Хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Дараҷаи магистриро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифтааст. Соли 2021 ба сафи кормандони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе пайваст. Пеш аз он дар "Азия-Плюс", "Народная газета" ва "Ховар" кор кардааст.
Дар Душанбе як ҷашнворае баргузор шуд, ки намоиши филмҳои кутоҳ бахше аз он буд. Филмҳое, ки набояд аз чор дақиқа бештар бошанд ва дар ҳамин чаҳор дақиқа паёми қавие ба мардум бидиҳанду онҳоро ба андеша водор намоянд.
Бо наздик шудани фасли сармо шикояти сокинон аз бебарқӣ ва маҳдудияти барқ дар хонаҳо зиёд шудааст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар ба саҳифаҳои Радиои Озодӣ аз бебарқӣ дар манзилашон шикоят мекунанду аксу навор мефиристанд.
Бо наздик шудани фасли сармо шикояти сокинон аз бебарқӣ ва маҳдудияти барқ дар хонаҳо ҳамчунон зиёд шудааст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар аз бебарқӣ ба Радиои Озодӣ шикоят мекунанду аксу навор мефиристанд.
Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати ҷавонон ба артиш оғоз шудааст. Ин маърака ду моҳ давом мекунад ва бар асоси қонуни нав сурат мегирад. Бар асоси ин қонун, ҷавонон метавонад бо пардохти 25 ҳазор сомонӣ ва гузаштан аз давраи як моҳаи тайёрӣ, соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Дар Тоҷикистон тақрибан се ҳафта боз даъват ба сафи артиш идома дорад ва бори аввал аст, ки ҷавонон ҳақ доранд, дар ивази пардохти пул аз ин уҳдадории ҳатмӣ озод шаванд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар пурсид, ки оё ин кор дуруст аст ё бояд ҳатман хидмат кард?
Ишғоли Афғонистон аз тарафи "Толибон" ва бахусус ҳамлаи ин гуруҳ ба дараи аксаран тоҷикнишини Панҷшер дар Тоҷикистон ҳам вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бисёриҳо барои ҳимоя аз Афғонистон садо баланд кардаанд.
15-уми октябр Рӯзи байналмилалии занони деҳот аст. Дар Тоҷикистон кам касон аз ин рӯз ёдоварӣ мекунанд, ҳарчанд беш аз 70 дарсади сокинон дар деҳа зиндагӣ мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як огоҳии ҷониби Русия, ки аз эҳтимоли сирояти полиомиелит ё фалаҷи атфол (навъи дувум) нигарон аст, сафари кӯдакони то шашсоларо ба он кишвар маҳдуд кардаанд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як изҳороти баҳсбарангез гуфт, ҳама сокинони аз 18-сола болои Душанберо (ба истиснои занони ҳомила ва гирифторони бемориҳои ирсӣ) зидди коронавирус эм кардаанд.
Бархе коршиносони тоҷик изҳороти ахири Вазорати корҳои хориҷии Русия барои ҳалли мусолиҳатомези ихтилоф миёни мақомоти тоҷик ва ҷунбиши Толибонро “иғвоангез” номиданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Русия тавассути чунин изҳорот нақши калидии худ дар минтақаро ба намоиш гузоштааст.
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як ҷавонзани 31-соларо бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои бегона ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Мақомот Олима Камоловаро ба он айбдор мекунанд, ки ба Афғонистон рафта, дар минтақаи таҳти нуфузи ДОИШ ҷангидааст.
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат як зани 31-соларо бо гуноҳи ширкат дар ҷангҳои “бегона” ба зиндон маҳкум кард. Мақомот гуфтанд, Олима Камолова дар минтақаи зери нуфузи ДОИШ дар Афғонистон “ҷангидааст”. Камолова дар додгоҳ ба бегуноҳияш пофишорӣ кард ва гуфт, ҳеч гоҳ дар ҳайати гуруҳҳои тундрав “наҷангидааст”.
Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, орд ҳам қимат шудааст. Сокинон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе арзиши як халта орд аз 230 то 255 сомонӣ ва дар минтақаҳо то 290 сомонӣ аст. Тоҷирон мегӯянд, боди гаронӣ аз Қазоқистон мевазад.
Муовини раиси ҳукумати "Толибон" ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад." Пештар президенти Тоҷикистон гуфта буд, ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила надоранд, аммо барои ҳалли танишҳо бояд ҳукумати фарогир ташкил карда шавад.
Намояндагони як аққалияти қавмӣ, ки дар мавзеи баландкӯҳи Яғноби Тоҷикистон ба сар мебаранд мегӯянд, бинобар дурии мактаб фарзандонашон бесавод мондаанд ва хондаву навишта наметавонанд.
Як оилаи паноҳандагони Афғонистон, ки нахустин фарзандашон дар Тоҷикистон ба дунё омад мехоҳанд тифлашон шаҳрванди ин кишвар шавад.
Як ҷуфти афғон аз тарси интиқоми Толибон ба Душанбе фирор карданд. Ҳоло мегӯянд, умедворанд тифлашон, ки инҷо ба дунё омад, шаҳрванди Тоҷикистон шавад.
30 сол пеш, шаби 21 ба 22-юми сентябри соли 1991, ҳайкали Владимир Ленин, бунёдгузори давлати Шӯравиро дар маркази Душанбе канданд. Ин воқеа, ба гуфтаи баъзе аз таҳлилгарон, оғози ба ду гуруҳ тақсим шудани ҷомеаи Тоҷикистон ва заминае барои ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Ёфтҳои бештар