Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати бозор, нафақа ва кумак ба камбизоатон. Сокинон аз Эмомалӣ Раҳмон чӣ мехоҳанд? ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 роҳбари Тоҷикистон аст
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 роҳбари Тоҷикистон аст

Панҷ сол пеш дар Тоҷикистон санаи наве бо номи "Рӯзи президент" пайдо шуд, ки ҳар сол 16-уми ноябр қайд карда мешавад. Ҳарчанд он умумист, вале танҳо ба президенти амалкунандаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, пайванд дода мешавад.

Ин таърих барои он марбут ба Эмомалӣ Раҳмон мешавад, ки 16-уми ноябри соли 1992 нахуст ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва баъди ин ҳамчун президенти Тоҷикистон фаъолияташро шуруъ кард ва 29 соли охир раёсати ҷумҳуриро дар даст дорад. Бархе тасвиби ин идро як намунаи дигари шахспарастӣ номиданд. Вале бархи дигар мегӯянд, ин арҷгузорӣ ба хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар ҳоле ки дидорҳои ӯ бо аҳолии кишвар, яъне интихобкунандагонаш, созмонёфта буда, на ҳама ба онҳо роҳ меёбад, одамон барояш суолҳои зиёд доранд. Вале агар ӯ дар ин рӯз миёни мардум, дар кӯчаву хиёбонҳо қадам мезад, барояш чӣ суол медданд? Мо талош кардем, ба ҷойи президент аз мардум пурсем, ки чӣ мушкилот ва дарду доғ доранд, ки бояд ба президенти интихобкардаи худ расонанд?

Бештари ҳамсуҳбатони мо дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, агар ҳамин ҳоло бо президенти худ рӯбарӯ мешуданд, дар бораи назорати нархҳои бозор, нафақаи кам, фирори мағзҳо, кумак ба оилаҳои камбизоат ва овардани кадрҳои лаёқатманд ба сари вазифаҳо мепурсиданд.

Ин буд посухи онҳо:

  • "Агар имкон мешуд, нарху наворо зери назорат мегирифтанд."
  • "Сипосгузории худро мерасондам."
  • "Мехостам, бештар кадрҳои лаёқатанд ва ҷавонро ба вазифаҳо таъин кунанд, ки тавонанд иқтисоди моро пеш баранд. Кадрҳои ҷавонро оварда, бо маоши хуб таъмин кунанд, то онҳо аз кишвар нараванд."
  • "Намедонам, расонда метавонам ё “лента”-ро мебуранд. Боварӣ надорам, ки шикоятҳои мо ба президент расад. Нархҳо гарон. Камбағалҳоро мебинӣ, дилат месӯзад. Дар ҳар қадам ёрӣ мепурсанд."
  • "Ман ягон муроҷиат надорам."
  • "Тоҷикистон обод шавад, дигар чӣ хоҳиш дорам? Ҳозир ҳама хуб, мошинҳоро бинед ранги Амрико."
  • "Умри дароз ва саломатӣ мехоҳам."
  • "Зиндагии халқ мушкил шудааст, ин нарху наворо бин. Барои ҳамин бояд ин тараф он тарафро нигоҳ кунанд."
  • "Охир, нафақа кам, шароит мушкил аст. Ҳама келинҳо дар як хона, ҷойи кор нест. Чӣ кор кунем?"

Ҷавоби сокинонро дар инҷо метавонед тамошо кунед:

Сокинон аз президент Эмомалӣ Раҳмон чиро пурсидан мехоҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Дар Осиёи Марказӣ ба ҷуз аз Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳам "Рӯзи президент"-ро ҷашн мегиранд. Ин рӯз дар соли 2011 ба ифтихори Нурсултон Назарбоев ва пирӯзии ӯ дар интихоботи 1-уми декабри соли 1991 таъсис дода шудааст. Дар ин рӯз одатан дар шаҳрҳои Қазоқистон ба ғайр аз маҳфилҳои идона тазоҳурот ва раҳпаймоии аҳолӣ баргузор мешаванд.

Шумо агар имкони суҳбат ба президент Эмомалӣ Раҳмон медоштед аз ӯ чӣ мепурсидед? Суол ва назаратонро дар зер метавонед нависед.

XS
SM
MD
LG