Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин парвоз аз Тошканд ба Душанбе дар 25 сол. ВИДЕО


Баъд аз 25 сол барои нахустин бор ҳавопаймои мусофирбари ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст. Ин ҳавопаймҲавопаймои ин ширкати узбакистонӣ соати 8-и субҳи 11 апрел бо 25 мусофир ба пойтахти Тоҷикистон расид. Барои бозгашт аз Душанбе ба Тошканд бо ҳавопаймои ин хатсайр, 12 мусофир билет харидорӣ кардаанд.

Дар ҳоле ки ширкати “Узекистон ҳаво йӯлларӣ” дар шаҳри Душанбе дафтари намояндагиашро боз кардааст, ширкати “Сомон Эйр” ҳанӯз ин корро дар шаҳри Тошканд анҷом надодааст.

Парвозҳо ба самти Тошканд доимӣ шуданд

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ки парвозҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд расман ба ҷадвали парвозҳои байналмилӣ шомил шуда ва қарор ҳаст ҳафтае ду маротиба -- рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа аз ҷониби ширкати “Ӯзбекистонҳаво йӯлларӣ” анҷом шавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нахустин парвоз аз Тошканд ба Душанбе дар 25 сол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Тибқи тавофуқоти ниҳодҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Узбакистон қарор аст, ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” низ ҳафтае ду маротиба дар хатсайри Душанбе-Тошканд парвозҳо анҷом диҳад. Вале то ҳол масъулони ширкати "Сомон эйр" дар мавриди баробарии парвозҳо ё паритет изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки ин ширкати Тоҷикистон кай парвозҳои худро ба Узбакистон оғоз мекунад.

Аз сӯи дигар, дар ҳоле ки ширкати ҳавоии “Узекистон ҳаво йӯлларӣ” дар шаҳри Душанбе дафтари намояндагиашро боз кардааст, аммо ширкати “Сомон Эйр” ҳанӯз ин корро дар шаҳри Тошканд анҷом надодааст. Зимнан, дар ҳафтаи гузашта ҳайатҳои ниҳодҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Тошканд созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи парвозҳо миёни ду кишварро имзо карда, бад ин тартиб заминаи ҳуқуқӣ барои анҷоми парвозҳо миёни Тошканду Душанбе фароҳам гардид.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати ин кишвар дар музокироти Тошканд рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишаст ширкати “Сомон Эйр” вазифадор шуд то дар зудтарин фурсат ҳуҷҷатҳои заруриро ба Тошканд фиристода ва баъди дарёфти иҷозатнома парвозҳоро дар масири Душанбе-Тошканд анҷом диҳад.

Парвозҳо роҳро барои густариши равобит боз мекунад

Бахтиёр Раҳимов, як мусофири хатсайри Тошканд-Душанбе, ки худро устои чӯбтарош муаррифӣ кард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ширкат дар намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистон ба Душанбе омадааст. Ин намоишгоҳ рӯзҳои 17-21 апрел дар Маркази тиҷоратии "Пойтахт 90" баргузор мешавад ва қарор аст маҳсулоти саноатӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯроквории он кишвар ба намоиш гузошта мешавад. Бахтиёр Раҳимов гуфт, ки барои аввалин бор аз Тоҷикистон дидан мекунад ва аз боз шудани хатсайри ҳавоии мустақим миёни Душанбе ва Тошканд хеле шод аст, зеро метавонад тиҷорати худро бо Тоҷикистон густариш диҳад.

Санҷар Олимов, яке дигар аз мусофирон ки худро намояндаи ширкати автомобилсозии Узбакистон муаррифӣ кард, гуфт, ки дар намоишгоҳи маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе, навъҳои нави мошинҳои сохти кишварашро муаррифӣ хоҳад кард. Вай дар посух ба ин суол, ки оё мошинҳои Узбкистон аз лиҳози нарх ва сифат метавонад дар бозорҳои Тоҷикистон бо мошинҳои сохти хориҷӣ рақобат кунад, посух дод, ки бори аввал аст ба Тоҷикистон меоянд ва то ба ҳол бо бозори дохилӣ ошноии зиёд надорад. Вале вай умедворӣ гуфт, ки мошинҳои Узбакистон бо дарназардошти иқлими гарми Осиёи Марказӣ сохта шудаанд ва имкон дорад дар Тоҷикистон муштариёни худро пайдо кунанд.

Бахтиёр Раҳимов -- як мусофири ин хатсайр гуфт, аз боз шудани хатсайри ҳавоии мустақим миёни Душанбе ва Тошканд хеле шод аст, зеро метавонад тиҷорати худро бо Тоҷикистон густариш диҳад.

Мусофирони хати сайри Тошканд-Душанбе бо ибрози қаноатмандӣ аз шурӯъи парвозҳо миёни ин ду кишвар гуфтанд, ки акнун онҳо метавонанд бидуни мушкил ва сарфаҷӯи аз вақт ба Тоҷикистон ба назди пайвандон биёянд ё бо соҳибкорону тоҷирону тоҷик ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ кунанд.

Зеро ба гуфтаи Дилшод Мавлонгалиев, муддати парвоз аз Тошканд то Душанбе ҳамагӣ 40 дақиқа идома доштааст. Дар ҳоле ки қаблан барои рафтуомад аз Тошканд то Душанбе аз роҳҳои заминӣ як рӯз зарур буд.

Арзиши виза “рамзӣ” аст

Ба гуфтаи мусофирони хатсайри Тошканд-Душанбе дар ин мусофират дар роҳи дарёфти виза ва харидории билет ҳеч мушкиле пеш наомадааст. Дилшод Мавлонгалиев, як мусофири ин хатсайр дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи наҳваи дарёфти виза гуфт, ки "мо тариқи электронӣ ба Вазорати хориҷаи Тоҷикистон муроҷиат кардем ва бидуни пешниҳоди даъватнома ва дар зудтарин фурсат визаро дарёфт намудем”.

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон.
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, арзиши виза низ арзон буда ва 10 доллари амрикоиро ташкил додаст. Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, рӯзи 4 апрел дар як ҳамоиш дар шаҳри Дукшанбе гуфта буд, “низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон бештар хусусияти рамзӣ дошта ва арзонтарин виза ҳисоб меёбад. 6 доллар барои виза чунин нарх дар ягонҷо нест, ба ғайр аз миёни Тоҷикистон ва Узбекистон. Масалан, қимати раводид миёни Узбакистону Туркманистон 55 доллар аст.”

Дар ҳамин ҳол, бештари мусофирон ба баланд будан будани нархи билети ҳавопаймо таъкид доштанд, ки феълан 130 евро аст. Ба гуфтаи онҳо, ин нарх барои соҳибкорон мувофиқ буда, аммо мардуми оддӣ, ки бахши аслии мусофиронро ташкил медиҳанд, гарон аст.

Нахустин парвози ширкати ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво юллари" қарор буд, рӯзи 4 апрел анҷом шавад, вале он ба рӯзи 11 апрел ба таъхир гузошта шуд. Масъулини таъхири ин парвозро ба чанд омил, аз ҷумла таъхир дар оғози фурӯши билетҳо ва то ба ҳол боз нашудани дафтари ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон дар Тошканд рабт дода буданд.

Дар ду моҳи охир дастикам ду бор эълон шуд, ки ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Узбекистон ҳаво йуллари” дар миёни пойтахтҳои ду кишвар парвози ҳавопаймоҳои худро роҳандозӣмекунанд. Аммо ҳар бор ба сабабҳои мухталиф ин парвозҳо ба таъхир афтоданд. Аммо дар ниҳоят, имрӯз, 11 апрел ҳавопаймои Узбакистон ба Душанбе расид ва қарор аст дар ояндаи наздик ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон низ дар ин хатсай парвозҳои худро оғоз намояд.

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд мебошад.

XS
SM
MD
LG