Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони сабукии “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” ба мусофирони тоҷик


Намояндагии ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон эълон кард, ки барои ҷалби бештари мусофирон дар хатсайри Душанбе – Тошкнад арзиши билетро то 200 сомонӣ, муодили бист доллар, поин овардааст. Парвоз дар масири Душанбе – Тошканд ва баръакс моҳи апрели имсол имконпазир шуд ва дар аввал арзиши роҳкиро 1234 сомонӣ буд.

"Пулдорон тавассути моҳ низ метавонанд бираванд"

Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе тавассути ҳавопаймоҳои мо то 50-60 мусофир аз Душанбе ба Тошканд мераванд. Аммо ҳавопаймо гунҷоиши то 150 мусофирро дорад.

Сокинону мақомот он вақт гуфта буданд, ки нархи парвоз дар ин масир хеле болост ва эҳтимол ба ҷуз аз соҳибкорону афроди доро дигарон имкони парвоз дар ин масирро пайдо накунанд. Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов низ гуфт, “бояд аз ин имкон мардуми оддӣ истифода кунанд. Соҳибкорон тавассути моҳ низ метавонанд, ба ҳар ҷое, ки хостанд, бираванд”.

"Ҳоло нархи билетро 1034 сомонӣ кардем, то равоуи сокинон бештар шавад. Барои парвози дуҷониба аз мусофирон 1917 сомонӣ талаб мешавад", - гуфтанд дар намояндагии ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” дар Тоҷикистон.

"Ҳар ҳафта то шаст нафар ба Узбакистон мераванд"

Як масъули намояндагӣ рӯзи 7-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими арзон кардани нархи билет дар як моҳи ахир гирифта шудааст.

Ходимони ҳавопаймоҳои ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ"
Ходимони ҳавопаймоҳои ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ"

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, "нархро ба хотири зиёд шудани мусофирон поин кардем. Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе тавассути ҳавопаймоҳои мо то 50-60 мусофир аз Душанбе ба Тошканд мераванд. Ҳавопаймои мо гунҷоиши то 150 мусофирро дорад. Як қисми мусофирон аз фурудгоҳи Тошканд ҳамчун транзит истифода мебаранд ва ба кишварҳои дигар парвоз мекунанд. Барои онҳо визаи Узбакистон зарур нест ва то 24 соат ҳақ доранд, ки дар Фурудгоҳи Тошканд бимонанд."

Дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта як бор ҳавопаймоҳои “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” аз Тошканд ба Душанбе ва бараъкс парвоз анҷом медиҳанд. Ин тасмим дар моҳи апрели имсол ва баъд аз 25 соли “танаффуси иртиботи ҳавоӣ” миёни Тошканду Душанбе гирифта шуд.

"Парвози ҳавопаймоҳои як ширкат кофист"

Парвози нахустин ва санҷиширо дар ин масир моҳи феврал ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон анҷом дод ва эълон кард, ки парвози мунтазамро аз охири ҳамон моҳ шурӯъ мекунад. Ҳарчанд ин ширкат фурӯши билетро ба роҳ монд, натавонист, ки ба парвозаш идома диҳад.

Нахустин парвози ҳавопаймо баъди 25 соли танаффус дар масири Душанбе - Тошканд. Моҳи феврали 2017
Нахустин парвози ҳавопаймо баъди 25 соли танаффус дар масири Душанбе - Тошканд. Моҳи феврали 2017

Ҷониби Узбакистон иддао кард, ки ширкати “Сомон Эйр” ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои парвозро дар вақташ нафиристода ва намояндагии худро дар Тошканд боз накардааст ва аз ин рӯ наметавонад парвозро анҷом диҳад. Ин баҳс боис ба барканории Алишер Рустамов, яке аз масъулони ширкати “Сомон Эйр” шуд.

Ин ширкат ҳанӯз ҳам парвози ҳавопаймоҳояшро дар ин масир ба роҳ намондааст. Ахиран мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло парвози ҳавопаймоҳои як ширкат миёни Душанбеву Тошканд кофист ва дар сурати зарурат парвозҳои иловагиро ба роҳ хоҳанд монд.

"На танҳо мусофирбарӣ, балки боркашонӣ ҳам хоҳем кард"

Тобистони имсол ҳукумати Тоҷикистон тарҳи Созишномаи иртиботи ҳавоӣ бо Узбакистонро низ омода ва барои имзо ба Вазорати нақлиёт пешниҳод кард. Дар сурати тасвибаш, ин созишнома ба ширкатҳои ду тараф имкон хоҳад дод, ки аз фурудгоҳҳои Тошканду Душанбе ба ҳайси маконҳои транзитӣ истифода карда, нафақат ба мусофирбарӣ, балки боркашонӣ ҳам бипардозанд.

Ин ҳама дигаргуниҳо дар пайи даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев имконпазир шуд. Равобити Тоҷикистону Узбакистон аз тирамоҳи соли 2016 ба гармӣ гаравид ва раҳбарони ду кишвар борҳо дар ҳошияи мулоқоти минтақавӣ гуфтугӯҳои самимона доштанд.

Имсол ҳайатҳои иқтисодӣ ва соҳибкорони ин ду кишвар бо ҳам дидор ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд. Танҳо дар ҷараёни намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти кишвар дар Душанбе дар моҳи апрели имсол, миёни ширкат ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG