Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каролайн Эден: "Меҳмоннавозӣ дар хуни тоҷикон аст"


Каролайн Эден дар Самарқанд
Каролайн Эден дар Самарқанд

Як китобе дар бораи ғизоҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ки анвои гуногуни хӯрокҳои миллии Тоҷикистон низ дар он шомил аст, як ҷоизаи мӯътабари ин кишварро ба даст овард.

Анҷумани адибони китобҳои ошпазӣ дар Бритониё, рӯзи 24-уми июн дар як ҳамоиш дар шаҳри Лондон китоби “Самарқанд. Дастуруламали ғизо ва достонҳо аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз”- ро (Samarkand: Recipes & Stories from Central Asia & The Caucasus) аз миёни се китобе, ки ба марҳилаи ниҳоӣ расиданд, китоби аввалин интихоб кард ва ҷоизаи китоби беҳтарин дар бахши китобҳои ошпазӣ ва саёҳатнома дар соли 2017 эълон кард.

Дар маросиме, ки шом сурат гирифт, ҳудуди 300 нафар аз адибони китобҳои ошпазӣ, хабарнигорон ва меҳмонон ҳузур доштанд. Китоби мазкурро Каролайн Эден ва Элеанор Форд, хабарнигор ва нависандаи бритониёӣ баъди сафарҳои тӯлонӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва аз ҷумла Тоҷкистон навиштаанд.

Ғизоҳои содда, вале болаззат

Каролайн Эден, яке аз муаллифони китоб рӯзи 25-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин китоб, бар иловаи сафаргуфтаҳояш дар бораи Тоҷикистон, даҳҳо навъи ғизоҳои тоҷикӣ ва дастуруламали таҳияи онҳоро ҷой додаанд. Ончӣ ки ба Каролайн Эден, бештар аз ҳама хуш омадааст, ҳамон ғизои соддаи тоҷикӣ, шакароб аст, ки бештар тобистонҳо мардум истеъмол мекунанд.

“Ин мисли салади маъмулӣ аст, вале таркибаш фавқуллода ҳайратовар аст, помидори тоза ва дигар сабзиҷоти органикӣ дорад. Ман онро дар Панҷакент хӯрдам ҳангоми сафар ба Самарқанд. Ин як таоми бисёр содда аст, вале таркибаш фавқуллода хуб аст” -мегӯяд, Каролайн Эден.

Мардум аксаран чизи зиёде надоранд, вале фавқуллода халлоқ ҳастанд, ки метавонанд, хонаводаро бихӯронанд.

Дар китоб навъҳои гуногуни палав, самбӯса ва шӯрбоҳои тоҷикӣ ва ҳам дигар кишварҳои Осиёи Марказиро шомил кардаанд ва таркиби ҳар яке аз онҳо ва усули омода кардани он низ нишон дода шудааст. Каролайн Эден, ки зиёд сафар кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди онки мардуми Тоҷикистон камбизоат ҳастанд, аммо аз ҳамон чизе, ки доранд, таоми болазззат омода мекунанд.

“Тоҷикистон кишвари дастнохӯрда ва кӯҳистонӣ ва бисёр зебост аст, ки ҳама чизаш табиӣ мондааст. Чизҳои зиёди зебо дорад ва албатта мардум камбизоат ҳам ҳастанд. Мардум аксаран чизи зиёде надоранд, вале фавқуллода халлоқ ҳастанд, ки метавонанд, хонаводаро бихӯронанд. Нишастан сари дастурхон чӣ дар русто ва чӣ дар шаҳр бисёр тасхиркунанда аст”- мегӯяд, Каролайн Эден.

Меҳмоннавозӣ дар хуни тоҷикон аст

Нависандаи бритониёӣ аз меҳмоннавозии тоҷикон бисёр ситоиш кард, ки ҳарчӣ ки доранд, бо меҳмон тақсим мекунанд ва дар китобаш ҳам навиштааст, ки “меҳмоннавозӣ дар хуни тоҷикон аст.”

Китоби “Самарқанд. Дастуруламали ғизо ва достонҳо аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз”, ки як навъ тарғиби табиату ғизоҳои Тоҷикистон барои ҷомеаи ғарбӣ аст, дар ҳоле чоп шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон, саъй доранд, саёҳӣ дар кишварро инкишоф бидиҳанд. Ба гуфтаи Каролайн Эден, яке аз мушкилоти аслие, ки ӯ дар Тоҷикистон ба ҳайси сайёҳ доштааст, харҷи зиёд барои маводи сӯхт аст.

“Мушкилӣ қимати бензин аст, ман намедонам онро чӣ гуна ҳал карда метавонанд. Ҷавонони зиёде ба Помир сафар мекунанд, чун минтақаи мушкилгузаре ҳаст ва аз як ҷо ба ҷойи дигар пиёда мераванд. Шароити иқомат ҳам бисёр оддӣ аст. Иқомат масъала нест, чун сайёҳ мехоҳад ҷое биистад, ки муошират кунад ва ошно шавад. Аммо масъала нақлиёт ва маводи сӯхт аст, ки барои он садҳо доллар харҷ мешавад. Ман худам ба ин мушкил борҳо гирифтор шудаам” – гуфт Каролайн Эден.

Вале бо вуҷуди ин Каролайн Эден эътироф мекунад, ки агар ба Осиёи Марказӣ ҳам биравад, дигарбора Тоҷикистонро интихоб мекунад, чун ба гуфтаи ӯ шефтаи “меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии” тоҷикон шудааст.

Китоби “Самарқанд. Дастуруламали ғизо ва достонҳо аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз” аввалин китоби ошпазӣ нест, ки соҳиби ҷоиза мешавад. Аз ин пештар дар як озмуни байналмилалӣ дар Чин “Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ”-и чопи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон, дар бахши китобҳои ошпазӣ ҷоизаи “Беҳтарин дар ҷаҳон”-ро ба даст овард. Ин ҷоизаро аввали ҳамин моҳ ба муаллифонаш супурданд.

XS
SM
MD
LG