Пайвандҳои дастрасӣ

Аз баста шудани DHL ва TNT "Почтаи тоҷик" фоида дидааст. ВИДЕО


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи мутаваққиф шудани фаъолияти намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ, даромади "Почтаи тоҷик" ба таври қобили мулоҳиза, боло рафтааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳудуди ду моҳ қабл фаъолияти почтаҳои байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф кард. Аммо коршиносон мегӯянд, баста шудани почтаҳои байналмилалӣ, нишонаи рақобати носолим дар ин бозор мебошад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“274 ҳазор даромад дар ним сол”

Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, "Почтаи тоҷик" дар шаш моҳи аввали соли равон бештар аз 3,5 миллион сомонӣ хизмат расондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 274 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ширкатҳои байналмилалии муросилотиро муттаҳам кард, ки санадҳои заруриро барои сабти номи дубора, пешниҳод накарданд.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси Хадамоти алоқа, "ҳаҷми муросилоти "Почтаи тоҷик" дар ин давра тақрибан 356 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли гузашта 15 тонна зиёдтар аст."

Дар ҳамин ҳол масъулини "Почтаи тоҷик мегӯянд, ҳаҷми муросилот асосан аз ҳисоби муросилоти хориҷӣ афзоиш ёфтааст.

“Танҳо ҳуҷҷатҳои DHL дар баррасӣ аст”

Дар ин нишасти хабарӣ Ҷонибек Дадоматов, сардори раёсати танзими алоқаи Хадамоти алоқа ба мушкили пешомада барои ширкатҳои байналмилалии муросилотӣ дар Тоҷикистон, рӯшанӣ андохт. Вай аз ҷумла гуфт, раванди қабул ва таҳияи қонун “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” зиёда аз якуним солро дар бар гирифт ва дар назар буд масъалаи аз нав бақайдгирӣ ба миён биояд.

Ҷонибек Дадоматов
Ҷонибек Дадоматов

"То қабули ин қонун дар Тоҷикистон панҷ ширкат - чаҳор байналмиллӣ ва як дохилӣ кор мекарданд. Баъди қабули ин қонун, аввалин шуда "Почтаи тоҷик" муроҷиат кард ва ба қайд гирифта шуд. Аммо аз чаҳор ширкати муросилоти байналмилалӣ ҳамагӣ ду ширкат ва он ҳам пас аз чанд моҳ барои аз нав бақайдгирӣ, муроҷиат карданд",-афзуд ҷаноби Дадабоев.

Ҷонибек Дадоматов ин ширкатҳоро муттаҳам кард, ки санадҳои заруриро барои аз нав ба қайдгирӣ, пешниҳод накарданд. Вай афзуд, ки ҳоло танҳо ширкати DHL дубора санадҳояшро пешниҳод кардааст ва он дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи ҷаноби Дадоматов, дар давоми як моҳи аввали қабул, қонун танҳо КВД “Почтаи тоҷик” барои бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод кард. Ин масъули Хадамоти алоқа гуфт, ширкати DHL баъди 112 рӯз ва ширкати UPS баъди 163 рӯзи қабули қонун барои бақайдгирӣ ба Хадамоти алоқа муроҷиат карданд.

Сардори Раёсати танзими Хадамоти алоқа мегӯяд, барои фаъолияти намояндагиҳои почтаҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ягон монеа вуҷуд надорад ва агар дар доираи талаботи қонун муроҷиат намоянд ва ҳуҷҷатҳои онҳо пурра бошанд, Хадамоти алоқа онро баррасӣ карда ва ба онҳо иҷозатнома дода мешавад

“Се қадами асосӣ дар роҳи “ҳукмрон” кардани “Почтаи тоҷик”

Коршиносон мегӯянд, бастан ё маҳдуд кардани дигар ширкатҳои муросилотӣ дар бозор ва ҳукмрон кардани “Почтаи тоҷик” нишонаи рақобати носолим дар бозори Тоҷикистон аст. Ҳарчанд масъулони Хадамоти алоқа омили фаъол нашудани чор ширкати муросилотиро ба расмиёт рабт медиҳанд, аммо коршиносон мегӯянд, мақомот мехоҳанд “Почтаи тоҷик”-ро бо зӯрӣ дар бозор пешсаф кунанд.

Рустам Гулов, коршинос ва блогери тоҷик мегӯяд, манъ кардани фаъолияти ширкатҳои байналмилалии муросилотӣ дар се қадам иҷро шуд. Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, дар қадами аввал мақомот ба қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, аз ширкатҳои муросилотӣ талаб намуд, ки литсензия гиранд. То ин вақт ин ширкатҳо метавонистанд бе иҷозатнома кор кунанд.

Рустам Гулов.
Рустам Гулов.

"Баъдан дар қадами дуввум ширкатҳо ба гуфтаи худашон ариза доданд, аммо то ҳол ҳеҷ не, ки аризаи онҳо баррасӣ шуда, ба онҳо литсензия дода шавад. Сеюм, роҳ ба таври зӯракӣ бастани дарҳои онҳо ва маҷбур кардани он, ки тариқи “Почтаи тоҷик” борҳои хударо ирсол намоянд. Ин худаш яке аз роҳҳои ғайрибозорӣ ва ғайрииқтисодии мубориза бо рақибон аст,"-афзуд ҷаноби Гулов.

Ба ҳангоми баста шудани ширкатҳои муросилотӣ мақомот аз сокинон даъват карданд, ки “Почтаи тоҷик” метавонад ҷойгузини ширкатҳои дигар бошад. Аммо коршиносон мегӯянд, “Почтаи тоҷик” бо вазъе, ки дорад ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҷойгузини ширкатҳои байналмилалие бошад, ки соҳиби ҳавопаймо, киштӣ ва дигар имкониятҳо ҳастанд.

Коршиносон якбора манъ шудани фаъолияти чор ширкати муросилотиро ба рақобат тоб наовардани “Почтаи тоҷик” дар бозор арзёбӣ мекунанд. Онҳо таъкид мекунанд, ки бигузор давлат дахолат ба бозори муросилотиро кам карда, “Почтаи тоҷик”-ро хусусӣ кунад. Дар он сурат ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, дар ин бозор метавона рақобати то ҷое солимро интизор буд.

Чун ба андешаи Рустам Гулов “вақте субъекти давлатӣ шуд, албатта аз механизмҳои вазифаи худ ва аз мақоми худ истифода бурда, субъектҳои мустақилро саркӯб мекунанд.”

“Почтаи тоҷик: Ягона аз панҷгона дар бозори муросилот”

Дар пайи қатъи фаъолияти ширкатҳои байналмиллалии хаткашонӣ дар Тоҷикистон аз сӯи Хадамоти алоқа, “Почтаи тоҷик” -- ягона ширкати хаткашонии фаъол дар Тоҷикистон, боқӣ мемонад. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз рӯзи 8-уми июн фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф карда, ба дари идораҳои он муҳр зад.

Ба дунбол, ширкати давлатии «Почтаи тоҷик» ба унвонии се ширкати бузурги хаткашонӣ дар ҷаҳон -- DHL, UPS, ва TNT , ки дар Тоҷикистон низ коршарик доштанд, нома навишта, пешниҳоди ҳамкорӣ кард.

Қаблан фаъолияти почта дар кишвар бе муҷаввиз ва ё “литсензия” амалӣ карда мешуд. Ҳоло масъулияти додани муҷаввиз ба фаъолияти почтаҳо бар ӯҳдаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вогузор шудааст. Ширкати давлатии “Почтаи тоҷик” низ тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG