Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз огоҳии Русия... Тоҷикистон сафари кӯдаконро маҳдуд кард. ВИДЕО


Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе
Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе

Дар пайи як огоҳии ҷониби Русия, ки аз эҳтимоли сирояти полиомиелит ё фалаҷи атфол (навъи дувум) нигарон аст, сафари кӯдакони то шашсоларо аз Тоҷикистон ба он кишвар маҳдуд кардаанд. Имсол дар Тоҷикистон 9 мавриди сирояти полиомиелити навъи дувум сабт ва дар пайи он беш аз як миллион кӯдак эм карда шуданд. Сирояти ин вирус кӯдакро фалаҷ мекунад ва дар баъзе ҳолат мекушад.

Чаро 60 рӯз?

Ба гуфтаи мутахассисон, навъи дувуми фалаҷи атфол аз ваксина ба зидди ин беморӣ сарчашма мегирад. Бино бар ин, дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, кӯдаконро зарур аст, ки пас аз гирифтани ваксина ду моҳ мунтазир истанд ва сипас ба Русия раванд.

Наврӯз Ҷаъфаров
Наврӯз Ҷаъфаров

"Ваксина то як муддат дар бадани кӯдак иммунитет ҳосил мекунад ва баъд бояд берун шавад. Давраи хориҷшавии ваксинаро 60 рӯз муқаррар кардем. Аз ин рӯ, сафари кӯдаконро маҳдуд кардем, чун хориҷкунандаи табиии ҳамин вирус мешаванд", -- шарҳ дод Наврӯз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми октябр.

Ба қавли ӯ, истифода аз ваксинаи зидди фалаҷи атфол (навъи ду) дар Тоҷикистон имкони сирояти бемориро надорад, "вале эҳтимоли сар задани бемориро дар Русия тахмин мекунанд. Аз "Роспотребнадзор" ба Вазорати тандурустӣ огоҳӣ омад, ки дар ҳудуди Русия шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан кӯдакони то шашсоларо ба қайд гирифтаанд, ки онҳо хориҷкунандаи полиомиелити навъи дувум ҳастанд."

Маҳдудияти сафари кӯдакони то шашсоларо аз Тоҷикистон ба Русия аз 2-юми октябри имсол ба роҳ мондаанд. Шоми 7-уми октябр дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе чанд нафар бо тифлони худ мунтазири парвози ҳавопаймо ба Русия буданд, аммо гуфтанд, аз қарори нав хабар надоранд.

"Касе чизе нагуфт"

Мавзуна Султонова, сокини шаҳри Хуҷанд, гуфт, фарзандонаш ваксинаи зидди полиомиелит ё фалаҷи атфоли навъи дувумро гирифтаанд, "аммо дар ҳеч куҷо дар бораи маҳдуд шудани сафари кӯдакон чизе нагуфтанд."

Як намояндаи Фурудгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, касе онҳоро низ барои манъи сафари кӯдакон ба Русия вазифадор накардааст. Ҳамсуҳбати мо бо шарти фош нашудани ном афзуд: "Аз ин қарор огоҳӣ дорем, аммо касе вазифадор накардааст, ки масъулони бахши беҳлдоштӣ кӯдаконро ҳангоми сафар санҷанд ва ё аз сафари онҳо пешгирӣ кунанд."

Ин дар ҳолест, ки дар Вазорати тандурустӣ мегӯянд, пештар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои дигар, аз ҷумла фурудгоҳҳои кишварро огоҳ карда буданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Маҳдудияти сафари кӯдакони эмшуда ба Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Қарори маҳдуд шудани сафари кӯдакон ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу пурсишҳоеро ба вуҷуд овардааст. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пурсидаанд, ки оё ин қарор танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл дорад ё шахсони душаҳрвандӣ ҳам? Наврӯз Ҷаъфаров, масъули Вазорати тандурустӣ, мегӯяд, "маҳдудият ба онҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, низ дахл дорад. Дар ҳолатҳои истисноӣ бо талаби тамоми санадҳои беҳдоштии эмгузаронии кӯдак иҷозаи сафар дода мешавад."

Навъи дувуми фалаҷи атфол дар Тоҷикистон

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ қаблан хабар дода буд, ки аввалин мавриди сирояти фалаҷи атфоли навъи дувум дар вилояти Хатлон 22-юми ноябри соли 2020 сабт шудааст.

Гирифтори дувуми бемориро моҳи феврали имсол ва боз ҳам дар вилояти Хатлон сабт карданд. Ду кӯдаки бемори дигарро рӯзи 8-уми март дар ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифтанд ва ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ташхиси беҳдоштӣ дар се маҳал вуҷуди вирусро нишон дод.

Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, хуруҷи навъи дувуми фалаҷи атфол соли 2019 дар саросари ҷаҳон якбора зиёд шудааст. Соли 2020 сирояти беморӣ дар Афғонистон ва аз ҷумла манотиқи ҳаммарзи он бо Тоҷикистону Туркманистону Узбекистон мушоҳида шудааст.

Тоҷикистонро аз соли 2002 кишвари орӣ аз фалаҷи атфол ва ё полиомиелит эълон карда буданд, ҳарчанд то соли 2010 мавридҳои алоҳидаи сирояти беморӣ ва маргу мири кӯдакон аз он сабт шуда буд. Бори охир ва 11 сол пеш дар кишвар вируси ин беморӣ ба 458 кӯдак сироят кард ва 29 нафари онҳоро кушт. Дар миёни 458 нафар тақрибан нисфи онҳо кӯдакони аз 1 то 5-сола будаанд.

XS
SM
MD
LG