Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, гуфт, ки ӯву президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мушкили оби минтақаро “ҷиддӣ” баррасӣ карданд. Ӯ гуфт, Отамбоев ризоят додааст, ки ҳеҷ сохтмони нирӯгоҳ дар ҳудуди ин кишвари болооб бе иштироки Узбакистон сурат нахоҳад гирифт. Мирзиёев рӯзи 5-уми сентябр дар Бишкек гуфт, “ман комилан бо чунин мавқеъ мувофиқам. Мо якҷоя нирӯгоҳи Қамбаротаро месозем.”
Имрӯз телевизиони Қирғизистонро тамошо кардам. Мардум мегӯянд, ки наход баъди сафари президенти Узбакистон мо тавонем мисли пешина ба Андиҷон биравем? Наход ин кор имконпазир бошад? Ман мехоҳам бигӯям, ки бале, имконпазир аст!”
Президенти Узбакистон, инчунин, хабар дод, ки тарафҳо дар бораи суръат бахшидан ба сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбакистон ва роҳи мошингарди Ӯш – Андиҷон – Қошғар мувофиқат кардаанд. Шавкат Мирзиёев рӯзи сешанбе бо як сафари расмӣ вориди Қирғизистон шуд ва ӯву бонуи аввали Узбакистонро раиси ҷумҳур Алмосбек Отамбоев ва ҳамсараш Раиса Отамбоева истиқбол гирифтанд.
Шавкат Мирзиёев гуфт, қаробати бештар бо ҳамсояҳо аз авлавияти кори онҳост ва даъват кард, ки раисони вилоятҳо ва ҳокимони ноҳияҳои ду кишвар масоили мавриди назарашонро худ ҳал кунанд, на инки ишораи болоро интизор бошанд. Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ҳайати онҳоро як гурӯҳи соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунад ва афзуд, бисёр мехоҳад, тоҷирони ду кишвари бидуни кадом монеае бо якдигар дидор кунанд.
Аксҳои бештар дар инҷост:
“Агар мо ба онҳо халал нарасонем ва монеа нагузорем, онҳо ҳама корро худашон хоҳанд кард. Ман ба ин бовар дорам”, -афзуд ӯ. Вай дар идомаи ин суханонаш аз панҷ соли раҳбарии Алмосбек Отамбоев ҳам ситоиш кард ва гуфт, нуфузи Қирғизистон дар ин муддат дар сатҳи байналмилалӣ боло рафтааст. Ӯ гуфт, “он суботе, ки Алмосбек Отамбоев эҷод кардааст, кори бузург аст.”
Отамбоев дар навбати худ сафари Шавкат Мирзиёевро барои мардуми ду кишвари ҳамсоя дорои “аҳамияти таърихӣ” номид. Ӯ гуфт, мардуми ду кишвар ин сафарро бисту панҷ сол боз интизор буданд.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон изҳори умед кард, ки ин сафар чандин масоилро ҳал ва саҳифаи наверо дар муносиботи ду кишвари ҳамсоя боз хоҳад кард. Баъди анҷоми мулоқот Алмосбек Отамбоев ва Шавкат Мирзиёев дар маросими имзои чанд санади ҳамкорӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, дар ин рӯз созиши ду кишвар дар бораи марзи давлатӣ ба имзо расид.
Шавкат Мирзиёев гуфт, ки Алмосбк Отамбоев дар мулоқоти рӯзи сешанбе дар бораи гузаргоҳҳои марзӣ ҳам суҳбат кардааст. “Ман имрӯз тақрибан 20-25 дақиқа телевизиони Қирғизистонро тамошо кардам. Мардум мегӯянд, ки наход баъди сафари президенти Узбакистон мо тавонем мисли пешина ба Андиҷон биравем? Наход ин кор имконпазир бошад? Ман мехоҳам бигӯям, ки бале, имконпазир аст!” – изофа кард ӯ.
Алмосбек Отамбоев дар охир аз Шавкат Мирзиёев сипосгузорӣ кард, ки ӯро барои анҷоми як сафар ба Узбакистон даъват кардааст. Ӯ гуфт, ин даъватро бо хушҳолӣ пазируфт ва умевдор аст, моҳи октябри имсол сурат мегирад.
Отамбоев моҳи декабри соли гузашта низ бо як сафар ба шаҳри Самарқанди Узбакистон рафта, баъди гулгузорӣ дар сари қабри раиси ҷумҳури пешини ин кишвар Ислом Каримов бо Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом дода буд.
Ислом Каримов 2 сентябри соли 2016 бар асари сактаи мағзӣ даргузашт ва се моҳ баъдаш дар пайи интихоботи раёсатҷумҳурӣ нахуствазир Шавкат Мирзиёев пирӯз шуд. Мирзиёев дар як соли кораш ба ҳамкории наздиктар бо ҳамсояҳои Узбакистон даъват карда, талош кардааст сиёсати иқтисодии кишварро барои ҷаҳони беруна боз кунад.
Филмхои тасвири давом дорад. Давом дорад..
Элита дар русия бо хукуматаш дар сиесат ШАРИК аст кишри БАЙН(средний класс)аслан бо кору бори зиндагии ХУД машгулу парвои сиесат НАДОРАД он не ки от зарплаты до зарплаты от пенсии до пенсии тамоман дар сиесат БОМБА ва дар давлаташон ЧИ?!мегузарад аз забони путину пескову салавеву скабаеваву киселеву аз хамик кабил шулерони ГУЗАРО мефахманд...россия на данный МОМЕНТ дар ботлоки ЧОХИЛИЯТ по самые НЕХОЧЮ гутидааст...
Bas kuned hamin sharmandagiatonro. Digar agar gapi rost ham az televizoraton sado dihad mardum ba on bovar namekunand. Guzorishaton ghairikasbi, tuhmat va xiyonat ast.
Аз ин ҷом шунидам. Ин ҷом бо ман сухан мегӯяд. Ҷом мегӯяд Юсуфро бародаронаш зарбу шатри зиёд карда, ва ба чоҳаш андохтанд.
Ду кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати сиёсӣ хеле монанданд: эрон ва россия. Дар ҳарду кишвар истибдоду диктатура, саркӯби мухолифин, қатлу зиндону эъдом, ҳарду кишвар мардумаш қашшоқ (за чертой бедности), вале дар кишварҳои ҳамсоя ҷангҳои бемаъниро ба роҳ мондаанд, зидди ҳарду кишвар таҳримҳои байналмиллалӣ, ҳарду ҳам идаои дину арзишҳои миллӣ мекунанд ва дигар шабоҳатҳои олами вуҳуш…!