Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯли як моҳи ахир сокинони Душанбе ва ноҳияҳои атрофи пойтахти Тоҷикистон метавонанд ба роҳатӣ садои радиои мустақили “Маҳалла”-и Узбакистонро дар мавҷи FM бишнаванд. Масъулини ин шабака дар шаҳри Тошканд гуфтанд, ки эҳтимолан насби фиристандаҳои қавӣ дар қаламрави Узбакистон сабаби дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳам шунида шудани барномаҳои ин радиои тафреҳӣ будааст.

Садои "Маҳалла" дар Душанбе

Дар қаламрави Душанбе 7 шабакаи радиои FM қобили шунидан аст, ки аксарашон дар Тоҷикистон ва бо забонҳои тоҷикиву русӣ барномаҳо таҳия мекунанд.

Раҳима Нурматова, як сокини узбактабори 40-солаи Душанбе мегӯяд, ки дар ду ҳафтаи ахир ҳамарӯза дар роҳ ба кор ва баръакс дар дохили мошинаш ба роҳатӣ аз мавҷи 106.8 FM таронаҳо ва ахборро ба забони модариаш гӯш медиҳад. Вай гуфт, ки дар гузашта таронаҳои узбакиро дар дохили мошинаш тавассути фиттаву дискҳо гӯш мекард ва ҳоло шонси шунидани на танҳо мусиқии навтарин, балки хабарҳои тозаро аз Узбакистон дорад.

Вай гуфт: “Тақрибан 25 сол буд, ки имкони дар дохили мошин шунидани барномаҳои радиоӣ ба забони узбакии модарии худро надоштем. Бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев ва беҳбуди робитаҳои миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, ахиран ба роҳатӣ метавонам дар дохили мошин сурудҳои узбакиро аз радиои “Маҳалла” бишнавам”.

Раҳима Нурматова афзуд, ки ҳарчанд дар манзилаш тавассути антенаҳои моҳвораӣ радио ва телевизиони Узбакистонро тамошо мекунад, аммо ҳамакнун дар дохили мошин ҳам метавонад ахбори кишвари ҳамсоя ва оҳангҳоро ба забони модариаш бишнавад.

Зимнан, радиои давлатии Тоҷикистон ҳамарӯза тӯли як соат ба забони узбакӣ барнома пахш мекунад, вале он дар мавҷи FM қобили шунидан нест. Пахши барномаҳои телевизиони Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон низ аз соли 1992 ба ин сӯ мутаввақиф шудааст. Дар солҳои истиқлолият аксар деҳоти ҷойгир дар хати марз бо Узбакистон метавонистанд барномаҳои телевизиони ин кишварро тамошо кунанд.

Пахши барномаҳои “Маҳалла радиосӣ”: бидуни қарордод

Барномаҳои як шабакаи радиоии кишвари ҳамсоя дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле дастрас аст, ки кормандони ин шабака мегӯянд, бо ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ созише дар ин замина имзо накардаанд. Аз ҷумла, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Тошканд як намояндаи ин радио, ки нахост номашро зикр кунад, гуфт,“мо барои пахши барномаи радиои худ дар Тоҷикистон ҳеҷ иқдом ё дархости расмие накардаем. Танҳо ахиран дар вилояти Сурхандарё фиристандаи наву қавие насб кардем”.

Вай гуфт, ки эҳтимолан мавҷи қавии ҳамин фиристанда тавонистааст дар фосилаи даҳҳо километр дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон ҳам қобили шунидан бошад.

Мақомоти тоҷик: "Мавзуъро таҳқиқ мекунем"

Зимнан, Радиои “Маҳалла” соли 2015 фаъол шуда, дафтари марказиаш дар шаҳри Тошканд воқеъ аст. Ба гуфтаи масъулони ин шабакаи радиоӣ, барномаҳои ин радио аз пойтахти Узбакистон пахш шуда, тавассути фиристандаҳо дар ҳама манотиқи ин кишвар пахш мешавад. Барномаи Радиои “Маҳалла” асосан тафреҳӣ буда, бештар ахбори иҷтимоӣ пахш мекунад.

Дар ҳоле, ки мақомоти масъули Тоҷикистон дар бораи пахши барномаҳои радиои узбакӣ дар Душанбе иттило надоранд, Сӯҳроб Алиев, муовири раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ин мавзӯъро таҳқиқ мекунад.

Феълан дар шаҳри Душанбе дар мавҷи FM дастикам 7 радиои давлативу хусусӣ, бо шумули як радиои Русия қобили шунидан аст. Мавзӯи дарёфти муҷаввизи пахши барномаҳои радиоӣ дар шабакаи FM аз мушкилест, ки солҳои 2000-ум шуруъ шуда то имрӯз аризаи даҳҳо расона барои дарёфти муҷаввиз рад шудааст.

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

Коршиносон мегӯянд, мақомот дар Тоҷикистон аз афзоиши шумори радиоҳои FM ба хотири ҷилавгирӣ аз таблиғоти сиёсӣ ҷилавгирӣ мекунанд ва ҳар шабакае, ки ҳақи фаъолиятро дарёфт кардааст, барои дарёфти иҷозаи расмӣ солҳо мунтазир мондааст. Ба бовари коршиносон, эҳтимол аст, ки дар шароити беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон Душанбе ба манъи пахши барномаҳои радиои кишвари ҳамсоя иқдом накунанд.

Истиқбол аз имкони шунидани радиои узбакзабон

Рустам Гулов, таҳлилгар ва корманди созмони амрикоии “Интернюс” дар Тоҷикистон аз имкони шунидани як радиои узбакзабон дар кишвар истиқбол кард. Зеро вай муътақид аст, ки мафҳуми озодии баён марз надорад ва аққалиятҳои миллӣ ҳаққ доранд ба расонаҳои кишвари аҷдодии худ дастрасӣ дошта бошанд.

Ҷаноби Гулов афзуд: “Ин ки узбактаборони Тоҷикистон ба Радиои “Маҳалла” дастрасӣ пайдо карданд, барои амнияти иттилоотии кишвар ҳеҷ хатаре надорад. Бештаре аз сокинони наздимарзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба шабакаҳои радиоӣ ва телевизионииУзбакистон дастрасӣ доранд. Гирифтани иттилоъ ба забони модарии худ ҷузъе аз ҳуқуқи шаҳрвандон аст”.

"Ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест"

Нуриддин Қаршибоев.
Нуриддин Қаршибоев.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон 6-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки таҷҳизоти муосири мавҷпаҳнкунӣ ҳоло имкон медиҳанд, ки бештаре аз шабакаҳои радиоии Узбакистон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон қобили шунидан бошанд. Аммо ин амр ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, ба имконоти молӣ ва фаннии шабакаҳои Узбакистонӣ вобаста аст.

Вай гуфт: “Бо назардошти беҳбуди равобити миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ду соли ахир қобили дарёфт шудани мавҷҳои шабакаи радиоии кишвари ҳамсоя дар маркази Тоҷикистон тааҷҷубовар нест. Аммо ба шарте, ки ин барномаҳои радиоӣ ғаразҳои сиёсӣ надошта бошанд. Бо ин вуҷуд, бар ин назарам, ки ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст тавассути шабакаҳои радиоии давлативу ғайридавлатӣ ҳаҷми барномаҳо ба забони ӯзбакиро афзоиш дода, ба ин васила ниёзҳои ӯзбактаборони кишварро бароварда созад”.

Зимнан, тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистони иборат аз беш аз 8 миллион ҷамъият, ҳудудан 1 миллион узбактаборон зиндагӣ мекунанд. Робитаҳои миёни ин ду кишвар дар солҳои раҳбарии Ислом Каримов дар Узбакистон рӯ ба сардӣ ниҳода, баъди сари қудрат расидани Шавкат Мирзиёев заминаҳои беҳбуди муносибатҳо фароҳам шудааст.

Дар пайи афзоиши барномаҳои ҳамкории фарҳангиву иқтисодӣ дар як соли охир, иҷозати фурӯши китобҳои тоҷикӣ дар дӯконҳои шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва иқдомҳои дигар, Душанбе ба сафари қарибулвуқӯи президент Шавкат Мирзиёев омода мешавад. Санаи дақиқи сафар маълум нест, вале аз назари бисёриҳо ин сафар метавонад барои тақвияти робитаҳои ҳамсояҳои наздик мусоидат кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG