Пайвандҳои дастрасӣ

Қитъаи “Шӯрообод – Шоҳон” дар шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мавриди истифода қарор гирифт. Ин маросим рӯзи 13-уми сентябр бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Агар шоҳроҳи Кӯлоб –Хоруғ -Мурғоб марзи Чин пурра тармим шавад, ин ҳам роҳро кӯтоҳ мекунад ва ҳам содироту воридоти мол аз Чин арзону бехатар хоҳад буд

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, барои анҷоми ин тарҳ 93 миллион доллар сарф шуда, 40 километр роҳ ва 10 пул мавриди истифода қарор гирифт. Ин тарҳ бо маблағи қарз ва кумакҳои Бонки Исломии Рушд, инчунин, Фонди Саудии Рушд, Фонди Кувайтӣ, Фонди Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ – ОПЕК ва Фонди Абу-Дабӣ бунёд шудааст. Дар сохтмони ин роҳи байналмилалӣ ҳукумати Тоҷикистон низ то ҳадде сармоягузорӣ кардааст.

  • Дар ин рӯз, ҳамчунон сохтмони қитъаҳои дигари ин шоҳроҳ Кӯлоб – Шӯрообод ва Шкев – Қалъаихумб оғоз гардид. Тоҷикистон аз соли 2005 раҳоии кишвар аз бунбасти коммунискатсиониро яке аз ҳадафаҳои стратегии худ қарор додааст. Дар ин росто кишвар чанд дастоварде дошт, ки муҳимтаринашро коршиносон сохтмони нақби “Истиқлол” ва “Шаҳристон” ва таҷдиди роҳи марказ - шимол медонанд, ки равуо ва боркашониро дар чаҳор фасли сол мумкин гардонид.

Аммо ин шоҳроҳи нав барои кишвар чӣ аҳамият хоҳад дошт? Дар ин робита бо Лариса Кислякова, собиқ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ва раҳбари Анҷумани нақлиёти байналмиллалии боркашон дар Тоҷикистон – “Аббат” сӯҳбате доштем.

Лариса Кислякова: “Ин шоҳроҳ барои Тоҷикистон дар баробари роҳе, ки ба самти Узбакистон ва шимоли ҷумҳурӣ меравад, хеле муҳим аст. Агар мо ин роҳро то ба охир, яъне то марзи Чин барқарор кунем, боркашонӣ тариқи қаламрави кишвари мо бештар мешавад. Ҳоло Чин ба низоми байналмилалии ҳамлу нақл, мавсум ба NBT, ворид шуд ва барои мо бисёр муҳим аст, ки сохтмони қитъаҳои боқимондаи роҳ низ ба зудӣ анҷом ёбад. Дар ин сурат интиқоли тамоми содироти Чин, ки ба Афғонистон ва Узбакистон тааллуқ дорад, тавассути қаламрави Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Танҳо дар ин ҳолат Тоҷикистон метавонад, воқеан, ба як кишвари транзитӣ табдил шавад. Бибинед, ҳоло қисмати борҳое, ки аз Чин тавассути Қирғизистон меоянд, як гардиши калонеро убур карда, ба шимоли Тоҷикистон – Исфара вориди кишвар мешаванд. Чунки гузаргоҳи “Қарамиқ” дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми байналмилалӣ надорад ва мошинҳои боркашон маҷбуранд, роҳи дарозеро тай карда, ба гузаргоҳи Гулистон дар Исфара худро расонанд. Агар шоҳроҳи Кӯлоб –Хоруғ -Мурғоб марзи Чин пурра тармим шавад, ин ҳам роҳро кӯтоҳ мекунад ва ҳам содироту воридоти мол аз Чин арзону бехатар хоҳад буд.”

Радиои Озодӣ: Оё барои Узбакистон ва ҳам ширкатҳои боркашони худи Тоҷикистон магар роҳи Қирғизистон ба Чин арзонтар намеафтад?

Лариса Кислякова
Лариса Кислякова

Лариса Кислякова: “Не, албатта. Боркашонӣ тариқи ин шоҳроҳ арзонтар хоҳад буд. Чунки дар Қирғизистон мушкили тамаъҷӯӣ ва ҳатто ғоратгарии комюнҳои боркашон вуҷуд дорад. Порахӯрӣ низ ҳаст. Аз ин рӯ, ширкатҳои боркашонӣ аз шароити ҳамлу нақл тариқи Қирғизистон хеле шикоят доранд, чунки гурӯҳҳои роҳзан алоҳида ба тамаъҷӯӣ машғуланд, ки харҷи боркашониро бештар мекунад. Бар замми ин, ронандагон маҷбуранд, ду марзро убур кунанд, ки ин ҳуҷҷатгузорӣ, навбатпоӣ ва ташвиши дигарро дар пай дорад. Аммо тариқи ин шоҳроҳ онҳо аз Чин рост вориди Тоҷикистон мешаванд. Ҳарчанд ин шоҳроҳ, ки дар фасли зимистон баста мешавад, дар ҳар сурат дар баҳору тобистон ва тирамоҳ боз аст. Ин се фасл мавсими аслии ҳамлу нақл аст ва мешавад дар ин муддат бахши умдаи молҳои ниёзи кишвар тариқи ҳамин шоҳроҳи дохили кишвар кашонда шавад.”

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон бо кадом навъи нақлиёт молҳоро мунтақил мекунад – автомобилӣ ё роҳи оҳан?

Лариса Кислякова: “Мо ба наздикӣ дар ин робита як таҳқиқоте анҷом дода будем. Муайян шуд, ки беш аз 90 дарсади бор ба Тоҷикистон тариқи нақлиёти автомобил кашонда мешавад. Саҳми роҳи озҳан аз 10 дарсад низ камтар аст. Албатта, ин ба шароити ҷуғрофӣ ва релефи кӯҳистони кишвар ҳам вобаста аст, ки роҳи оҳан ба ҳар ҷое намеравад. Аммо мошинҳои боркашон ба гӯшаву канор метавонанд борро зудтар расонад. Як мушкили ширкатҳои боркашони мо ин аст, ки парки мошинҳояшон куҳна шудааст. Мошинҳои боркашони ҳозиразамон ба мисли “Мерседес” ва “Ман” то 100 ҳазор евро нарх дорад. Аммо ширкатҳо ингуна маблағро дар ихтиёр надоранд. Мо ҳоло бо ширкатҳои истеҳсоли мошинҳои “Ман” дар Узбакистон барои хариди чунин мошинҳо гуфтушунид дорем, аммо нархи ҳамон низ гарон аст. Агар давлат барои ширкатҳои боркашон ягон қарзҳои имтиёздор ва ё барномаҳои лизингро барои хариди мошинҳои нав фароҳам накунад, худи ширкатҳо имкони хариди чунин мошинҳоро надоранд.”

Радиои Озодӣ: Аммо, ба назари шумо, Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлол то куҷо тавонистааст худро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кунад?

Лариса Кислякова: “Бубинед, ҳоло аз ғарб роҳ ба сӯи Узбакистон аз нав сохта шуд. То 30 дарсади борҳо тариқи ин роҳ кашонда мешавад. Дар самти шимол ҳам роҳҳо азнавсозӣ шуданд. Ба Қирғизистон роҳ боз аст. Дар ҷануб роҳ ва пул бо қаламрави Афғонистон сохта шуд. Боркашонӣ дар ин самт низ ҳаст, ҳарчанд вазъи Афғонистон ноором боқӣ мемонад. Дар сурати пурра таҷдид шудани роҳи Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб роҳи боркашонӣ ба чаҳор самти кишвар боз мешавад. Ҳарчанд ҳоло низ боркашонӣ дар ин самт ҳаст, баъзе қитъаҳои ин роҳ азнавсозиро талаб мекунад.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG