Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон хостори фурӯши китобҳои тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро шуд


Узбакистон пешниҳод кардааст, ки дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро фурӯши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин ин кишвар хостори фурӯши китобҳо бо забони узбакӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин пешниҳоди ҷониби Узбакистонро як масъули Оҷонсии табъу нашр ва иттилооти ин кишвар ба мақомоти тоҷик, ироа кардааст.

Дар даврони ҳукумати Ислом Каримов адибони Тоҷикистн ва Узбакистон тақрибан ба ҳам равобит надоштанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 10 узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ҳастанд, ки ба забони узбакӣ эҷод мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, Мизроб Мавлонов, муовини аввали директори Оҷонсии табъу нашр ва иттилооти Узбакистон дар мулоқот бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфтааст, ин кишвар хостори фурӯши китобҳои адибони тоҷик дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро мебошад.

"Муовини аввали директори Оҷонсии табъу нашр ва иттилооти Ҷумҳурии Узбакистон Мизроб Мавлонов пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон фурӯши китобҳои узбак ва дар Узбакистон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро фурӯши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад",-афзуд манбаъ.

Фурӯши китобҳои адибони тоҷик дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро, ки аслан тоҷикнишин мебошанад, аз дархостҳое буд, ки солҳо зиёиёни тоҷик барои амалӣ шудани он талош мекарданд. Муносибати сарди Тоҷикистон ва Узбакистон дар замони ҳукумати Ислом Каримов ба ин иҷозат намедод. Дар пайи беҳ шудани равобити ду кишвар ин нахустин бор аст, ки ҷониби Узбакистон мехоҳад китобҳои адибони тоҷик дар ин кишвар ба хонандагон пешниҳод шаванд.

Шаҳри Самарқанд.
Шаҳри Самарқанд.

Дар даврони ҳукумати Ислом Каримов адибони Тоҷикистн ва Узбакистон тақрибан ба ҳам равобит надоштанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 10 узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ҳастанд, ки ба забони узбакӣ эҷод мекунанд. Зимнан, Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон низ ният дорад, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои адабии миёни ду кишвар бо созмони адибони Узбакистон дар Тошканд созишномаи нави ҳамкорӣ ва мубодилаҳои адабӣ имзо кунанд.

Тоҷикистону Узбакистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, каме об шуд. Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, дар кишварҳои ҳамдигар намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG