Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеду ноумедиҳо аз қонуни нави афв дар Тоҷикистон. «Сиёсиҳо» бахшида хоҳанд шуд? ВИДЕО


Лаҳзаи афви зиндониён. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Лаҳзаи афви зиндониён. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Пешниҳоди тарҳи қонуни афв ба порлумон бисёриҳоро ба озодии наздиконашон аз зиндонҳои Тоҷикистон умедвор кардааст. Аммо пайвандони онҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ паси панҷара нишастаанд, танҳо ба эҳтимоли кам шудани муҳлати ҳабси онҳо чашмдоранд. Мақомот ба таври мушаххас нагуфтаанд, ки оё мухолифони сиёсии зиндонияшон шомили афв хоҳанд шуд ё не.

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари вакили мудофеи зиндонӣ, Бузургмеҳр Ёров, гуфт, бесаброна мунтазири он аст, ки қонуни нави афв нисбат ба писараш чӣ гуна татбиқ мешавад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба афви гузашта тахмин мезанад, ки мумукин аст, муҳлати ҷазои ӯро камтар кунанд.

Ҳуринисо Исҳоқова
Ҳуринисо Исҳоқова

"Ҳар замон телевизорро мемонам, ё радио гӯш мекунам. Мехоҳам, фаҳмам, ки чӣ мешавад. Занг зада буд. Гуфт, ки чаҳор солу даҳ рӯзи маро кам мекунанд. Писарам худаш қонундон аст, ҳамин хел ҳисоб кардааст", -- нақл кард Ҳуриннисо Исҳоқова рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ.

Ёровро бо ҷурми қаллобӣ, сохтакорӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба додрас ба 28 сол зиндон маҳкум кардаанд, вале ӯ худро бегуноҳ ва иттиҳомҳоро сохтаву беасос медонад. Бар асоси қонуни афви гузашта муҳлати ҷазои ӯ шашуним сол кам шуд.

Тарҳи қонун чӣ мегӯяд?

Тарҳи қонуни афв рӯзи 30-юми август барои баррасӣ ва қабул ба Маҷлиси Намояндагон фиристода шуд. Он афви 16 ҳазор маҳкумшуда ва гумонбарро пешбинӣ мекунад.

Бар асоси ин тарҳ, ки дафтари матбуоти президент аз он иқтибос кардааст,

  • шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд;
  • афроде, ки нисбаташон иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудаасту ҷазо нисбаташон шартан татбиқ карда нашудааст;
  • афроде, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;
  • онҳое, ки барои ҷиноятҳои иқтисодӣ дар зиндон ҳастанд ва зарарро барқарор кардаанд, пурра аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд.

Дар лоиҳа дар бораи занону ноболиғон, маъюбон, беморони вазнин ва афроди аз 55-сола боло “бартарӣ дода шудааст”, вале мушаххас нест, ки бартарӣ чиро дар назар дорад.

Ба ин тартиб, ҷузъиёти зиёди қонун “Дар бораи афв” маълум нест. Ҳафтае пеш Радиои Озодӣ дар робита ба шарҳи бештар ба Вазорати адлияи Тоҷикистон номаи расмӣ фиристода буд, вале то ҳоло посух нагирифтааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Умеду ноумедиҳо аз қонуни нави афв дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Аммо наздикони бисёре аз зиндониҳо мегӯянд, ки шунидани хабари афв онҳоро хушҳол кардааст.

Анварбии 67-сола барои дидани фарзанди маҳбусаш аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба шаҳри Ваҳдат омадааст. Ӯ рӯзи 31-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш гуё барои хабар надодан аз як мавриди қочоқи маводи мухаддир ҳабс шудааст, вале ба озодии ӯ умед дорад.

Зиндоне дар Ваҳдат
Зиндоне дар Ваҳдат

"Ҳар вақте ба ин тараф меоям, таҳаммулаш бисёр сахт аст. Падараш фавтид ва ин ҳама мушкилиҳо ба сари ман монд. Ин хабарро шунида сахт хурсанд шудам. Худо кунад, ки бачаҳо бароянд ва модарон хурсанд шаванд", -- мегӯяд, Анварбӣ Муродова. Аммо то ҳанӯз аз мақомот ишорае нагирифтааст, ки оё писарашро аз паси панҷара раҳо мекунанд ё не.

Нигарониҳо аз эҳтимоли фасод

Аз ҳоло баъзе аз ҳуқуқшиносон мегӯянд, таҷрибаи афви солҳои пеш нишон додааст, ки ҳангоми татбиқи он мавридҳои коррупсионӣ бештар мешавад ва ин навбат беҳтар аст назорат аз сӯи мақомот ҷиддӣ гирифта шавад.

Доктори илми ҳуқуқ, Шокирҷон Ҳакимов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, коршиносон ва расонаҳо ба раванди татбиқи афв ҷалб шаванд, то мақомоти марбута эҳсос кунанд, ки корашон зери заррабин аст.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Дар бораи қабули қонуни афв ба муносибати 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон аз пеш дар ҷомеа ҳадсу гумонзанҳо вуҷуд дошт. Иддае аз он "афви тиллоӣ" ном мебурданд, вале Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд: "Агар афви онҳое, ки пештар вобаста ба ақидаи сиёсӣ, эътиқоди динӣ ё андешаҳои дигар маҳкум шудаанд, дар траҳ ишора мешуд, дар он сурат "афви тиллоӣ" гуфтан ва таърифу тавсифро истифода бурдан мумкин буд."

Дар Тоҷикистон ду сол пеш низ чунин қонуне қабул шуд, ки ҳудуди 20 ҳазор нафарро дар бар гирифта буд. Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар бораи қонуни афв сокинон назарҳои гуногун доранд.

Хоҳиши роҳгузарон аз афвшудаҳо ва мақомот

  • Яке аз роҳгузарон гуфт, "бисёре аз маҳбусоне, ки бегуноҳ зиндонӣ шудаанд, онҳоро ҳар чӣ зудтар раҳо кунанд, то ба пеши зану кӯдаконашон раванд".
  • Мусоҳиби дигари мо гуфт, "одамон одат кардаанд, мебароянду боз ҳамон корашонро мекунанд".
  • "Маҳбусон, ки аз зиндон бароянд, ба онҳо таълим диҳанд, бо кор таъмин кунанд, то дубора ҷиноят накарда, ба маҳбас нараванд", -- андеша дорад дигаре.

Ҳуқуқдон Шокирҷон Ҳакимов ҳам мегӯяд, “бо афви маҳбусон бо таҳияи барномаи вижае масъалаи ҷалби онҳо ба шуғл низ бояд ба миён гузошта шавад, дар акси ҳол пайомадҳои нохуберо ба миён хоҳад гузошт”. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд мақомоти интизомӣ ба хотири нишон додани натиҷаи кор аз боздошти дубораи афвшудагон дар гузашта хабар медоданд, “дар умум бекории маҳбусони собиқ боис ба сар задани амалҳои дигари ношиста мешавад.”

Зиндоне дар Душанбе
Зиндоне дар Душанбе

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки чанде аз маҳбусонро бо ҷои кор таъмин кардаанд.

Қарор аст, тарҳи нави қонуни афв рӯзи 6-уми сентябр дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва эҳтимол қабул шавад. Баргузории ин иҷлосияи порлумон бо даъвати президент сурат мегирад.

Ҳарчанд намояндагони Вазорати адлия дар нишастҳои расмӣ аз беҳбуди шароити маҳбусон суҳбат мекунанд, вазъи маҳбасхонаҳо ва шароити зиндониён дар гузашта борҳо мавриди танқиди коршиносон қарор гирифтааст. Дастрасӣ ба иттилоъ дар бораи кори зиндонҳо ва огоҳии бештар аз рӯзгори маҳбусон аз танқидҳоест, ки зиёд садо медиҳанд.

XS
SM
MD
LG