Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Мадина ва ҳукми Иззат. Қонуни афв одилона иҷро шуд? ВИДЕО


Акси Мадина Мамадҷонова, рамзи адолат ва Иззат Амон.

Муҳлати татбиқи Қонуни афв, ки ду моҳ пешбинӣ шуда буд, ба анҷом расид ва афви имсола баҳсҳои зиёдро ба миён овард.

Аз ҷумла инки чаро шахсони гумонбар ба озору азияти Мадина Муҳаммадҷонова дар оғоз афв шуданд, аммо Иззат Амон, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, шомили қонуни афв нагардид.

Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ҳам аз афв шудани бархе афроди муттаҳам ба шиканҷа нигаронӣ кард.

Мақомот дар бораи татбиқи қонуни афв то ҳол шарҳе надодаанд.

Чаро гумонбарони шиканҷаи Мадина аввал озод шуданд?

Қонун дар бораи афв, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолият тасвиб шуд, озодии беш аз 10 ҳазор нафарро аз маҳбас ва боздоштгоҳҳо пешбинӣ мекунад.

Яке аз қазияҳое, ки дар ҳафтаҳои ахир номи қонуни афвро дубора ба сархати расонаҳо баровард, қазияи Мадина Муҳаммадҷонова буд. Ин ҷавонзани 32-сола рӯзи 26-уми август дар ҳолати вазнин ба Беморхонаи маъруф ба “Қарияи боло” оварда шуд ва ба гуфтаи пизишкон, то ҳол дар ҳолати беҳушӣ (кома) аст.

Фаъолони ҳуқуқи занон моҳи гузашта бо ирсоли як нома ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе аз он нигаронӣ карданд, ки зани гумонбар, ки Мадинаро шиканҷа кардааст, афв ва аз ҷавобгарӣ озод шудааст.

Дар вокуниши раиси шаҳри Душанбе ҳам, ки рӯзи 30 октябр пахш шуд, ин нукта тасдиқ шудааст, ки омилони азияти Мадина Муҳаммадҷонова бо татбиқи қонун "Дар бораи авф" аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.

Баъди сарусадои зиёд қарори афви афроди гумонбар дар шиканҷаи Мадина бекор ва додситонӣ ду нафарро боздошт кард.

Азиза Давлятова, ки қаблан нисбаташ қонуни афв татбиқ шуда буд, ҳоло ба “сӯиқасди одамкушӣ” ва шавҳараш Лутфулло Давлятов ба “азобу уқубат” муттаҳам дониста мешаванд.

Бахтиёр Насруллоева, вакили дифои маъруф рӯзи 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, муаммо на дар масъалаи татбиқи қонуни афв, балки дар ҷойи дигар аст. “Мақомоти тафтишотӣ вақте бори аввал тафтиш карданд, шояд бо он моддаи Кодекси ҷиноятӣ кирдори гумонбаронро бандубаст карданд, ки бояд қонуни афв татбиқ шавад. Гумон мекунам бори аввал барои расондани зарари ҷисмонӣ ё шиканҷа парванда боз мешуд ва бинобар зан будани гумонбаршуда ва бинобар инки он моддаҳо шомили қонуни афв мешаванд, аз оғози парвандаи ҷиноӣ қарори рад баровардаанд,”- афзуд Бахтиёр Насруллоев.

Мақомот ба ҷуз аз нашри хабари расмӣ дар бораи қазияи Мадина Муҳаммадҷонова дигар ҳеч ҷузъиёте дар бораи ин парванда надодаанд. Аз ҷумла, пурра дақиқ нест, ки бо кадом асос бори аввал афроди гумонбар ба шиканҷаи Муҳаммадҷоноваи 32-сола афв шуданд. Таҳқиқи қазияи Мадина Муҳаммадҷонова ва афв кардани афроди гумонбар ба шиканҷаи ӯ, то ин дам боиси барканории ҳаддиақал ду мақомдор гардид.

Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки қарори афви як гумонбар дар парвандаи ҷанҷолӣ марбут ба Мадина Мамадҷоноваро имзо карда буд, аз мақомаш барканор шудааст.

Пеш аз ӯ, Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино низ аз мақомаш барканор шуда буд.

Ҳуқуқшинос: Иззат Амон имкон дорад шомили қонуни афв шавад

Қазияи дигаре, ки дар иртибот ба қонуни афв зиёд садо дод, парвандаи Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон буд. Иззат Амон рӯзи 27-уми марти соли равон аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир шуда буд. Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон,дар сурати ҷуброни зарар ӯ бояд афв мешуд.

Наздикони Иззат Амон гуфтанд, сарфи назар аз онки ба ҳамаи даъвоҳо розӣ нестанд, вале ба хотири озод шудани ҳомии ҳуқуқ маблағи даъвогаронро пардохт карданд. Сарфи назар аз ин, Додгоҳи шаҳри Душанбе Иззат Амонро дар қаллобӣ гунаҳкор ва ӯро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукме, ки барои бисёриҳо аз ҷумла наздикони Иззат Амон ғайриинтизор буд. Масъулини додгоҳ то ҳол шарҳ надоданд, ки чаро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон афв нашуд.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ гуфтааст, 232 сомонӣ маблағи яке аз даъвогарон, ки дар Русия аст, ба ӯ дастрас нашудааст ва ба ин хотир падари ӯ афв нашуд. Ҳарчанд писари Иззат Амон мегӯяд, бо тавсияи додрас ба номи ин даъвогар дар бонк "амонат" гузоштанд.

Вакили дифои Иззат Амон ҳоло ба Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионӣ бурдааст, вале бо анҷоми муҳлати татбиқи қонуни афв ин суол матраҳ аст, оё Иззат Амон дигар афв намешавад?

Вакили дифоъ Бахтиёр Насруллоев мегӯяд, ҳукми Иззат Амон қувваи қонунӣ нагирифтааст ва дар сурати пурра барқарор кардани зарар, Коллегияи Додгоҳи олӣ масъалаи татбиқи афвро низ муҳокима мекунад. "Парвандаи Иззат Амон давом карда истодааст ва ҳалли худро наёфтааст. Ҳоло ҳам фурсат ҳаст, ки қонуни афв нисбат ба Иззат Амон татбиқ шавад. Парвандаи Иззат Амон анҷом наёфтааст ва дар марҳилаи дуюми баррасии судӣ қарор дорад. Ҳукми ӯ аз нав баррасӣ мешавад аз ҷумла татбиқи қонуни афв ҳам.",--гуфт ӯ.

Эътилоф: Фарди муттаҳам ба шиканҷа ҳам афв шудааст

Мақомот дар бораи иҷроиши қонуни афв ягон хабари расмӣ нашр накарданд ва талошҳои мо рӯзи 10-уми ноябр барои гирифтани маълумот аз Додситонии кулл, Додгоҳ олӣ ва идораи зиндонҳо бенатиҷа буд. Бархилофи қонунҳои афви гузашта, мақомот имсол дар бораи озод кардани зиндониён маъракаҳои калони иттилоотӣ нагузаронданд.

Аммо фақат қазияи Мадина Муҳаммадҷонова ва Иззат Амон нест, ки қонуни афвро ба чолиш кашидааст. Бархе ҳомиёни ҳуқуқ аз дуруст татбиқ нашудани ин қонун нигаронӣ доранд.

Масъулини Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа мегӯянд, нисбати ҳарсе нафаре, ки барои шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров зиндонӣ шуда буд, қонуни афв татбиқ шудааст. Ба гуфтаи масъулини Эътилоф, аз "муҳлати адонашудаи ҷазои онҳо дар ҳаҷми аз чор як ҳисса кам карда шудааст." Ҳол онки ба гуфтаи масъулини Эътилоф, қонуни имсола афви гунаҳкорон бо иттиҳоми шиканҷа (моддаи 143 прим 1)-и Кодекси ҷиноиро пешбинӣ накардааст.

Мақомот ба ин гуфтаи Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи июни соли равон се афсари пулисро барои шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров аз 10 то 13 сол зиндонӣ кард. Эраҷ Наимов, Саъдӣ Давлатзода ва Шералӣ Азизов худро бегуноҳ донистанд. Ҳоло масъулини Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа мегӯянд, яке аз ин афрод шомили қонуни афв шудааст, аммо нагуфтанд, кадомашон.

Қонуни афв дар умум бахшиши гуноҳи 16 ҳазор касро пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла, беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо озод шуда, гуноҳи қариб 6 ҳазори дигар кам мешавад.

Бар асоси қонуни афв, занон, шахсони ноболиғ, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3, шахсони дорои гирифтори бемориҳои вазнин, афроде, ки мукофоти давлатӣ доранд ва шахсони хориҷӣ аз адои ҷазо бояд озод мешуданд. Вале дар ин миён онҳое, ки ҷурмҳои сангин содир кардаанд, аз ҷумла “хиёнат ба давлат” ва ё “бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият”, шомили қонуни афв нахоҳанд шуд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG