Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқшиноси тоҷик қонуни афвро шарҳ дод ва гуфт, кӣ озод мешавад, кӣ не. ВИДЕО


Афви зиндониён. Акс аз соли 2019
Афви зиндониён. Акс аз соли 2019
Бо қабули қонуни афв роҳ ба озодии беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ҳамвор шудааст. Бар илова, муҳлати ҷазои қариб 6 ҳазор каси дигарро кам мекунанд. Аммо суолу норӯшаниҳо дар бораи ин санад ҳамчунон зиёд аст. Аз ҷумла, бисёре аз сокинон мепурсанд, шахсони маҳкумшуда бо моддаи "ифротгароӣ" шомили афв мешаванд ё не? Имкон дорад, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон Иззат Амон ва афроде, ки бо ангезаҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд, раҳо гарданд?

"Занон ва ноболиғон озод мешаванд, агар..."

Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси мустақили тоҷик, 8-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ қонуни нави афвро шарҳ дод. Ӯ гуфт, маҳбусоне аслан шомили қонуни афв намешаванд, ки бо моддаҳои зерини Кодекси ҷиноӣ зиндонӣ шудаанд:

  • қисмҳои 3 ва 4-и моддаи 138 (таҷовуз ба номус). Ҳукми шахсоне, ки бар асоси қисмҳои 1 ва 2-и ин модда зиндонӣ шудаанд, як сол кам мешавад;
  • моддаи 143, замимаи 1 (шиканҷа);
  • 179 (терроризм);
  • 401 (зархаридӣ);
  • 401, иловаи 1 (ширкат дар ҷангҳои кишварҳои дигар);
  • 319 (гирифтани пора);
  • 289 (қочоқ);
  • 305 (хиёнат ба давлат);
  • 306 (бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият);
  • 328 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият).

Бар асоси қонуни афв

  • занон,
  • шахсони ноболиғ,
  • мардони аз 55-сола боло,
  • маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3,
  • шахсони дорои гирифтори бемориҳои вазнин,
  • афроде, ки мукофоти давлатӣ доранд ва
  • шахсони хориҷӣ аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

Вале ба гуфтаи ҳуқуқшинос агар ин гуруҳи маҳбусон бо моддаҳои дар боло зикршуда маҳкум шуда бошанд, пас, шомили афв нахоҳанд шуд.

"Тақдири салафиҳо ва ихвониҳо чӣ мешавад?"

Як суоли асосӣ, ки бисёриҳо ба он посух меҷӯянд, ин буд, ки оё афроде, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ ва мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, шомили афв мешаванд ё не? Дар солҳои охир даҳҳо нафар дар Тоҷикистон бо ин иттиҳом паси панҷара рафтаанд. Соли гузашта, қариб 150 нафар дар кишвар бо гуноҳи пайравӣ аз созмони мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” зиндонӣ шуданд.

Дилшод Ҷӯраев
Дилшод Ҷӯраев

Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, шахсоне, ки бо моддаи 307, қисми 2 ва 307 иловаи 1 маҳкум шуда, муҳлати ҷазояшон беш аз 20 сол аст, аз он 4 сол кам карда мешавад. Агар ҷазо аз 20 сол кам бошад, пас 3 соли он кам карда мешавад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, онҳое, ки бо моддаҳои 307, иловаҳои 2, 3, 4 маҳкум шудаанд, фақат як сол аз ҳукмашон кам карда мешавад.

Шахсоне ҳам, ки аз рӯи моддаи 189 ё барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ ба зиндон рафтаанд, бар асоси қонуни афв як сол аз ҳукмашон кам мешавад.

Оё Иззат Амон афв мешавад?

Иззат Амон дар боздоштгоҳ аст
Иззат Амон дар боздоштгоҳ аст

Як суоли дигаре, ки муҳоҷирон аз мо пурсиданд, афв шудан ё нашудани Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон буд, ки моҳи марти имсол баъди ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳам карда, гуфтанд, ӯ пули чандин нафарро гирифта барнагардондааст. Ҳарчанд наздикони Иззат Амон на ҳамаи ин даъвоҳоро қабул доранд. Тибқи иттилои наздикон, тафтиши парвандаи ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ба анҷом расида, мумкин аст парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода шаванд.

Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, дар доираи қонуни афв, мумкин аст, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Иззат Амон қатъ шуда, ӯ ба озодӣ барояд. Вале ба гуфтаи ҳуқуқшинос, Иззат Амон барои озод шудан “бояд ҳамаи зарарро пардозад.”

“Эҳтимоли афв шудани Зайд Саидов ва Муҳаммадрӯзӣ кам аст”

Эълони тарҳи афв ин суолро бори дигар сари забонҳо кард, ки зиндониёни ба гуфтаи мухолифин “сиёсӣ” шомили афв мешаванд ё не. Аз ҷумла, Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва роҳбарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Саидов
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Саидов

Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, бар асоси қонуни нав мумкин аст чанд сол аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров кам карда шавад. Вале ба гуфтаи ӯ, мавҷудияти моддаи таҷовуз ба номус дар парвандаи Зайд Саидов ва иттиҳоми терроризм дар парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров эҳтимоли шомили қонуни афв шудани онҳоро хеле кам мекунад. Искандаров ва Саидов ин иттиҳомҳоро борҳо рад карда, сохтаву бофта хондаанд.

Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони пешини раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ шомили қонуни афв намешаванд, чун ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Масъулини дигари ин ҳизб бо сабаби доштани моддаи терроризм дар парвандаашон аз қонуни афв берун мемонанд. Мақомот ин нафаронро барои талош ба сарнагунии ҳокимият айбдор мекунанд, вале худи онҳо иттиҳоми алайҳашон эълоншударо рад кардаанд.

“Барои афв шудан ба касе пул додан зарур нест”

Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, татбиқи қонуни афвро нисбат ба ҳар шахс дар алоҳидагӣ бояд баррасӣ кард. “Чун онҷо ҳолатҳое аст, ки нисбат ба як шахс дигар хел татбиқ мешавад, нисбат ба шахси дигар ба гунаи дигар. Мисол як маҳдудият аст, ки агар шахс дар асоси татбиқи қонуни афви соли 2019 аз ҷазо озод шуда бошад ё парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ қатъ шуда бошад, онҳо шомили қонуни афви имсола намешаванд”, -- афзуд ҳуқуқшинос.

Навори суолу ҷавобро дар инҷо бинед:

Кӣ шомили афв мешавад? Шарҳи қонуни нав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:41 0:00

Барои ҳамин, Дилшол Ҷӯраев аз наздикони зиндониён хост, дар давраи амалӣ шудани қонуни афв аз қаллобон эҳтиёт кунанд. Ба гуфтаи ӯ, “барои татбиқ кардани қонуни афв ба касе маблағ додан зарурат надорад, чун дар қонун мушаххас гуфта шудааст, ки кадом моддаҳо шомил мешаванд ва кадоме шомил намешаванд.”

Қарор аст, то ду моҳи дигар афроде, ки парвандаҳояшон шомили “қонуни авф” мешаванд, раҳо шаванд. Қонуни афв бори охир дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсия қабул шуда буд, ки 20 ҳазор нафарро фаро гирифт. Он замон иддае аз вуҷуди мавридҳои фасод ҳангоми татбиқи қонуни афв ва бархе аз зиндониёни озодшуда аз набудани ҷойи кор шикоят доштанд.

XS
SM
MD
LG