба Амрико ва 2,500 доллари ИМА интизор аст.

Имсол дар ин озмун аз Тоҷикистон ҳамагӣ 15 гурӯҳ дархости иштирок кардаанд, ки нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбатан камтар мебошад. Мунтақидон инро бо камбуди таҷҳизоти муосири филмбардорӣ ва ё сатҳи ҳирфавӣ рабт медиҳанд.

Алан Талкенов, мунақиди қазоқ гуфт: “Маълум мешавад, ки дар куҷое малака, дар ҷои дигар – дастгоҳҳои хубтар, ё малакаи наворбардорӣ намерасад. Фикр мекунам, ки ин мушкилии калон нест, ин масъалаи вақт аст. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки онҳо завқ доранд. Шояд пас аз намоиши филмҳояшон дар экранҳои калон иштирокчиён бештар ба адабиёти омӯзиши рӯ оранд ва донишашонро сайқал диҳанд”.

Дар намоиши озмуни “Филмбардорӣ дар 48 соат” ҳамчунин филмҳои дигар ба мисли “Молочник”, “Одна”, “Жизнь бумеранг”, “Орзуи ман”, “Паразит” ва ғайраҳо намоиш дода шуд. Ин филмҳо аллакай дар се кишвари Осиёи Марказӣ намоиш дода шудаанд. Даври ниҳоии намоиш дар назар аст, дар Тошканд гузарад. Ғолибони озмуни филмбардорӣ дар тули ду ҳафтаи оянда ба таври онлайн эълон мешаванд.

XS
SM
MD
LG