Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон ба Муҳаммадризвон ёрӣ доданд. Ӯ ҳам муҳоҷир шуд. ВИДЕО


Акси Муҳаммадризвон пеш аз ба муҳоҷират рафтанаш.
Акси Муҳаммадризвон пеш аз ба муҳоҷират рафтанаш.

Баъди нашри гузориши Радиои Озодӣ дар бораи зиндагии сахти як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ, хайрхоҳони зиёде ба онҳо кӯмак карданд.

Мустанади хурди Озодӣ дар бораи рӯзгори сахти Муҳаммадризвон нақл мекард, ки баъди худкушии падар маҷбур шуд барои таъмини додару хоҳаронаш то нисфи шаб кор кунад. Ҳоло рӯзгори ин хонавода беҳтар шуда, қаҳрамони гузориш бо кӯмаки хайрхоҳон тавонист барои худ шиноснома ва билети Русия харад.

“Муҳоҷирон пул фиристоданд, аз мақомот касе наомад”

Рӯзи 10-уми июн, вақте мо ба манзили Муҳаммадризвон омадем, хоҳари ӯ Сафармоҳ таваллуд шуда буд. Сафармоҳ ҳоло панҷмоҳа аст. Се моҳ қабл аз таваллуди ин тифл, падарашон худкушӣ кард ва ба ин хотир зиндагии хонавода ба дӯши бародари ӯ Муҳаммадризвони 18-сола афтид. Муҳаммадризвон рӯзона аз ҳисоби фурӯши оби газнок танҳо 40 сомонӣ пайдо мекард, вале ба хотири таъмини хонавода маҷбур буд, бо он қаноат кунад. Баъди гузориши Радиои Озодӣ хайрхоҳон ба кӯмаки ин оила шитофтанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Муҳоҷирон ба Муҳаммадризвон ёрӣ доданд. Ӯ ҳам муҳоҷир шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Бунафша Муллоева, модари Муҳаммадризвон гуфт, асосан муҳоҷирон ва мардуми хайрхоҳ ба онҳо кӯмак карданд. Аз мақомот касе ба суроғашон наомадааст.

“Аз як ташкилоти хайриявӣ омада, 8 ҳазор сомонӣ доданд. Дигаронаш ҳазор, якуним ҳазор сомонӣ ёрдам карданд, боз ба хона хӯрока ҳам оварданд. Чандин кас занг зада мепурсиданд, ки корти бонкӣ доред. Ман худам дар таваллудхона будам, бачам мегуфт, оча тез биё равем корт кушоем, ки бе иҷозаи ту ба ман намедиҳанд. Рафта дар "Алиф" карта кушодем. Боз бисёр занг мезаданд, ки ба куҷо биёем апа, чӣ кор кунем.”,--нақл кард ӯ.

Бунафша Муллоева, модари Муҳаммадризвон
Бунафша Муллоева, модари Муҳаммадризвон

Ҳамсуҳбати мо гуфт, як қисми маблағҳои хайриявиро ҷамъ карда, барои фарзандаш шиносномаи хориҷӣ ва билет харида, ӯро ба Русия равон кард. Ҳоло умеди ҳама хонавода ба Муҳаммадризвон аст, ки дар Русия кор карда, барои хонавода маблағ мефиристад.

"Ҳоло мегӯяд, оча пул фиристода наметавонам, дар инҷо қарз гирифта, ҳуҷҷат кардаам, бояд аввал қарзҳоямро диҳам, баъд насиб равонатон мекунам. Дар сохтмон кор мекунад.",--гуфт ӯ​.

“Нафақае, ки ҳатто як халта орд намешавад”

ХонаводаиМуҳаммадризвон аз шаш нафар иборат аст. Бунафша Муллоева, модари Муҳаммадризвон мегӯяд, барои чор фарзанди дигараш, ки ноболиғ ҳастанд, моҳона 240 сомонӣ нафақа мегиранд. Маблағе, ки ба гуфтаи ин хонавода хеле ночиз аст, чун ҳатто бо он як халта орд ҳам харида намешавад.

Видео дар бораи Муҳаммадризвон аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Ба иттилои мақомот, 30 дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон мисли ин хонавода камбизоат ҳастанд. Моҳи гузашта Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише навишт, пандемия ва болоравии нархҳо зиндагии чунин хонаводаҳоро, вазнинтар кардааст. Кӯмаки давлат ба чунин хонаводаҳо асосан ҷуброни як қисми барқи истифодашуда аст.

Муҳаммадризвон то муҳоҷират дар инҷо кор мекард.
Муҳаммадризвон то муҳоҷират дар инҷо кор мекард.

Соли гузашта бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба оилаҳои камбизоат 500 сомонӣ доданд. Ба оилаи Бунафша ин маблағ нарасид, чун онҳо дар рӯйхати оилаҳои камбизоат нестанд. Сабт шудан дар рӯйхати шахсони камбизоат дар Тоҷикистон осон нест ва ба гуфтаи бархе оила сарсониҳои зиёд дорад. Ҷойи зисти Бунафаша Муллоева қаблан дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ буд ва ду сол пеш ба ноҳияи Сино гузашт. Мақомоти ин ин ду ноҳия то ҳол шарҳ надодаанд, ки чаро оилаи Бунафша Муллоеваро ба рӯйхати шахсони камбизоат ворид накарданд.

Агарчӣ кумаки хайрхоҳон барои чунин хонаводаҳо бисёр муҳим аст, вале мушкили онҳоро пурра ҳал намекунад. Умеди Бунафша Муллоева мисли садҳо оилаи дигар ба сӯи фарзандони муҳоҷирашон аст. Муллоева мегӯяд, ҳамеша дар ҳаққи онҳое, ки ба хонаводаи ӯ кӯмак карданд дуо мекунад ва интизор дорад, ки то бузург шудани фарзандонаш ёрии худро дареғ намедоранд.

«Худованд ҳеч хорашон накунад, ҳамеша дастгири мардум бошанд,»-дуо мекунад Бунафша.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

XS
SM
MD
LG