Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши рӯдакишиносон дар Душанбе (ВИДЕО)


Дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе донишмандони се кишвар порсизабон навиштаҳои худро дар риштаи рӯдакишиносӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳамоиши илмии “Рӯдакипажӯҳиш”, ки рӯзи 21-уми сентябр дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ баргузор шуд, донишмандон аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон бештар дар бораи таълифоти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сӯҳбат карданд.. Ба гуфтаи адабиётшиносон, ҳоло ҳам осори Рӯдакӣ ба таври фарогир омӯхта нашудааст ва ҳатто дастхатҳое ҳам ҳастанд, ки нисбати онҳо корҳои илмие анҷом нашудааст.

Тоҷиддин Мардонӣ, адабиётшиноси тоҷик дар ин маҳфил гуфт, ки дар китобхонаи Фаластин, ки ҳоло зери ишғоли Исроил қарор дорад, дастикам ду дасхат аз осори Рӯдакӣ вуҷуд дорад, ки дар маъхазҳои таърихии мо дарҷ нашудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Мардонӣ, бо фароҳам шудани имкони молӣ, ин дастхатҳо бояд омӯхта шаванд, “то даричаи дигаре дар роҳи омӯзиши осори Рӯдакӣ кушода шавад.”

Шамсиддини Солеҳ, донишманди тоҷик ва яке аз масъулони баргузории ин маҳфил дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд баргузор кардани маҳфилҳои илмӣ дар остонаи Рӯзи Рӯдакӣ ба ҳукми анъана даромадааст, аммо имсол дар бораи китобҳои Рӯдакӣ сӯҳбат кардани донишмандон махсус барои бештар кардани корҳои илмӣ дар ин самт аст. Ба гуфтаи Шамсиддини Солеҳ, дар назар аст, навиштаҳои ин рӯдакишиносон дар як маҷмӯае нашр ва дар ихтиёри ҳаводорони Одамушшуаро қарор бигирад.

Ҳамоиши рӯдакишиносон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Имсол дар остонаи бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчунин нашри дувуми Девони ин абармарди фарҳангу адаб бо номи “Девони Рӯдакӣ” дар нашриёти “Бухоро" бо тиражи як ҳазор нусха рӯи чоп омад. Масъулони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон мегӯянд, “Девони Рӯдакӣ" дар таҳия, тасҳеҳ ва сарсухани пажӯҳишгар ва нависандаи тоҷик Қодири Рустам омодаи чоп шудааст.

Аз соли 2002 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 22-уми сентябр зодрӯзи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - сардафтари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, шоири қарнҳои 9-10 таҷлил мешавад. Ин маърака бо номи Рӯзи Рӯдакӣ маъмулан бо баргузории конфронсҳо ва сӯҳбатҳои мизи гирд ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Фарҳангиёни тоҷик чунин тадобирро имконе барои боло бурдани ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар миёни ҷомеа ва дар амри шинохти бештари насли ҷавон аз осори ин шоири тавоно медонанд.

XS
SM
MD
LG