Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: "Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ барои ҳамсояҳо мушкил эҷод накардааст"


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Узбакистон Абдуллоҳ Орипов.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш ҳеҷ гоҳ дар масъалаи истифодаи захираҳои обу энержӣ барои кишварҳои минтақа мушкил эҷод накардааст. Ин нукта дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Орипов, нахуствазири Узбакистон 10-уми январ дар Душанбе матраҳ шудааст. Оқои Раҳмон хостори ҳамгироии бештар дар ин робита миёни кишварҳои минтақа шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикстон, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Узбакистон Абдуллоҳ Орипов, ки қабл аз зуҳри 10-уми январ дар Душанбе доир шуд, ҷонибҳо ба рушди бештари ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид карданд. Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, мақомоти Узбакистон ишора кардаанд, ки омодаанд роҳҳои иртиботӣ бо Тоҷикистонро дигарбора барқарор кунанд.

Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, мақомоти Узбакистон ишора кардаанд, ки омодаанд роҳҳои иртиботӣ бо Тоҷикистонро дигарбора барқарор кунанд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ баъд аз анҷоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Орипов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин дидор аз ҷумла тарафҳо рафъи маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, содда кардани низоми рафтуомад, коҳиш додани тарифҳои интиқоли молу коло, барқарорсозии роҳҳои оҳан, пок сохтани минтақаҳои марзӣ аз мина ва боз кардани гузаргоҳҳои марзиро баррасӣ намуданд."

Ҷаноби Шарифзода афзуд, "то поёни имрӯз ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон идома меёбад ва раҳбарони ин комиссия, ки ҳамзамон нахуствазирони ин ду кишвар мебошанд, ин нуктаҳоро боз баррасӣ карда, дар як санади ҳусни тафоҳум зикр мекунанд."

Манбаъ афзуд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Узбакистон ҳамчунин дар робита ба ҳамкории ду кишвар дар мубориза бо таҳдидҳои минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояти созмонёфтаи фаромиллӣ гуфтугӯ карданд.

Зимнан, фаъолияти Комиссияи муштаракаи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон аз панҷ сол қабл мутаввақиф шуда, дар нимаи соли гузашта президент Раҳмон ҳайати нави ин комиссия аз ҷониби Тоҷикистон ба раҳбарии Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистонро тасдиқ кард.

Аз ҷумла то ба ҳол 16 дарсади марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон аломатгузорӣ нашудааст ва ин минтақаҳо мавриди баҳси ду кишвар қарор дорад. Коршиносои узбак минтақаи обанбори нерӯгоҳи "Фарҳод" дар наздикии шаҳри Бекободи он кишварро аз ҷумлаи чунин минтақаҳо медонанд.

Нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов, ки субҳи 10-уми январ бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Ин нахустин сафари кории Абдуллоҳ Орипов ба Тоҷикистон паз аз таъйинаш ба ин вазифа аст. Дар ин сафар Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон низ ҳайати ҳамроҳи нахуствазири кишварашро ҳамроҳӣ мекунад.

Шавкат Мирзиёев воқеан тарафдори дӯстӣ бо Тоҷикистон ҳаст?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:45 0:00

Дар охири ҳафтаи гузашта Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон дар ҳузури вакилони маҷлиси вилояти Тошканд хабар дод, ки “барои об кардани яхи 20-сола дар равобит бо Тоҷикистон озими ин кишвар мешавад. Вай хабар дода буд, ки рӯзҳои наздик Абдулло Орипов ба Душанбе меравад ва “созишномаҳои бузургеро” барои имзо омода месозад.

Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш дар ҳузури вакилони маҷлиси вилоятӣ дар бораи таърихи дақиқи сафараш ба Тоҷикистон ҳарфе нагуфт, аммо расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки ин боздид мумкин аст, аввали баҳори имсол бигирад.

Шавкат Мирзиёев гуфт, Тоҷикистону Узбакистон дӯсти хуб мешаванд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:51 0:00


Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдулло Орипов, нахуствазири Узбакистон ҳамчунин бо ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода, мақомоти Вазорати хориҷа, Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва ширкати “Барқи тоҷик”-у “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ мулоқотҳои ҷудогона хоҳад дошт.

Аз ин пеш як масъули ширкати “Тоҷиктрансгаз” низ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон миёни ду кишвар имзои бастаи калони санадҳои ҳамкорӣ дар назар гирифта шудааст. Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ахиран гуфт, ки аз ин ба баъд кишвараш ва Тоҷикистон мисли ду ҳамсояи хубе зиндагӣ хоҳанд кард, зеро “ҳеҷ ҳамсояи бадро” баъди марг касе намебахшад.

Тоҷикистону Узбакистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, каме об шуд. Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, дар кишварҳои ҳамдигар намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.

Интизор меравад дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев маросими дубора фаъол сохтани гузаргоҳи марзии Панҷакент-Самарқанд ва роҳандозии ҳаракати қатор дар масири Амузанг-Хатлон баргузор шавад. Ин дар ҳолест, ки Узбакистон тасмим гирифтааст ба ҳалқаи ягонаи энержии Осиёи Миёна баргардад ва доду гирифти нерӯи барқ бо кишварҳои ҳамсояро дубора шурӯъ кунад.

Аз сӯи дигар, Узбакистон дар садад аст, минтақаҳои минкоришуда дар марз бо Тоҷикистонро минрӯбӣ созад. Ин минтақаҳо дар солҳои 1990, замони раҳбарии Ислом Каримов дар Узбакистон ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди мухолифони мусаллаҳи Узбакистон минкорӣ шуда буданд.

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG