Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари минаҳои Узбакистон рафъ мешавад? ВИДЕО, САДО


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон имсол дар шимоли кишвар ба гузоштани нишонҳои нави огоҳкунанда аз минҳои марзии Узбакистон, шурӯъ мекунад. Бо вуҷуди рӯ ба гармӣ овардани муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбакистон ва омодагии ҷонибҳо ҷиҳати барчидани минаҳои марзӣ, то кунун иқдоми амалие дар ин самт оғоз нашудааст.

Хатари минаҳои Узбакистон рафъ мешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим

Масъулони бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Хуҷанд мегӯянд, дар се соли охир дар хатти марзӣ байни Тоҷикистону Узбакистон дар қисмати вилояти Суғд, ягон нафар аз таркиши мина кушта ё маҷруҳ нашудааст. Аммо онҳо таъкид мекунанд, ки барҷо будани минаҳо, сокинонро водор мекунад аз эҳтиёт кор бигиранд ва ба хати марзи эҳтимолӣ, ворид нагарданд.

Мавзӯи огоҳонидани сокинон аз хатари хатти марзи минакоришуда ва эҳтиёт аз бархӯрд ба минаҳо, дар як ҳамоиш дар бахши суғдии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Хуҷанд матраҳ гардид. Ин ҳамоиш ҳафтаи гузашта бо ширкати масъулон ва бархе ихтиёриёни ин ҷамъият, намояндагони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳукуматҳои ноҳияҳои марзӣ дар дафтари ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Хуҷанд баргузор гардид.

Парвиз Ҷабборзода, раҳбари бахши ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, огоҳонидани аҳолӣ аз хатари мина умдатан тавассути паҳн кардани варақаҳо ва гузоштани нишонҳои эҳтиётӣ аз қадам гузоштан ба майдонҳои минакоришуда, роҳандозӣ мешавад. Ӯ афзуд : "Ҳозир мо ба Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо дархост пешниҳод намудем, ки ҷиҳати гузоштани 1500 нишони огоҳкунанда дар шаҳру ноҳияҳои бо Узбакистон ҳаммарзи Тоҷикистон дастгирӣ намоянд. Умедворам ин корро анҷом медиҳем."

Хатари минаҳои Узбакистон рафъ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Бар пояи маълумоти бахши суғдии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, то соли 2013 142 сокини марзии Суғд аз таркиши минаҳои марзии Узбакистон куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Охирин таркиш соли 2013 дар хатти марзи Исфара рух дода буд ва тайи солҳои баъдӣ ҳодисаҳои дигари таркиши минаҳо ба қайд гирифта нашудааст.

"Аз рӯи назарсанҷиҳои ҷамъияти мо, солҳои охир сокинони марзӣ тавассути варақаву нишонҳои огоҳкунанда аз мавзеъву майдонҳои эҳтимолии минкоришуда бохабар шуданд ва дигар аз ворид шудан худдорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, хушбахтона дар санд соли охир таркиши минаҳо дар марз дигар ба гӯш намерасад",-афзуд ӯ.

Ба қавли ӯ, ин барномаи огоҳонидани сокинони марзӣ аз таркиши минаҳои марзии Узбакистон бо дастгирии молии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон Исфара, Панҷакент, Ашт ва Конибодом аз соли 2014 то ҳол идома дорад. 12 ихтиёрии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ҷиҳати пиёдасозии ин барнома кор мебаранд. Онҳо байни аҳолии наздимарзӣ варақаҳои огоҳкунанда аз хатари таркиши минаҳои марзиро паҳн мекунанд ва бо мусоидати ҳукуматҳои маҳаллӣ нишонҳои огоҳкунанда мегузоранд.

Узбакистон бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳудуди 900 километр марзи муштарак дорад. Ҳашт ноҳияи минтақаи шимолии Тоҷикистон бо ин кишвар ҳаммарзанд, вале майдонҳои минакоришуда бештар дар шаҳрҳои Исфараву ва Панҷакент аст.

Узбакистон харитаи мавзеъву майдонҳои минкоринамудаи худ дар минтақаи марзиро дар то кунун дар ихтиёри Тоҷикистон нагузошта, ҳаҷми майдонҳои минкоришударо низ ошкор накардааст. То кунун бинобар мушаххас нашудани хатти марз миёни ду кишвар, ҷониби Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад ин минтақаро аз минаҳо тоза кунад.

Мушкили калидӣ барои мақомоти тоҷик дар набуди харитаи майдонҳои минакоришуда аст, ки дар давоми 17 соли охир ҳеҷ гоҳ дастрас нашудааст. Талоши миёнҷигарии созмонҳои байналмилаӣ миёни ду ҳамсояи наздик ҳам дар ин замина бенатиҷа анҷомидааст.

Вале аз рӯи ҳисобҳои мақомоти тоҷик, тахминан 9,5 километри мураббаъ ҳудудҳои марзии Тоҷикистон бо Узбакистон минакорӣ шудааст. Ҳамчунин ҷойҳое минагузорӣ шудаанд, ки ҳанӯз хати марз муайян нашудааст. Аммо дар ин масоҳат давоми 15 соли ахир дар пайи таркиши минаҳо, 81 сокини вилояти Суғд осеб дида, 78 нафар ҳалок шудаанд.

XS
SM
MD
LG