Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз кандани ҳайкали Ленин дар Душанбе 30 сол гузашт. ВИДЕО


Муҷассамаҳои Ленин дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳифз шудааст, вале ҷойи ӯро дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо ба Исмоили Сомонӣ додаанд

30 сол пеш, шаби 21 ба 22-юми сентябри соли 1991, ҳайкали Владимир Ленин, бунёдгузори давлати Шӯравиро дар маркази Душанбе канданд. Ин воқеа, ба гуфтаи баъзе аз таҳлилгарон, оғози ба ду гуруҳ тақсим шудани ҷомеаи Тоҷикистон ва заминае барои ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Барчидани муҷассамаи Ленин, ки ба гуфтаи тарафдорони Ҳизби коммунист "бо шеваи дағалона" сурат гирифт, хашми як гуруҳ аъзои ҷомеаро ба миён овард.

Коммунистҳои Тоҷикистон нерӯҳои демокративу исломиро ба кандани ҳайкали доҳии худ гунаҳкор карданд, аммо намояндагони ҷараёнҳои демократӣ "дасисаи худи коммунистҳо" номиданд.

Ҳар чизе буд, ин ҳодиса чархи сиёсиро дар кишвар дигар кард. Нерӯҳои Ҳизби коммунист бо баҳонаи кандани ҳайкали Ленин тарафдорони худро ба майдони "Озодӣ" хонданд ва Қадриддин Аслонов, раиси онвақтаи Шӯрои олӣ, ки дар зери эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзо гузошта буд, дар зери фишори онҳо аз мансаб истеъфо дод.

Тан ҷудову сар ҷудои ҳайкали Ленин дар Душанбе
Тан ҷудову сар ҷудои ҳайкали Ленин дар Душанбе

Пас аз 30 соли ҳодиса хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинони пойтахт, ки шоҳиди он рӯзҳо буданд, пурсиданд, аз кандани ҳайкали Ленин чӣ чизе ба ёдашон мондааст. Посухи сокинон ин аст:

  • “Барчидани ҳайкали Ленин дар кишварҳои дигар ҳам иттифоқ афтод, аммо тарзе, ки дар Тоҷикистон амалӣ карданд, нодуруст буд.”
  • “Кандан ва болои ҳайкал рақсу бозӣ ташкил кардан як сенария буд. Онҳое, ки ҳатто ҳайкалро кандан мехостанд, ба ин шева афтодани онро намехостанд.”
  • “Баъд аз кандани ҳайкали Ленин, муҷассамаи Абулқосим Фирдавсиро гузоштанд, ки хеле зебо буд.”
  • “Он вақт ва ҳозир ҳам баъзеҳо ба кандани ҳайкали Ленин аз маркази Душанбе розӣ буданд ва баъзе дигар не. Давра ҳамин хел буд.”
  • “Дар телевизион нишон доданд, ки як гуруҳ омада, дар гардани ҳайкал банд зада, афтоданд ва ба болояш баромада ӯро заданд, ҳар аҳмақии дигар карданд.”
  • “Он воқеаҳоро мо дидем, илоҳӣ, фарзанду набераҳои мо набинанд. Барои онки падарам, ки беҳтарин шахс барои ман буд, дар ин ҷангҳо шаҳид шуд. Дигар хешу таборон ҳам кушта шуданд.”
  • “Дар таърих бисёр давлатҳо ва сиёсатмадорон омада рафтанд. Беҳтаринашон монданд.”
  • “Давлати Шӯравӣ барҳам хӯрда буд ва будани ҳайкали Ленин дар маркази Душанбе шояд дигар зарур набуд. Лекин ин ҳайкалро гирифта, дар як ҷойи дигар мондан мумкин буд.”

Наворро дар инҷо бинед:

Рӯзе, ки ҳайкали Ленинро дар Душанбе канданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Навиштани назару пешниҳод ва хотираҳои худро аз он рӯзҳо фаромӯш накунед.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG