Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулрухсор: Ҳар рӯз бояд “Рӯзи китоб” бошад


Гулрухсори Сафӣ, шоири маъруфи тоҷик.
Гулрухсори Сафӣ, шоири маъруфи тоҷик.

Шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор мегӯяд, ки аз ҷашни китоб на танҳо дар як рӯзи мушаххас, балки ҳар рӯз бояд таҷлил ба амал овард ва зодрӯзи китобҳои бузурге чун "Шоҳнома" ва "Маснавӣ" низ ба феҳристи ҷашнҳо шомил шаванд.

Шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор мегӯяд, ки аз ҷашни китоб на танҳо дар як рӯзи мушаххас, балки ҳар рӯз бояд таҷлил ба амал овард ва зодрӯзи китобҳои бузурге чун "Шоҳнома" ва "Маснавӣ" низ бояд ба феҳристи ҷашнҳо шомил шаванд.

Гулрухсор, шоири саршиноси Тоҷикистон аз таҷлили “Рӯзи китоб” дар кишвар истиқбол карда ва гуфт, “мо миллати китобдору китобхону китобофар ҳастем, чаро ин ҷашн аз ҷашнҳои харбузаю карду, куртаи чакану духтарони чилгазамӯ болотар набошад”.

“Танҳо миллати китобдору китобхону китобофару китобдӯст чунин ҷашнро баргузор мекунад. Китобхонаи миллӣ намунаи ин гуфтаҳост. Танҳо миллати китобдӯст дар ҳолати душвори иқтисодӣ чунин китобхона сохта метавонад. Бояд дар Тоҷикистон ҳаррӯз "Рӯзи китоб" бошад. Зеро агар мо аз китобхонӣ мондем, аз роҳу равиш, аз зиндагӣ, фарҳанг, тамаддун ва маърифат дур мешавем. Мо на танҳо китобхон ҳастем, балки якҷо бо китоб ба дунё омадаем ва китоб офаридаем”.

Гуфта мешавад, дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор китобхонаҳои мактабӣ, деҳот, шаҳру ноҳия ва ғайра фаъолият мекарданд ва ҳоло танҳо 4 ҳазор китобхона боқӣ мондааст. Аз сӯи дигар, чопи китобҳо кам ва адади нашри онҳо шадидан коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Гулрухсор, ҳоло нашриётҳои давлатии “Адиб” ва “Ирфон” китоберо бо тиражи аз 200 то 500 адад чоп мекунанд, ки барои кишваре, ки беш аз 8 миллион аҳолӣ дорад, ночиз аст. “Маҳз китоб инсонро боло бардоштаст. Баъди нафас, озодӣ ва истиқлолият бузургтарин дастоварди инсоният китоб аст. Ҳеч чиз, на интернету телевизион, на радиою театр ҷойи китобро гирифта наметавонанд ва сарчашмаи худро аз китоб мегиранд”,-афзуд Гулрухсор.

Ба эътиқоди Гулрухсор, дар даврони истиқлолият китобхон кам нашуда, балки шумори китобҳои хуб ва китобчопкунӣ коҳиш ёфтааст. Китобҳои беарзише, ки ҳар кас бо пардохти пул чоп мекунанд, зиёд шудааст ва бояд давлат ин вазъро ислоҳ кунад.

Зимнан, дар Тоҷикистон дар рӯзи 4 сентябр бо баргузории чорабиниҳои мухталифи илмию фарҳангӣ аз “Рӯзи китоб” таҷлил мешавад. Дар иртибот ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон тадобири ҷашнии Рӯзи китоб як ҳафта идома хоҳад ёфт.

Ҷалолиддин Нуров, мудири шӯъбаи тарғибу баргузории чорабиниҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, чорабиниҳои "Рӯзи китоб" 1 сентябр бо "Ҳафтаи китоб" оғоз гардида ва тадбирҳои ҷашнӣ то 7 сентябр идома хоҳад кард.

Вай афзуд, ки “Китобхонаи миллӣ аз 1 сентябр "Ҳафтаи китоб"-ро оғоз кард, ки то 7 сентбяр чорабиниҳои илмию фарҳангӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар ин муддат дар китобхона Ҳафтаи дарҳои кушод шурӯъ гардид, ҳазорҳо нафар ҷавонону мактаббачаҳоро бо фаъолияти китобхона ва захираҳои китобу маводи нашрии он ошно мешаванд”.

Ҳамзамон, ба гуфтаи ҷаноби Нуров, маҳфилу шеъру шакари “Ҳамешабаҳор” бо ширкати сарояндагони шинохта Ҷамшед Исмоилов ва Файзалӣ Ҳасанов баргузор шуд, ки ҳудуди 2 ҳазор нафар ширкат доштанд.

Масъулони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳадаф аз таҷлили “Рӯзи китоб”-ро ба тарғибу таблиғи китобу китобхонӣ, тарбияти фарҳангии насли ҷавон ва ҷалби бештари сокинон ба китобхонаю китобхонӣ ҳисоб меёбад. Ба ин манзур дар китобхона барномаи вижаи “Биёед ба китобхона равем” дар миёни донишҷӯёну мактаббачаҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳои давлатии Тоҷикистон, “Рӯзи китоб” дар китобхонаҳои вилоятии Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шудааст.

Рӯзи 4 сентябр бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар иртибот ба рӯзи гузоштани хишти аввали Китобхонаи миллӣ дар соли 2007 “Рӯзи китоб” эълон шуд.

Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2007 оғоз ёфта, ҳазинааш зери 40 миллион доллар баровард шуда буд. Масоҳати умумии китобхона ҳудуди 45ҳазор метри мураббаъ буда, он дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳҳо ва чопхона мебошад. Дар сохтмони қадими Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ чизе дар ҳудуди 3 миллион нусха китоб мавҷуд буд.

XS
SM
MD
LG