Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз палав... Навбати қурутоби "ҷигарӣ". ВИДЕО


Сокинони 30 маҳаллаи шаҳри Қӯрғонетппа – маркази вилояти Хатлон – барои таҳияи беҳтарин навъи қурутоб тӯли як моҳ миёни ҳам рақобат карданд. Салима, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, рӯзи 24 феврал гуфт, ба ин озмун навъи ғайримаъмулии қурутобро пешниҳод карда буд, ки худаш онро "ҷигарӣ" меномад. "Барои он ҷигарист, ки ба болои фатиру равған ҷигари бирён ҳам илова мешавад. Ба ҳайрат овардани муштарӣ як ҷузъи муҳими истеъдоди кадбону бояд бошад", - мегӯяд ӯ.

Зарфи қурутоб гоҳо миёни ҳаводорони ин навъи таом чизи муҳим дониста мешавад ва ба назари онҳо, таъми ин таом низ аз он вобаста аст.

Рақобати ду насл

Ин озмун ду наслро дар рақобати ҳам қарор дод. Хадиҷа Исмоиловаи 69-сола, сокини маҳаллаи "Ғайрат"-и шаҳри Қӯрғонтеппа, баръакси онҳое, ки ба қурутоб навгонӣ ворид мекунанд, таҳияи қурутобро бо шеваи қадимӣ меписандад. Ӯ гуфт, "набояд таркиби қурутоб тағйир ёбад, яъне маҳлули қурут, фатир ва равған бошад ва пиёзи реза."

Хадиҷа Исмоилова ба ин назар аст, ки омода кардани қурутоб бо усули қадимӣ, бахше аз боварҳои мардумист. Ба бовари ӯ, танҳо аз равғане, ки аз шири гов ҳосил мешавад, дар пӯхтани фатир бояд истифода шавад ва болои таом низ ин равғанро бояд бирезанд. "Қурутоби ман аз қурут, қоқфатир ва равғани хонагӣ, яъне равғани гов омода шудааст. Боз ба болояш сабзавот ҳам гузоштем, то ки хушхӯр мешавад. Ҳоло ин намуди ғизо бо шеваҳои мухталиф омода мешавад, ки дар қадим онро танҳо дар замистон барои мардҳо омода мекардаанд", - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Баъд аз палав... Навбати қурутоби "ҷигарӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

"Дил кандан осон набуд..."

Чунин боварҳое ҳам миёни тоҷикони кӯҳистон роиҷ будааст, ки дар фаслҳои алоҳида ё ид ғизои махсус бихӯранд. Ба таври мисол, дар зимистон ва арафаи баҳор ба хотири нигоҳ доштани насли ҳайвон, аз хӯрдани гӯшт парҳез мекарданд ва ба эътиқоди онҳо, ин замони риояи ҳуқуқи ҳайвон будааст. Дар қурутоб низ аксаран мардуми кӯҳистон гӯшт намеандозанд. Ин анъана бо мурури замон дар ҳар маҳалла ба гунаҳои мухталиф тағйир ёфтааст.

Дар Тоҷикистон маъмулан қурутобро занҳо омода мекунад. Аммо барои Саидҷон – сокини маҳаллаи "Баҳор"-и Қӯрғонтеппа – бо дасти худ омода кардани он лаззати дигар дорад. Саидҷон дар ин озмун ҷойи саввумро соҳиб шуд ва 1000 сомонӣ ҷоиза гирифт. Ҳамин тавр, қурутоби сокинони маҳаллаи "Ваҳдат 2"-и шаҳри Қӯрғонтеппаро ҳайати доварон сазовори ҷойи аввал дониста ва маҳаллаи Навобод соҳиби мақоми дувум шуд. Бо вуҷуди эълони ғолибон, меҳмонон намехостанд макони озмунро тарк гӯянд, чунки дил кандан аз дастархон ва ҳам қурутоб осон набуд.

Қӯрғонтеппа дар вилояти Хатлон аз шаҳрҳое мебошад, ки дар он ақаллиятҳо ва намояндагони минтақаҳои мухталифи кишвар зиндагӣ мекунанд.

Зарфи якметрии қурутоб

Зарфи қурутоб гоҳо миёни ҳаводорони ин навъи таом чизи муҳим дониста мешавад ва ба назари онҳо, таъми ин таом низ аз он вобаста аст. Кадбонуҳо онро барои меҳмон танҳо дар табақи чубин ва дар бештар вақт дар табақи чормағзӣ, пешниҳод мекунанд. Ороиши дастархоне, ки дар он табақи қурутобро мегузоранд, яке аз талаботи муҳими озмун дониста мешуд.

Табақеро, ки паҳниаш аз як метр зиёдтар буд, сокинони маҳаллаи "Ғайрат"-и шаҳри Қӯрғонтеппа барои ин озмун аз минтақаи Вахёи ноҳияи Рашт овардаанд ва ин табақро танҳо мардҳо аз ҷояш ба ҷойи дигар мебаранд.

Қӯрғонтеппа дар вилояти Хатлон аз шаҳрҳое мебошад, ки дар он ақаллиятҳо ва намояндагони минтақаҳои мухталифи кишвар зиндагӣ мекунанд. Силсиламоҳ Тоҳирова, як масъули ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, онҳо талош доранд, ки беҳтаринҳоро қадрдонӣ карда ва тарзи қурутобҳоеро, ки дар ин озмун омода шудаанд, сабт созанд.

XS
SM
MD
LG