Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи иборат аз 21 нафар дар Яғноб хондаву навишта наметавонанд. ВИДЕО


Сокинони Яғноб

Сокинони мавзеи баландкӯҳи Яғноби Тоҷикистон мегӯянд, бинобар дурии мактаб аксар фарзандонашон бесавод мондаанд ва хондаву навишта наметавонанд. Бо вуҷуди оби поку ҳавои тоза сокинони ин мавзеъ дар шароити сахт ба сар мебаранд ва аз бештари хадамоти муосир маҳруманд.

Водии Яғноб дар 120-километрии Душанбе, қалъае дар миёни қаторкӯҳҳои Зарафшон аст. Мардум дар инҷо зиндагии содда доранд. Бо кишоварзӣ ва чорводорӣ рӯз мегузаронанд. Солҳои пеш садҳо ҷаҳонгард барои дидани табиати нотакрор ва ҷазираи яке аз шохаҳои бозмондаи забони суғдӣ ба ин ҷо меомаданд. Коронавирус роҳҳоро баст ва чандин оиларо аз даромад бенасиб кард.

Сафар Расулов, сокини деҳаи Мағриб аз Яғноб ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан 20 сол инҷониб сайёҳони хориҷиро мепазирад. "Бо суханҳои нек ва хӯроки миллӣ онҳоро қабул карда, бо ҷойи хоби тоза таъмин менамоем",- гуфт ӯ. Аммо пандемия пеши роҳи сайёҳонро гирифт ва аз даромади ин хонавода коҳид.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

"Мегӯянд, мо намехонем, чӯпонӣ мекунем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:49 0:00

Хонаводаи Саидмурод Атовуллоеви 50 сола дар деҳаи Пискони Яғноб аз 21 нафар иборат аст. Бисёрии онҳо хонда ва навишта наметавонанд. Деҳаи дурдасте, ки онҳо зиндагӣ мекунанд мактаб надорад. Ҳоло чаҳор нафар аз ин хонадон дар мактаби Анзоб мехонанд, ки қариб 40 километр аз Яғноб дуртар аст.

"Ҳашто набера дорам, панҷ писар ва як духтар. Калонҳояш хонда наметавонанд, яктояш 4 кӯдак дорад, яктои дигараш 3 кӯдак дорад. Онҳо чӯпон ҳастанд. Худам ҳам хондану навиштан наметавонам. Мактаб ҳам набуд. Ҳоло хурдҳо мехонанд. О бо бесаводӣ намешавад. Барои чӯпонӣ ҳам ҳисобу китобро донистан даркор аст",- гуфт Атовуллоев.

Зиндагии мардум дар Яғноб аз ҳам кам фарқ дорад. Занҳо аз тобистон то тирамоҳ ба айлоқ ё чарогоҳи тобистона мераванд. Фарзона Хоҷаева, яке аз онҳост. Ӯ барои фурӯш қурут, маска, чакка ва саршир ё қаймоқ омода мекунад. Хонум Ҳоҷаева, шароити зисти худро чунин тасвир кард:

"Хайр, душвор аст: хунук, шароит нағз не. Се моҳ ба ҳамин ҷо мебароем бо гову мол. Гов меҷӯшем, ҷурғот мекунем, чарх мекашем, равған мегирем. Дар тирамоҳ боз ба деҳа мефароем. Қурутҳоро мефӯрӯшем, равғанро барои худамон мемонем."

Сокинони зиёде дар деҳаҳои водии Яғноб ба пизишку бунгоҳи тиббӣ дастрасӣ надоранд. Вақтҳои беморӣ ҳам аксарият "рӯ ба раҳми Худо" дар хона мемонанд. Бисёре аз занон ҳам ҷони худро дар хатар гузошта, дар шароити хона фарзанд ба дунё меоранд.

Саидмурод Атовуллоев, сокини деҳаи Пискон мегӯяд, агар бемор шаванду мошин бошад, "ба водӣ мефароем, агар барф бошад ба назди духтур рафта намешавад. Худо худаш шифо медиҳад боз. Мо чанд фарзанд ёфтем, 8 набера дорам, ҳамааш дар хона таваллуд шудаанд. Ба духтур нарафтаем."

Аммо бо ин ҳама сахтиҳо сокинони деҳа аз зиндагӣ розӣ ва ба ояндаи худ хушбинанд. "Орзуям ҳамин, ки ҳама ҷо шоду хушбахт бошад, зиндагӣ соз бошад", - хулоса кард Фарзона Ҳоҷаева, сокини деҳаи Пискон.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG