Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо китоби хонданӣ дар Тоҷикистон ба коми ташноб меравад. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон, ки нигарониҳо аз камбуди талабот ба китоб зиёд буд, акнун баръакс афзоиши харидорони он мояи ташвиши масъулони китобхонаҳо шудааст. Барои таҳияи коғази ташноб ҳоло дастандаркорони ин тиҷорат дар ба дари китобхонаву дӯстдорони китоб гашта, бар ивази ҳар килои он 1 сомонӣ пешниҳод мекунанд.

Тасаввур кунед, барои як кило китоб 1 сомонӣ ва ё 1 сомониву 20 дирам пешниҳод мекунанд. Бо як маблағи ночиз асареро, ки дар тарбияи як инсони комил нақш дорад, аз байн мебаранд

Кормандони коргоҳҳои коғази ташноб ҳафтае се дафъа меҳмони китобхонаи Абулқосим Лоҳутии пойтахт мешаванд. Аббосалӣ Давлатов, як масъули китобхона, рӯзи 3-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди посухи рад, тоҷирони коғази ташноб умеди худро аз ин муассиса намекананд.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, коргоҳҳои истеҳсоли коғази ташноб барои рушди тиҷорати худ як бахши муҳими фарҳанг, яъне китобро дар рӯ ба рӯи хатар қарор додаанд. Асарҳои классикони форсу тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ, ки дар сад соли ахир дар хонаву китобхонаҳо маҳфӯз буданд, акнун осон ба коми ташноб мераванд. “Тасаввур кунед, барои як кило китоб 1 сомонӣ ва ё 1 сомониву 20 дирам пешниҳод мекунанд. Бо як маблағи ночиз асареро, ки дар тарбияи як инсони комил нақш дорад, аз байн мебаранд”, - мегӯяд Аббосалӣ Давлатов.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Онҳое, ки қадру манзалати китобро медонанд, албатта, ба ин пешниҳодҳо дода намешаванд, вале кам нестанд афроде, ки ба хотири беҳтар кардани зиндагии худ ё холӣ кардани хона аз китобҳои кӯҳна розӣ мешаванд бо маблағи ночиз ҳам онҳоро бифурӯшанд.

Дар тӯли 25 соли охир китоб дар Тоҷикистон сарнавишти талх дошт. Саҳифаҳои китобҳои нодир барои носфурӯшӣ, печонидани мева, тухми офтобпараст ва тиҷоратҳои дигари сарироҳӣ истифода шуд. Ҳоло навбат ба ташноб расид. Тавре мушоҳида мешавад, тиҷорати китоб маҳз ба хотири тайёр кардани коғази ташноб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар гарм шудааст.

Елена Маҳкамова дар бозори “Ганҷина”-и пойтахти Тоҷикистон ба фурӯши китобҳои кӯҳна машғул аст. Ӯ гуфт, борҳо бо тоҷироне, ки ба истеҳсоли коғази ташноб машғуланд, даст ба гиребон шуда, ин рафторашонро танқид кардааст. “Аммо бисёре аз мардум аз мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ китобу адабиёти заруриро ба нуқтаҳои истеҳсоли коғази ташноб ба маблағи ночизе месупоранд”, - гуфт ӯ.

Бо ҳадафи аз наздик ошно шудан бо ин тиҷорати нав ба чанд коргоҳи истеҳсоли коғази ташноб дар шаҳри Душанбе сар задем. Аммо коргоҳҳо баробари дидани дурбини хабарнигор аз сӯҳбат даст кашида ва моро ба берун "гусел" карданд. Ҳамин чанд лаҳза кофӣ буд, дар ғарами китобҳо асарҳои нодири классикони адабиёти тоҷику форс ва асарҳои ҷаҳониро, ки насли нав ба онҳо ниёз дорад, бубинем.

Дастандаркорони ин тиҷорат эътироф карданд, ки китобҳои мухталиф ва нашрияҳои куҳнаро дар тавлиди коғази ташноб истифода мебаранд. Корманди яке аз ин коргоҳҳо дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, саҳифаҳои китоб барои истеҳсоли коғази ташноб беҳтарин маҳсулот аст.

Таҳлилгарон дар беқадр шудани китоб ҷомеаро низ гунаҳкор медонанд, ҳарчанд эътироф мекунанд, ки оилаҳои камбизоат ба нон бештар аз китоб ниёз доранд. Ба гуфтаи онҳо, маҳз дурӣ ҷустан аз китобу китобхонӣ боис шуд, ки асарҳои зиёд солҳову моҳҳо дар рафи дӯконҳо ва китобхонаҳо бекор хобид ва дар ниҳоят бо як маблағи ночиз ба дасти истеҳсолкунандагони коғази ташноб афтид.

Азизи Нақибзод
Азизи Нақибзод

Азизи Нақибзод, хабарнигор ва дӯстдори китоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ҳоле ки волидон барои фарзанди худ як китоби 12 сомониро гарон гуфта намехаранд, аммо телефони аз 500 то 1000-сомонӣ гирифта медиҳанд, пас, инҷо айби ҷомеа аст, ки китоб ҳам беқадр шудааст”. Вале Нақибзод мегӯяд, набояд китобҳои нодиру гаронарзиши устодони классику форс бо ин роҳ ба нестӣ равад.

Баъзе аз ҳамсӯҳбатҳои мо мегӯянд, ки Тоҷикистон бузургтарин китобхона сохтааст ва талош дорад ҷомеаро китобхон кунад, аз ин рӯ мантиқӣ мебуд, ки барои аз ташноб ҷон ба саломат бурдани асарҳои муҳим онҳоро аз мардум харидорӣ кунад.

Дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсоли коғази ташноб фаъолият дорад, ки аксараш коргоҳҳои хусусиянд ва дар манзили шахсии бунёд ёфтаанд. Дар бозорҳои кишвар ҳам сифат ва арзиши ин коғазҳо аз ҳам ба куллӣ фарқ мекунанд. Арзиши ҳар донаи коғази ташноб вобаста ба сифат дар бозорҳои кишвар аз 50 дирам то беш аз 1 сомонӣ фурухта мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG