Ҳудуди 50 ҳазор китобҳои мухталифи бадеиву илмӣ ва таълимӣ аз ноширони дохилӣ ва 10 кишвари дунё дар Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии китоби Душанбе ба маъраз гузошта шуданд. Барои бори нахуст ноширони китоб аз Узбекистон дар чунин як намоишгоҳ ширкат доштанд ва ҳудуди 300 китоб бо забонҳои узбекӣ ва тоҷикиро ба намоиш гузоштанд.
Шуморе аз соҳибназарон, камтаваҷҷӯҳии сокинон, ба вижа кӯдакон ва ҷавонон ба китобхариву китобхониро марбут ба таблиғи заъифи фарҳанги китобхонӣ медонанд.
Ин намоишгоҳи бузурги китоби Душанбе дар ҳоле баргузор мешавад, ки хонандаи тоҷик, ба хусус ҷавонон чандон талош ва завқи дарёфти китобро надоштанд.
Теъдоде ин камтаваҷҷӯҳии ҷавонон ба китобро гаронии қимати он унвон карданд. Аммо Ҳотами Ҳомид, узви кумитаи баргузории Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии китоби Душанбе гуфт, қимати китобҳо вобаста ба чопу сифат гуногун аст, вале хонандагони асил новобаста ба ин, китобҳои дилхоҳи худро хариданд.
Ҳусайн Маҳмудов, як донишҷӯ мегӯяд, аз рӯи мушоҳидаҳое, ки ӯ дошт, теъдоди китобҳои тозанашр дар ин намоишгоҳ кам ба назар мерасид ва аксари нашриётҳои дохилӣ китобҳоеро, ки соли гузашта ба намоиш гузошта буданд, боз ба намоиш баровардаанд.
Теъдоди дигар камтаваҷҷӯҳии сокинон, ба вижа кӯдакон ва ҷавонон ба китобхариву китобхониро марбут ба таблиғи заъифи фарҳанги китобхонӣ медонанд. Ба бовари Фирӯза Раҳматуллоева, корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон, "тарғиботи китоб бояд ба дараҷае бошад, ки таваҷҷҷуҳи мардумро ба китобу китобхонӣ афзояд. Ё ин, ки китобҳо марбут ба ҳар синну сол, ба сатҳи онҳо навишта шавад."
Муаллифони китобҳо иллати аслии таваҷҷӯҳи ками махусан ҷавонон ва мактаббачаҳо ба китобро ба адами фарҳанги китобхонии волидайни онҳо марбут медонанд. Ба қавли онҳо, махсусан дар замони рушди бесобиқаи фанновариҳо, ки як василаи танг шудани мавқеи китоб низ ба шумор меравад, аз даст додани фарҳанги китобхонӣ, дар маҷмӯъ суқути фарҳанги миллат аст.
Мирзо Шукурзода, нависандаи тоҷик мегӯяд, ки "аввал бояд падару модар, завқи китобхонии фарзандашонро тарбият кунанд, худашон китобхон бошанд. Дигар ин, ки фановариҳои нав назири компютеру интернет, бачаҳоро ҷоду мекунад. Падару модар бояд як фосилае байни ин фановариҳо ва фарзандон гузоранд. Сеюм, мушкилоти иқтисодӣ аст ва мардум пулу сарвате надорад, ки ҳар рӯз китоб бихаранд."
Дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе чанд кишвари хориҷӣ аз ҷумла "Гӯшаи амрикоии Тоҷикистон" тасмим гирифтаанд, ки дар интиҳои намоишгоҳ китобҳои ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ нашркардаро, ки ба намоиш гузошта шуда буд, ройгон ба хонандагон тақсим кунанд.
Ба фикри банда ин казия вобаста ба вазъи оилавии ин хохари мехрубон вобастагии зич дорад. Худо рахмат ва махфиратшон гардоданд, хонаи охираташонро обод созад.
Хами мардуми мусулмони мо руш дар кавр, немис дар мохи Рамазон билети самалётро баро мусулмонон дар Рамазон арзон мекунад.
Вазир корхои дохили началник милиса истехфо тие.
Кисазани кисабурри ва умуман беинсофии саросарии мардум зиндагиамонро бароямон чунин мушкил сохтааст.Соли 2000 бахши хизби кунун дар кишвар мамнуи нахзати ислом дар дехаи Чоркухи Исфара икдоми хеле начиб ба рох монда бо усули конкуренция нархи гуштро хеле хуб поен фаровард.Аммо мансабдорони хурд худашон ба назди гуштфурушони нахзати омада хохиш намуданд ки ба кори кассобон мушкили эчод накунед.Ана ебеде гиред...
Хай ак ама медона ки да боло калаварамо зёдан. Э бродарои боло ба гуфтану фармонкни нарх реглровка карда намешава. Ин рохош дигарай, камтарк савод дорен ё не.