Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин мухолифи фурӯши беиҷозати китобҳои динист


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи дини Тоҷикистон чопхонаҳои Душанбе ва вилоятҳои кишварро барои нашри китобҳои динӣ танқид кард ва гуфт, ки баъзе нашриёт ва матбааҳои давлатию хусусӣ адабиёти динӣ ва дигар маводи мазҳабиро бидуни хулосаи давлатии диншиносӣ ва хилофи талаботи қонун ба табъ мерасонанд.

Ин ниҳод ба қатъи нашри адабиёте даъват кард, ки ба гуфтаи он зидди арзишҳои мазҳаби ҳанафист.

Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 20 феврал дар ҷаласаи Кумитаи дин изҳори таассуф кардааст, ки баъзе нашриёт ва матбааҳои давлатию хусусӣ адабиёти динӣ ва дигар маводи мазҳабиро бидуни ташхиси давлатии диншиносӣ ба табъ мерасонанд.

Ҷаноби Ғиёсов аз матбааҳои Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, «М-Реал», нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, идораи корхонаҳои полиграфии вилояти Суғд, чопхонаҳои «Мушфиқӣ», «Деваштич», «Орбита», «Сафват», «Паёми ошно», «Бехатарии саноатӣ», чопхонаи муассисаи истеҳсолии «Наргис»-и ҷамъияти «Китоб»-и Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, «Графика-С», «Нур-2003», «Пайванд», «Кишоварз» ном бурда, таъкид кардааст, адабиёти динии бе ташхиси давлатии диншиносӣ чопнамудаи онҳо хилофи қонун буда, аксаран ақидаҳое ба онҳо роҳ меёбанд, ки хилофи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва асли таҳаммулпазирии динианд.

Кумитаи дин мухолифи фурӯши беиҷозати китобҳои динист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00
Линки мустақим

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, «тибқи қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ танҳо ҳуқуқ доранд корхонаи табъу нашри матолиби динӣ ва истеҳсоли маводи таълимоти диниро таъсис диҳанд. Ва адабиёте, ки ташкилоти динӣ истеҳсол мекунад, бояд тамғаи махсус бо номи пурраи ташкилоти мазкурро дошта бошад. Аммо имрӯз ҳар нафари дилхоҳ, ки шояд аз масоили динӣ маълумоти кофӣ надошта бошад, ба нашри адабиёти динӣ даст мезанад ва ин метавонад боиси сар задании ихтилофоти диниву мазҳабӣ шавад».

Дар посух ба он ки муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз нашриёти «Деваштич» низ ном бурд, Шаҳобиддини Шуҷоъ, собиқ муассиси он мегӯяд, нашриёти «Деваштич» ҳанӯз соли 2008 барҳам хӯрдааст ва имрӯз нашриёте, ки ӯ раҳбариашро бар зимма дорад, номи «Бухоро»-ро дорад. Шаҳобиддини Шуҷоъ афзуд, ҳамон чанд адабиёти диние, ки дар нашриёти «Деваштич» ба нашр расида буд, баъди ташхиси давлатии динӣ интишор гардиданд ва ин корро худи муаллифон анҷом додаанд. Шаҳобиддини Шуҷоъ гуфт, «ташхиси давлатии динӣ пулакӣ аст, аз ин рӯ худи муаллифон маблағи ташхисро пардохта, баъд китобашонро барои нашр супурда буданд». Вай гуфт, агар дар солҳои ахир касе аз номи ин нашриёт бидуни иҷозат китоб нашр карда бошад, бояд муайян карда, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Кумитаи дин мегӯяд, дар соли 2013 456 адабиёт ва варақаи диниро мавриди таҳлилу ташхис қарор дода, ба 381 адади он хулосаи мусбат ва ба 75-и онҳо хулосаи манфӣ додааст.

]Ҷаноби Ғиёсов бархе мағозаву дӯконҳои пойтахтро, ки бо фурӯши китобҳои динӣ машғуланд, низ интиқод кардааст, ки то ҳол китобҳоеро, ки аз ташхиси диншиносӣ нагузаштаанд ё аз хориҷи кишвар ворид шудаанд, мефурӯшанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар дӯконҳои китобфурӯшӣ китобҳои «Омӯзиши намоз», «Фарзи айни тоҷикӣ», «Намоз - калиди ҷаннат», «Устоди аввал», «Нурнома», «Кашкӯл», «Усули даъват илаллоҳ», «Равиши даъват ва таблиғ» ва китобҳо ба забони узбакӣ «Мен ҳам намоз ӯқийман», «Ислом дини нима?», «Қуръоннома», «Намози комил» ва даҳҳо адабиёти дигарро, ки аз тарафи нашриётҳо ғайриқонунӣ ба нашр расидаанд, ба фурӯш гузоштаанд. Кумитаи дин таъкид мекунад, ки ба ин китобҳо баҳои манфӣ додааст, вале бо ин вуҷуд фурӯши онҳо идома дорад.

Дар Тоҷикистон мавзуъҳои динӣ дар миёни мардум хонандаи зиёд доранд, аммо кумитаи дин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки бештари муаллифони ин мақолаҳо «дониши динӣ надоранд ва масъалаҳои ақидавӣ ва ихтилофиро ба хонандагон пешниҳод мекунанд, ки боиси нофаҳмиҳо дар ҷомеа ва сар задании ихтилофоти диниву мазҳабӣ мегарданд». Ҳамзамон кумита аз сомонаҳои интернетии «Васатият», «Дин», «Ақида» ном бурдааст, ки бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии динӣ ба тарғиботи динӣ машғуланд. Дар ҳамин ҳол назари кумита ба сомонаҳои интернетии динӣ баён нашудааст.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, «ҳар чизе дар доираи талаботи қонун муқаррар шудааст, риояи он ҳатмӣ аст, аммо аз ҷониби дигар давлат қонунро тавре қабул мекунад, ки ба манфиати худаш бошад».

Дар ҳамин ҳол, ахиран пулиси шаҳри Кӯлоб аз боздошти Комилҷон Файзов, имоми масҷиди кӯчаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки дар пайи амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ин масҷид зиёда аз 300 китоби динӣ ва “барангезандаи кинаву адовати миллӣ” ёфт ва мусодира шудааст. Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи Комилҷон Файзов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аммо аз он китобҳо ном бурда нашудааст.

Дар Тоҷикистон, ки таваҷҷӯҳи мардум ба мутолиаи китоб ба сурати умум хеле костааст, бозори китобҳои мазҳабӣ ҳамчунон гарм боқӣ мемонад. Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз талош доранд, то ин бозорро зери назорати бештар гирифта, аз паҳн шудани китобҳое, ки ба ақидаи онҳо, «афкори бегона»-ро таблиғ мекунанд, пешгирӣ намоянд. Аммо мунтақидон ин маъракаро аломати дигари маъракаҳои динситезӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон меноманд.
XS
SM
MD
LG