Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Туркманистон созиши ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд. ВИДЕО


Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе, ки бо имзои созишномаи ҳамкориҳои стратегии байни ду кишвари Осиёи Марказӣ анҷом шуд, зоҳиран омодагии сиёсии ҳукуматҳои ду кишварро барои оғози марҳилаи нави ҳамкориҳо ба намоиш гузошт.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 2 ноябр дар Душанбе ба зарурати тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика, ҳамлу нақл, роҳи оҳан, сохтмон, маориф ва мубориза бо таҳдидҳои амниятии муштарак таъкид шуд. Президентон гуфтанд, ки

Эҳтимоли рубарӯ шудан бо он падидаҳое, ки шояд аз Ироқу Сурия ба сарҳадҳои Тоҷикистон ва Туркманистон интиқол ёбад, ду кишварро водор кард, ки ба ҳам наздиктар бошанд. Таҷрибаи Сурия ва Ироқ нишон дод, ки имконияти худи давлатҳо барои вокуниши муносиб ба хатарҳои эҳтимолӣ чандон кифоят намекунад

ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ танҳо 32 миллион долларро ташкил додааст ва барои ду кишвари ҷойгир дар як минтақа хеле ночиз аст.

Коршиносоне, ки аз ин дидору мулоқот мушоҳида мекарданд, мегӯянд, зоҳиран баъди як соли сардии муносибатҳои ду кишвар мақомот ба натиҷае расиданд, ки равобити ду ҷониб бояд таҳрир ва аз сар гирифта шавад.

13 созиши имзошуда

Дар протоколҳои расмии поёни мулоқоти ду президент – ҳосили музокироти ду раҳбар имзои 13 созишномаи ҳамкорӣ гуфта шуд. Дар миёни онҳо – созишномаи ҳамкориҳои стратегӣ, дар соҳаи сохтмон, андозситониҳои ғайримустақим, ҳамкориҳо дар бахши тиҷорату савдо, маориф ва дигарҳо мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар изҳороти муштараки матбуотӣ гуфт, дар вохурӣ бо ҳамтои туркманаш дар баробари масъалаҳои байнидавлатӣ доир ба мушкилоти минтақа ҳам табодули афкор намудаанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт: “Мо муҳимияти иштироки муштаракро дар лоиҳаҳои байналмилалии иқтисодӣ, ки ба рушди устувори ин кишвар мусоидат мекунанд, зикр намудем. Зимни баррасии масоили байналмилалӣ мо инчунин доир ба зарурати ба роҳ мондани талошҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ суҳбат кардем. Мо ба қароре омадем, ки талошҳоро дар ин самт минбаъд ҳамоҳанг созем.”

Раҳбари Туркманистон бо ин ки аз ҳамкориҳо дар бахши маорифу фарҳанг изҳори қаноатмандӣ намуд, вале гуфт, ки иҷрои тарҳҳои бузурги минтақавӣ таваҷҷӯҳи ҷиддиро талаб мекунад. Аз ҷумла Бердимуҳаммадов ба бунёди тарҳи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ишора кард, ки тасмимашон ҷиддӣ буд ва умедвор аст, музокирот сари иҷрои ин тарҳ аз сар гирифта мешавад.

Сохтмони роҳи оҳани пайвасткунандаи Туркманистону Афғонистон ва Тоҷикистон танҳо аз ҷониби Туркманистон анҷом шуда қарор буд соли 2016 сохтмони қисмати тоҷикистонии он шуруъ шавад. Вале ба далели набуди амният дар Афғонистон ин тарҳ мутаваққиф шуд.

Тарҳи дигари нотамом дар барномаҳои гузаштаи ҳамкорӣ – сохтмони мактабе барои кӯдакони туркмантабор дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аст. Рӯзи 2 ноябр ҷонибҳо протоколи наверо имзо карданд, ки ба Созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар дар заминаи сохтмони маҷмӯи биноҳои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ дар иттиҳодияи деҳқонии “Эргаш Султонов”- и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таҳрир ворид мекунад. Дар ин ноҳия дар маҷмӯъ 30 ҳазор намояндаи аққалияти туркман ба сар мебарад, ки фарҳангу забон ва расму одатҳои худро ҳифз кардаанд.

Дар ҷараёни мулоқот президенти Туркманистон инчунин пешниҳод кард, ки кишвараш метавонад дар мавсими сармо ба Тоҷикистон бо таъмини нирӯи барқ мусоидат кунад:

“Дар дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи барқу энержӣ мо пешниҳод кардем, ки ҷониби Туркманистон омода аст тавассути Афғонистон хатти барқро то ба Тоҷикистон таъмин кунад. Албатта, агар ин ҷониб хоҳад, мо хусусан дар фасли зимистон барқ медиҳем,” - гуфт раисҷумҳури Туркманистон.

“Созишнома бояд ду сол пеш имзо мешуд”

Тоҷикистон дар ҳоле Туркманистонро ҳамчун шарики стратегӣ эътироф намуд, ки ба гуфтаи огоҳон ин кор бояд ду сол қабл сурат мегирифт. Абдулфайз Атоев, иҷрокунандаи вақти вазифаи сафири Тоҷикистон дар Туркманистон гуфт:

“Туркманистон барои Тоҷикистон дар минтақа бисёр кишвари калидӣ аст. Аз ҳама муҳимаш мардуми туркман нисбати тоҷикон нигоҳи некбинона доранд ва мехоҳанд, ки муносибатҳои ду кишвар беҳбуд ёбанд. Ин созишнома хоҳу нохоҳ имзо мешуд, аммо як давраи бӯҳрони сиёсӣ, ки буд, каме ба таъхир афтод.”

Дипломати собиқадор аз шарҳи истилоҳи «бӯҳрони сиёсӣ» худдорӣ кард, вале бархе коршиносон мегӯянд, эҳтимолан манзур моҷарои вобаста ба пахши як навори видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб дар соли гузашта аст. Дар ин навор, ки маълум нест кай сабт шудааст, як дипломати тоҷик дар Ашқобод дар як амали бадахлоқона муттаҳам мешавад. Маълум нест, ки то куҷо ин иттиҳом заминаҳои воқеӣ дорад, чунки на Тоҷикистон ва на Туркманистон ҳеҷ гоҳ ин баҳсро расман шарҳ надодаанд. Баъди ин дар ҳамкориҳои расмии миёни ду ҷониб ҳеҷ таҳаввулоти наве сурат нагирифт ва сафари президент ба Тоҷикистон як сол баъди ин ҳодисаҳо аз ҷониби коршиносон хеле рамзӣ арёбӣ мешавад.

Ногузиранд ҳамкорӣ кунанд

Таҳлилгарон мегӯянд, мулоқоти Раҳмон ва Бердимуҳаммедов як навъ баёни ҳусни эътимоди ду кишвар ба ҳамдигар буд. Аз сӯи дигар, ба ин мулоқот намешавад якҷониба назар кард, мегӯянд дигарҳо. Дар пасманзари тағйирот дар саҳнаи сиёсии Узбакистон бо омадани Шавкат Мирзиёев, ки хостори ҳамкориҳои созанда бо ҳама ҳамсояҳо дар минтақа аст, ҳамкориҳои наздики дигар ҷумҳуриҳои қаламрави Осиёи Марказӣ ногузир мешавад. Як таҳлилгар мегӯяд, чолишҳои амниятии муштарак ҳамсояҳоро водор мекунад, ки бо ҳам аз ҳамкориҳои амалӣ кор бигиранд.

Ба бовари Рашид Ғанӣ Абдулло, як таҳлилгари масоили сиёсӣ, дар марзи Афғонистон қарор доштани ҳарду кишвар ва пайдо шудани хатарҳои нав Тоҷикистон ва Туркманистонро водор мекунад, ки бо ҳам наздик бошанд.

Ба таъкиди ин таҳлилгари тоҷик, таҷрибаи талхи Ховари Миёна нишон дод, ки дар шароити имрӯза кишварҳо дар алоҳидагӣ наметавонанд ба хатарҳое мисли тероризм пирӯз шаванд. Вай гуфт:

“Эҳтимоли рубарӯ шудан бо он падидаҳое, ки шояд аз Ироқу Сурия ба сарҳадҳои Тоҷикистон ва Туркманистон интиқол ёбад, ду кишварро водор кард, ки ба ҳам наздиктар бошанд. Таҷрибаи Сурия ва Ироқ нишон дод, ки имконияти худи давлатҳо барои вокуниши муносиб ба хатарҳои эҳтимолӣ чандон кифоят намекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Сурия ва Ироқ кишварҳои бамаротиб қавитар аз Тоҷикистон ва Туркманистон буданд,”-гуфт Рашид Ғанӣ Абдулло.

Дар умум, ба гуфтаи Рашид Ғанӣ Абдулло муносибатҳои роҳбарони сатҳи аввали Туркманистон ва Тоҷикистон аз оғоз хуб буданд ва танҳо бо сабаби баъзе омилҳо муносибатҳо ба сардӣ мегароид.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар миёни дигар кишварҳои минтақа нақши Туркманистон дар кӯмак ба Тоҷикистон бахусус дар солҳои ҷанги дохилии ин кишвар хеле муҳим будааст. Он замон дар давраи раҳбарии Сафармурод Ниёзов Ишқобод яке аз ҳамсояҳои меҳмоннавозе буд, ки садҳо ҳазор фирории тоҷикро сарпаноҳ дод ва бо ғизову кӯмакҳои дигари башариаш ҷони онҳоро аз марг раҳонид. Тоҷикистон ҳам ҳеҷ гоҳ инро фаромӯш накардааст.

Додугирифти ночизи мол

Дар 22 соли ахир миёни ин ду кишвар беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуда, ҳаҷми табодули молу коло байни ду кишвар дар соли гузашта 93 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он 92 миллионаш воридоти мол аз Туркманистон ба Тоҷикистон будааст.

Иқтисоддонон мегӯянд, ин рақам хеле ночиз аст ва дар ҳоли поин рафтан мебошад. Вале баъди имзои созишномаҳо дар Душанбе эҳтимолан доираи ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангии миёни ду кишвар афзоиш меёбад ва сатҳи сифатан навро касб хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG