Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як роҳбари "Толибон" ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки "дахолат накунед". Вокуниши Душанбе чӣ хоҳад буд? ВИДЕО


Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дувуми раиси ҳукумати "Толибон"
Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дувуми раиси ҳукумати "Толибон"

Муовини раиси ҳукумати "Толибон" ба Тоҷикистон ҳушдор дод, ки ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат накунад, вагарна "ҳар кор пайомад дорад." Мақомоти Тоҷикистон расман вокуниш накардаанд. Пештар президенти Тоҷикистон гуфта буд, ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила надоранд, аммо барои ҳалли танишҳо дар ин кишвар бояд ҳукумати фарогир ташкил карда шавад.

Ҳанафӣ: "Мудохила ба фоидаи ҳеч кас нест"

Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дувуми раиси ҳукумати "Толибон", рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Ҷазира" гуфт, аз Тоҷикистон мехоҳанд, ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила накунад. Ҳанафӣ дақиқан нагуфт, ки Тоҷикистон чӣ дахолат кардааст, аммо зоҳиран ишораи ӯ ба танқидҳои пайиҳами раиси ҷумҳурӣ ба ваъдахилофии "Толибон" барои ташкили ҳукумати фарогир аст.

Муовини раиси ҳукумати "Толибон" дар суҳбат бо "Ал-Ҷазира" гуфт, онҳо хостори муносибати нек бо Тоҷикистон ҳастанд: "Мудохилаи ҳамсояҳо дар корҳои дохилии дигарон ба манфиати ҳеч кас нест. Ҳар кор пайомад хоҳад дошт. Беҳтар аст, ки ҳар кас аз пайи танзими хонаи худ бошад."

Мақомоти Тоҷикистон дахолат дар умури Афғонистонро рад карда, гуфтаанд, ҳадафашон танҳо барқарории субот дар кишвари ҳамсоя ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷикони он сӯйи марз аст.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми сентябр дар паёмаш ба Маҷмааи умумии Созмони Милал гуфт, ба корҳои дохилии Афғонистон мудохила намекунанд, "аммо барои ҳалли танишҳо дар ин кишвар бояд ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама гуруҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил шавад."

Раҳмон гуфт, Тоҷикистон бо ин кишвар садҳо километр марз дорад ва вазъи пешомада Душанберо бетараф гузошта наметавонад. Вай "Толибон"-ро ба иҷро накардани ваъдаҳояшон дар заминаи ташкили ҳукумати фарогир муттаҳам кард, аммо "Толибон" ин танқидро ҳамеша рад кардаанд. Ин танҳо президенти Тоҷикистон нест, ки толибҳоро ба ташкили як ҳукумати иборат аз террористон ва қавмгароён айбдор мекунад. 27-уми сентябр айни чизро ҳукумати Итолиё ва пеш аз он ИМА низ тазаккур дода буданд.

Вакил: Интиқоли нерӯ ба марз "фейк" аст

Вокуниши "Толибон" нисбат ба Тоҷикистон танҳо бо ҳушдорҳои Абдусалом Ҳанафӣ маҳдуд нашуд. Пеш аз ин изҳорот, сухангӯи "Толибон" бо нашри чанд акс дар "Твиттер" хабар дод, ки ба вилояти Тахор, ҳаммарз бо Тоҷикистон, "ҳазорҳо" нерӯи "Лашкари Мансурӣ"-ро фиристодаанд.

Забеҳулло Муҷоҳид ҳадаф аз фиристодани нерӯҳоро "пешгирӣ таҳдидҳои эҳтимолӣ" гуфт, аммо аз кадом таҳдиде ном набурд. Ин дар ҳолест, ки пештар "Толибон" батакрор гуфтаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя таҳдидеро раво нахоҳанд дид. Маълум нест, эълони фиристодани ҳазорон маргтараби шаҳидшав ба ғайр аз таҳдид нисбати Тоҷикистон чӣ буда метавонад.

Як мансабдори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон бо шарти зикр нашудани ном хабари ирсоли "ҳазорон нерӯ"-и "Толибон"-ро воҳима хонд. Вале гуфт, мақомоти Тоҷикисттон рӯйдодҳои он сӯи марз мегузарад, аз наздик пайгирӣ доранд.

Дар Душанбе бар инанд, ки таҳдиди "Толибон" бо эълони интиқоли нерӯҳо ба наздикии марзи Тоҷикистон ба манфиати Кобул нест. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон, мегӯяд, фиристодани нерӯҳои зиёди "Толибон" ба манотиқи марзӣ "фейк" ё дурӯғ аст. Чун, ба гуфтаи Усмонзода, "Толибон" имкони нигоҳдорӣ ва таъмини даҳҳо ҳазор нерӯро дар вилояти Тахор надорад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи вакили тоҷик, агар "Толибон" ба ҳудуди Тоҷикистон ҳамла кунад, бо вокуниши кишварҳои минтақа, бахусус Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯбарӯ хоҳад шуд: "Агар онҳо ин қадар нерӯ медоштанд, аллакай то Душанбе меомаданд. Онҳо ҳамон сарҳадро гузашта наметавонанд. Ин сарҳади СПАД аст. Дар сурати ҳамлаи "Толибон" ва гузаштани онҳо аз дарёи Ому ба ҷониби Тоҷикистон шартномаҳо ҳастанд, ки онҳоро нерӯҳои амниятии СПАД нест мекунанд."

Ин дар ҳолест, ки Русия гуфтааст, дар ҳолати таҳдид аз Тоҷикистон ҳимоят хоҳад кард. Вале то ин дам мақомоти Русия ба таҳдидҳои "Толибон" вокуниш накарданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Таҳлилгарон: "Толибон" ҷуръати ҳамла ба Тоҷикистонро надоранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Дубнов: Ҷаҳон аз ҷанги Афғонистон хаста шудааст

Ҳанӯз маълум нест, ки вокуниши мақомоти расмии Тоҷикистон ба ҳарфҳои ахири Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати "Толибон", чӣ хоҳад буд. Вале баъзе аз коршиносон мегӯянд, бо назардошти танқидҳои пай дар пайи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вокуниши "Толибон" пешгӯишаванда буд.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, рӯзи 27-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, cиёсати Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пурраи ӯро аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нишон медиҳад, ки "хатарнок аст ва сабаби шиддат гирифтани вазъият шуда метавонад".

Ин таҳлилгари рус мегӯяд, ба қудрат расидани "Толибон" дигар як воқеият аст ва ҷаҳон аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон хаста шудааст.

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

"Президент Эмомалӣ Раҳмон вазъро дар Афғонистон комилан нодуруст баҳогузорӣ мекунад. Ҳамин кифоя аст, ки баромади ӯро дар ҷаласаҳои СПАД ва СҲШ мисол биёрем. Ӯ гуфт, дар Афғонистон 46% аҳолиро тоҷикон ташкил медиҳанд, вале ин гуфтаҳои ӯро Путин маҷбур шуд, ислоҳ кунад. Путин гуфт, бибахшед, шумо паштун, ҳазора ва ақаллиятҳои дигарро фаромӯш кардед? Баъдан Раҳмон гуфт, онҳо низ тоҷикон ҳастанд, онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Яъне, ин нодуруст баҳогузорӣ шудани вазъи Афғонистонро аз тарафи президенти Тоҷикистон ифода мекунад", -- афзуд Дубнов.

Мақомоти Тоҷикистон чунин танқидро рад кардаанд. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам талаб доранд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз тоҷикони он сӯи Ому пуштибонӣ кунад.

Тоҷикистон дар давраи аввали муқовимат алайҳи ҳукумати "Толибон" дар охири солҳои 90-ум аз мухолифони ин гуруҳ ҳимоят мекард. Зоҳиран вазъ назар ба бист сол пеш фарқ дорад. Бахусус инки ҳоло Душанбе бо мавқеъгириҳояш нисбат ба "Толибон" дар минтақа танҳо мондааст.

Кишварҳои ҳамсоя, аз Узбекистон гирифта то Қазоқистону Чин ва ҳам Русия талош доранд, бо "Толибон" равобит барқарор кунанд. Аммо Душанбе то ҳол гуфтааст, то вақте ки “Толибон” ҳуқуқи ҳама қавму миллатҳои Афғонистон, бахусус тоҷикҳоро риоя накунад, ҳукумати онҳоро эътироф нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG