Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон тарҳи қонуни афви 16 ҳазор нафарро ба порлумон пешниҳод кард


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон лоиҳаи қонуни афвро ба порлумон пешниҳод кардааст. 
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон лоиҳаи қонуни афвро ба порлумон пешниҳод кардааст. 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи афв”-ро барои баррасӣ ба порлумони кишвар пешниҳод кардааст.

Дафтари матбуотии президент хабар додааст, ки ин қонун 16 ҳазор нафарро дар назар гирифтааст. Аз ин ҳисоб, “10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд.” Ҳамчунин 1150 нафаре, ки аз ҷониби мақомот дар ҷинояте гумонбар ё айбдор шудаанд ва ё парвандаашон дар додгоҳ баррасӣ мешавад, афв мешаванд.

“Қариб 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.”,--гуфта шудааст дар хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Ҷузъиёти зиёде аз қонун “Дар бораи афв” маълум нест. Бисёре аз наздикони чеҳраҳои шинохтаи зиндонӣ қаблан бар ин умед буданд, ки дар эълони афв ба хотири сӣ солагии истиқлоли Тоҷикистон онҳо аз зиндон озод хоҳанд шуд. Ҳоло маълум нест, ки зиндониёни Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон, соҳибкори шинохта Зайд Саидов, адвокати маъруф Бузургмеҳр Ёров, генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев ва дигар чеҳраҳои шинохта шомили ин афв хоҳанд шуд ё на. Пайвандони чеҳраҳои шинохта ва худи онҳо ҳукми додгоҳ нисбат ба худро аз ибтидо сиёсӣ ва ноодилона медонистанд. Додгоҳ онҳоро дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин гунаҳкор эълон кардааст.

Дар хабари тарҳи пешниҳодӣ гуфта мешавад, ки “шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд” ва онҳое, ки як бор бар асоси қонуни афви соли 2019 озод шудаанд, вале боз ҷиноят содир кардаанд, афв намешаванд.

Бар асоси ин лоиҳаи қонун, ки Дафтари матбуоти президент аз он иқтибос кардааст, афроде, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, афроде, ки нисбаташон иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудаасту ҷазо нисбаташон шартан татбиқ карда нашудааст, афроде, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд, онҳое, ки барои ҷиноятҳои иқтисодӣ дар зиндон ҳастанд ва зарарро барқарор кардаанд, пурра аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд.

Дар ин лоиҳаи қонун дар бораи занон, ноболиғон, маъюбон, беморони вазнин ва афроди аз 55 сола боло “бартарӣ дода шудааст”, вале мушаххас нест, ки ин бартарӣ чиро дар назар дорад.

Ду соли пеш, соли 2019 низ чунин қонуне дар Тоҷикистон қабул шуд, ки ҳудуди 20 ҳазор нафарро дар бар гирифта буд.

Дар бораи қабули қонуни афв ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон аз пеш дар ҷомеа ҳадсу гумонзаниҳо вуҷуд дошт. Бархе бо эҳтимоли фарогир будани қонун онро "афви тилллоӣ" ном мебурданд, вале аз хабари тарҳи пешниҳодии қонун дида мешавад, ки он аз қонунҳои қаблӣ фарқи зиёде надорад.

Қарор аст, ин қонун, ки ба хотири таҷлил аз сӣ солагии истиқлолияти Тоҷикистон қабул шавад, рӯзи 6-уми сентябр дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардад. Баргузории ин иҷлосияи порлумон бо даъвати президент сурат мегирад.

Дар назар аст, ки пас аз қабул давоми ду моҳ ин қонун иҷро шавад.

XS
SM
MD
LG