Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барои таҳияи қонуни афв як гурӯҳи корӣ таъсис доданд


Дар Тоҷикистон "Авфи тилоӣ" эълон мешавад ва барои омода кардани тарҳи қонуни он бо дастури президент як гурӯҳи корӣ бунёд ёфтааст.

Дар ин бора оҷонсии "Азия-Плюс" бо такя ба як манбаъ дар ҳукумати кишвар иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, авфи навбатӣ, бахшида ба 30-юмин солгарди ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор гумонбарон, айбдоршавандаҳо ва зиндониёнро фаро хоҳад гирифт.

Манбаъи хабаргузорӣ афзудааст, барои қабули ин қонун дар охири моҳи август ё аввали моҳи сентябр вакилони Маҷлиси Намояндагон аз таътили тобистона бозхонд мешаванд.

Бори охир қонуни авф дар кишвар соли 2019 бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон имзо ва иҷро шуд. Бар асоси он беш аз 20 ҳазор зиндонӣ ва афроди гумонбар ба ҷиноятҳои мухталиф бахшида шуда, шумори зиёде аз онҳо аз зиндон озод гаштанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG