Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон комиссияи нави тақсими марз бо Узбакистонро эълон кард


Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор ҳайати нави комиссияи тақсим ва аломатгузории марз бо Узбакистонро муайян кардааст. Кори ин комиссия баъд аз соли 2000-ум амалан қатъ шуда буд.

Узбакистон замоне марзро минакорӣ карда буд, ки хатари аз Тоҷикистон ва Узбакистон ворид шудани гуруҳи тундрав вуҷуд дошт. Аммо ҳоло ин гуна хатар нест ва, албатта, Тошканд моил аст, ин масъала ҳал шавад.

Бино ба қарори ҳукумат, 19 мақомдори идораҳои давлатӣ шомили комиссия шуда, раёсатро муовини нахуствазир Азим Иброҳим бар уҳда гирифтааст. Ҳамчунон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, муовинони вазирони умури хориҷӣ, адлия, муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ шомили ин ҳайат мебошанд.

Дар баробари ин, ба комиссия мақомҳои баландпоя – муовини раиси вилояти Суғд, роҳбари раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ шомил ҳастанд. Кори комиссияи тақсим ва аломатгузории марзи Тоҷикистон бо ҷорӣ шудани низоми виза миёни ду кишвар ва сард шудани муносибатҳо камранг шуда буд. То охири соли 2016, замони ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон ҳайатҳои комиссияи ду кишвар бо ҳам музокирот надоштанд.

Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Аз 1284 километр марзи муштараки Тоҷикистон бо Узбакистон, бинобар иттилои охирини Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, танҳо 93 километр тақсим ва аломатгузорӣ ношуда боқӣ мондааст. Ба иттилои ҷониби Узбакистон 86 дарсади марз муайян шуда, 14 дарсад боқӣ мондааст.

Масъалаи тақсимоти марзи ду кишвар ду мушкили умда ва печидае дорад. Нахуст минакорӣ шудани қисмате аз марзаз сӯи Узбакистон, ки боис ба маргу мир ва маҷрӯҳ шудани сокинон мегардад. Дувум баҳси обанбори “Фарҳод”, ки Тоҷикистон онро моли худ медонад, аммо дар Тошканд сари соҳибӣ ба он даъво доранд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Алишер Илҳомов, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва минтақавӣ аз Узбакистон, ки айни ҳол дар шаҳри Лондон ба сар мебарад, рӯзи 30-юми нобяр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, роҳбарияти нави Узбакистон ба ҳалли ин мушкилоти куҳна, ки равобити ду кишварро доғдор мекунад, моил ҳаст. Ӯ гуфт, “Узбакистон замоне марзро минакорӣ карда буд, ки хатари аз Тоҷикистон ва Узбакистон ворид шудани гуруҳи тундрав вуҷуд дошт. Аммо ҳоло ин гуна хатар нест ва, албатта, Тошканд моил аст, ин масъала ҳал шавад. Вале ба назари ман ҳарчанд иродаи сиёсӣ дар сатҳи раёсатҷумҳурии Узбакистон дар ин бобат вуҷуд дорад, пайдо нашудани харитаи минаҳо ин корро кашол медиҳад”.

Илҳомов гуфт, дар солҳои 2000-ум минакории марз тавассути нерӯҳои хадамоти амнияти ин кишвар анҷом шуда буд ва харита низ дар дасти онҳост. Ӯ гуфт, ба эҳтимоли зиёд миёни раёсати ҷумҳурӣ ва хадамоти пурқудрати амният, ки ҳанӯз аз сиёсати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, ҳимоят мекунад, дар ин бобат мувофиқа ҳосил нашудааст ва бинобар ин қисматҳои марзи ду кишвар ҳанӯз аз мина пок нашудаанд.

Илҳомов афзуд, муҳимтарин нуктаи ихтилофи ду кишвар дар замони роҳбарии Каримов масъалаи бунёди нерӯгоҳи Роғун буд, ки Тошканд назарашро дар ин робита дигар кард ва аз мавқеи қаблиаш даст кашид. “Чун Тошканд дар масъалаи Роғун мавқеашро нарм кард, дар мавриди минаҳо низ бо Тоҷикистон созиш хоҳад кард”, - афзуд ӯ.

Узбакистон аз оғози соли 2000-ум, пас аз исёни сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев дар Тоҷикистон ва фирораш ба Узбакистон ба минакории баъзе қисматҳои марзи ду кишвар шурӯъ кард, ки тӯли 17 соли охир даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба он бархӯда фавтиданд ва ё, якумрӣ маҷрӯҳ гаштанд.

Алишер Илҳомов
Алишер Илҳомов

Аз рӯи ҳисобҳои мақомоти тоҷик, тахминан 9,5 километри мураббаъ ҳудуди марзии Тоҷикистон минакорӣ шудааст. Дар марз бо Узбакистон маконҳое минагузорӣ шудаанд, ки ҳанӯз хатти марз муайян нашудааст. Аммо дар ин ҳудуд давоми 17 соли ахир дар пайи таркиши минаҳо, 81 сокини вилояти Суғд осеб дида, 78 нафар ҳалок шудаанд.

Масъалаи дигари мавриди баҳс дар марзи ду кишвар обанбори нирӯгоҳи “Фарҳод” аст, ки обанбораш дар қаламарави ноҳияи Спитамени Тоҷикистон қарор дорад. Дар як филми мустанад, ки рӯзи 7-уми июли имсол дар вебсайти расмии Вазорати умури хориҷии Узбакистон нашр шуд, аз дӯстии халқҳои тоҷику узбак ситоиш мешуд. Аммо дар баробари ин, Илҳомҷон Неъматов, як масъули Вазорати умури хориҷии Узбакистон, иддао кард, ки обанбори «Фарҳод» ҳанӯз дар тавозуни Вазорати энержии Узбакистон қарор дорад.

Дар ин барнома гуфта шуд, ин обанбор ва нерӯгоҳ солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ (1943) бо ҷалби 7 ҳазор нафар сохта шудааст. Аз обанбори «Фарҳод» дашти Дилварзин дар Тоҷикистон ва низ вилояти Тошканд обёрӣ мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG