Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таблиғ, адолат ё пулкоркунӣ? Дар Тоҷикистон гӯш ба занги афви навбатии зиндониёнанд


Хешовандон чашм ба роҳи озодии наздиконашон аз маҳбас. 2 ноябри соли 2019
Хешовандон чашм ба роҳи озодии наздиконашон аз маҳбас. 2 ноябри соли 2019

Бо наздик шудани Рӯзи истиқлол дар Тоҷикистон гуфтугӯ аз афви фарогири маҳбусон бештар шудааст. Бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки Қонуни афв аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст. Аммо мақомот, аз ҷумла Вазорати адлия ба дархости Радиои Озодӣ посухи мусбат ё манфӣ надодааст. Коршиносони мустақил мегӯянд, ба ҳар тартиб, овозаи афв барои хешу табори зиндониён даричаи нави умеди озод шудани наздиконашон мебошаду ҳамзамон барои мақомоти дахлдор имконияти нави пур кардани кисаашон.

Боймаҳмад Гулов падари Зойир Гулов аст, ки чаҳор сол пеш барои дуздии чорво маҳкум шуда буд. Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ба Гулови хурдӣ 8 сол дод ва ӯ аллакай чаҳор солашро дар зиндон гузаронд.

«Писари ман бегуноҳ аст, ӯро фирефтанд ва маҷбур карданд, гуноҳи накардаашро ба гардан гирад. Ҳоло ӯ нисфи муҳлатро адо кардааст ва ба мо гуфтанд, ки имсол афв дар назар аст ва шояд ӯ озод шавад ”,- мегӯяд падари маҳкумшуда.

Ҳанӯз чанде пеш бархе аз расонаҳои Тоҷикистон гуфтанд, тарҳи қонун омода мешавад.

“Азия-Плюс” бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон, дар миёнаҳои моҳи июл хабар дод, ки як гурӯҳи кории вижа бо супориши президент ба омода кардани лоиҳаи қонуни афв шурӯъ кардааст ва бояд то охири август онро ба сарвари давлат пешниҳод кунанд. Расона хабар дод, ки “ба истилоҳ” “афви тилоӣ ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул мешавад, беш аз 25 000 гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудагонро фаро мегирад".

Аммо пештар вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки то ҳол дар ниҳоди онҳо дар бораи авф сухане нест ва чунин тасмим аз ҷониби президент гирифта ва ба парлумон фиристода мешавад.

Дар Тоҷикистон ба муносибати солгардҳои бузурги давлатӣ ҳамеша афв эълон мешавад. Соли 2019 ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Сарқонуни кишвар беш аз 20 ҳазор маҳбус афв шуданд. Дар 20-умин солгарди Қонуни Асосӣ дар соли 2014 низ 10 ҳазор кас сабукӣ дид ва ба ифтихори 20-умин солгарди истиқлол дар соли 2011 шумораи бахшидашудагон 15 ҳазор нафарро ташкил дод.

Афв бахшиш ё бизнес?

Сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамонов ҳамаи афвҳои Тоҷикистон, ба истиснои афв и зимни сулҳи тоҷиконро "кори таблиғотӣ" меномад. Вай тахмин мезанад, ки қабл аз чунин афвҳо мақомоти амниятӣ ва прокуратура нақшаи оғоз намудани парвандаҳои ҷиноиро мекашанд, то шумораи афвшудагон калон ва воҳиманок бошад.

«Ба эҳтимоли зиёд, ин як конвейери пулгирӣ аз хешовандони маҳбусон аст, ки ҳанӯз дар замони роҳбари идораи ҷазои ҷиноии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд ва ба кам кардани шумораи маҳбусон манфиатдор нест. Ҳамин тариқ, ман фикр мекунам, ки то моҳи сентябр тамоми боздоштгоҳҳои тафтишотӣ ва боздоштгоҳҳои муваққатии кишвар пур аз одам хоҳанд буд",-- бовар дорад Шерзамонов.

Мақомот татбиқи афвро дар заминаи башардӯстӣ маънидод мекунанд. Қаблан, ҳангоми иҷрои қонуни афв, намояндагони мақомот таъкид карда буданд, ки бо мақсади пешгирии коррупсия бо фармони президент комиссияи махсуси байниидоравӣ таъсис дода мешавад, ки иҷрои қонунро назорат карда, ба президент гузориш медиҳад. Мақомот то ҳол расман эълони афви пеширӯ ва назорати иҷрои онро эълон накардаанд. Ягон бор ин ҳайат низ фактҳои ришваситониро расонаӣ накардааст.

Ҳамзамон, як мусоҳиби Радиои Озодӣ, ба шарти ифшо нашудани номаш, нақл кард, ки чӣ гуна дар соли 2014 муҳлати адои ҷазои ӯ бар пайи нақшаҳои коррупсионӣ дар доираи афв кам карда шуд.

«Соли 2010 маро бо моддаи 202 (фурӯши маводи мухаддир) гунаҳкор донистанд ва ба ҳашт сол маҳкум карданд. Ҳарчанд, ман бори аввал маҳкум шуда будам ва барои авф шудан тамоми асосҳо доштам, волидонам амволамонро фурӯхтанд, қарз гирифтанд ва ба 12 ҳазор доллар нисбати ман қонуни афв татбиқ шуд. Дар натиҷа муҳлати ман се сол кам карда шуд ”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо. Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли гузашта аз ҳисоби пули муҳоҷират тавонист тамоми қарзи хонаводаро, ки барои озодии ӯ гирифта шуда буд, пардозад.

«Пинҳонкорӣ фасодро ба вуҷуд меорад»

Таҳлилгари мустақил Абдумалик Кодиров мегӯяд, ки низоми додгоҳии Тоҷикистон саркӯбгар аст ва аксар вақт одамон барои ҷиноятҳои ночиз ҷазоҳои беш аз ҳад мегиранд, аз ин рӯ зиндонҳо пур мешаванд ва мақомот барои холӣ кардани ин ҷойҳо афв эълон мекунанд.

«Ҷанбаи мусбати афв дар он аст, ки ин тоифа одамон метавонанд ба ҷомеа баргардонида шаванд. Аз тарафи дигар дар ҷомеаҳои фасодзада ҳама гуна системае, ки ба таври пӯшида ё ношаффоф кор мекунад, барои рушд ёфтани коррупсия шароит фароҳам меорад”, - мегӯяд Кодиров.

Дар робита ба озодии маҳбусони сиёсӣ мусоҳиби мо мегӯяд, ки аксари онҳо тибқи моддаҳои терроризму экстремизм маҳкум шудаанд ва маъмулан афв намешаванд, бино бар ин набояд мунтазири раҳоии онҳо буд.

Дар Тоҷикистон механизми мутобиқкунӣ ва соҳиби кор кардани маҳбусони собиқ вуҷуд надорад. Умдатан кор ёфтан барояшон душвор аст. Онҳое, ки озод мешаванд, одатан намедонанд, ки дар маҷмӯъ чӣ кор хоҳанд кард ва аксари онҳо хеле зуд худро боз пушти панҷара мебинанд.

Бино бар омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 маҳбас мавҷуд аст. То қабули қонуни афв дар соли 2019, 13 ҳазор маҳбус дар зиндонҳо буд. Бар пайи афв 7000 нафар озод карда шуд.

Дар се соли охир дар зиндонҳои Тоҷикистон чанд ошӯби хунин рух дод ва мушкили ин муассисаҳоро намудор кард. Ҳангоми ин гуна ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат солҳои 2018 ва 2019 тақрибан 50 нафар ҷон бохтанд.
Мақомот дар ошӯбҳо исломиҳои бунёдгароро гунаҳкор карданд. Аммо, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сабаби ин ҳаводис рафтори номуносиб бо маҳбусон ва фасод дар ин зиндонҳо аст.

XS
SM
MD
LG