Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд (ВИДЕО)


Мақомоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфтанд, ки баъди камтар аз ду ҳафтаи дигар парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахти Тоҷикистон ва Узбакистон шурӯъ мешавад. Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи фурудгоҳ имрӯз 30-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, ба зудӣ фурӯши чиптаҳо ба самти Тошканд дар кассаҳои фурудгоҳ шурӯъ мешавад.

Ба гуфтаи вай, баъди мувофиқаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон ду тараф қарор карданд, ки парвозҳои мустақим шурӯъ шаванд. Ҳайате аз Узбакистон ҳоло дар Душанбе қарор доранд ва бо намояндагони “Сомон Эйр” дар ҳузури кормандони Оҷонси зиддинҳисорӣ нархи билетҳоро баррасӣ мекунанд.

"Ӯзбекистон ҳаво йюлларӣ": Феълан тасдиқи расмӣ надорем

Феълан ин хабарро намояндагони расмии ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йюлларӣ" тасдиқ намекунанд. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Тошканд рӯзи 30 январ намояндаи дафтари матбуоти ин ширкат ба радиои Озодӣ гуфт, ки маъмулан чунин хабарҳоро баъди дарёфти қарори расмӣ бо имзои раҳбари кулли ин ширкат тасдиқ мекунанд. "Мо хабарҳоро санҷидем ва феълан тасдиқ карда наметавонем, ки воқеан ҳам парвозҳо рӯзи 10 феврал шурӯъ мешавад. Вале эҳтимол дорад, ки ин тасмим базудӣ қабул ва ба дасти мо ҳам бирасад", гуфт ходими дафтари матбуоти ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йюлларӣ".

Субҳи 30 январ дар нишасти матбуотӣ вазири нави нақлиёт ​Худоёр Худоёрзода ҳам эҳтиёткор буд. Вай бо истиқбол аз дурнамои шурӯи парвозҳо миёни ду кишвар гуфт, миёни Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе тавофуқи усулӣ ба даст омада, ҳоло гурӯҳҳои корӣ ҷузъиёти ин парвозҳоро баррасӣ мекунанд. Вале барои оғози воқеии парвозҳо "вақт лозим аст". Вай гуфт: “Ширкатҳои ҳавоии ҳар ду кишвар қабл оғози парвозҳо бояд бо аэронавигатсия, фурудгоҳҳои байналмилалии Тошканду Душанбе ва ниҳодҳои дигар, ки ба анҷоми парвозҳо алоқаманд ҳастанд, шартномаҳо имзо кунанд. Ин кор вақт мехоҳад”.

Тоҷикистон: парвозҳо ба Тошканд ҷумъаҳо барпо мешавад

Вале баъде соате масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин хабарро тасдиқ карданд. Як корманди масъули ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон ширкат дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 10 феврал шурӯъ шудани парвозҳо миёни Тошканду Душанбе дар ин нишаст матраҳ шуд.

Ин ҷаласа субҳи 30 январ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷараён гирифт. Ин корманд гуфт, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баъди эълони ин хабар дар ҳузури президент, билофосила онро ба оҷонсии иттилоотии “Ховар” фиристод.

Феълан ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, қарор аст, ширкати “Сомон эйр” ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе парвоз анҷом диҳад. Аз ҷониби Узбакистон ширкати “Узбекистон ҳаво йӯллари” парвоз ба Душанберо ба ӯҳда дорад. Масъалаи парвози ҳавопаймоҳои ширкат ҳам дар Душанбе баррасӣ мешаванд.

Парвози ҳавопаймоҳо баъди имзои созишнома, ки айни ҳол дар баррасӣ қарор дорад, шурӯъ мешавад.

Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи аз сар гирифтани иртиботи ҳавоиро намояндагони ду кишвар рӯзи 28-уми декабри соли гузашта баъди нишасти Кумиссиёни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ имзо карданд. Баъди 25 соли қатъи парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Узбакистон бори аввал аст, ки иртиботи ҳавоӣ байни ду кишвар аз сар гирифта мешавад.

Бо даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, ҳукумати нав ба раҳбарии Шавкат Мирзиёв ба тармими робитаҳои сард бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт ба гуфтаи нозирон эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд аст. То кунун сокинони ҳарду кишвари ҳамсоя фақат аз роҳи заминӣ ба қаламрави ҳамдигар мерафтанд. Байни ду кишвар то кунун низоми раводид вуҷуд дорад.

Дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон қатъ шуд. Пеш аз ин солҳо Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанд иртиботи ҳавоӣ дошт ва ҳафтае даҳҳо парвоз миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Узбакистон анҷом мешуданд.

Парвозҳои байни ду Тоҷикистону Узбакистон чӣ манфиат дорад?

Лутфан назари худро бинависед.

Аз тариқи ВОТСАПП ва ВАЙБЕР +420 724 053 959

Шарҳҳое, ки аз тариқи Вайбер ба мо фиристоданд, инҷост.

Дар шароити печидаи ҷаҳонӣ ва бархурди манфиатҳои геополитикӣ, зарурати ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон ба миён омадааст. Интегратсия ё ҳамгироии иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир ба нафъи давлатҳо ва миллатҳои Осиеи Марказӣ мебошад. Тавре, ки мегӯянд, роҳҳо пайвандгари дилҳо ва халқу миллатҳо мебошанд. Иртиботи ҳавоии байни ду кишвар раванди нақлу интиқол ва мусофирати шаҳрвандони ҳарду кишварро осон намуда, суръати тиҷорат ва бизнесро дучанд мегардонад. Инчунин раванди ҷаҳонгардӣ ва туризми дохилии кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистонро афзоиш медиҳад.

Агар парвозҳои ҳавоӣ байни вилоятҳои ҳарду кишвар низ ба роҳ монда шаванд аз манфиат холӣ нест. Робитаҳои хешовандӣ ва ҳамсоягии ҳар ду миллат тайи солҳи тулонӣ тақозо мекунад , ки аввалан раводид байни ду кишвар бардошта шуда, сониян гардишгарӣ ва туризми дохилии ҳар ду кишвар вусъат дода шуда, маҳсулоти хурока, меваҷот ва дигар ашеи хом ва ... бо истифода аз соддагардонии гумруки тарафҳо ҳар чӣ зудтар ба роҳ монда шавад.
Гардиши мол ва тиҷорат байни ду кишвар муносибатҳои фарҳангӣ ва ба табаи он иқтисодиро низ фароҳам месозад.

Бо эҳтиром, Абдулло Қодирӣ, коршиноси равобити байналмилалӣ

Аз барқароркунии парвозҳо миёни Тошканд ва Душанбе фоидае нест, агар низоми раводид тағйир дода ва ё содда карда нашавад. Агар раводид бардошта шавад, мардум ҳар вақте хоҳанд, мераванд, рӯзи ҷумъаро интизор намешаванд. Масалан ягон кас кори зарур дошта бошад, ба Тошканд равад, аммо инҷо монеа ҳаст “раводид” ва ӯ бояд рӯзи ҷумъаро интизорӣ карда шинад? Ба фикри аввалиндараҷа бояд раводид бардошта ва ё содда карда шавад.

Сафарзода

Ташаккур шахсан ман аз ин хабар ниҳоят хурсанд шудам, набояд байни да давлати дӯст сарҳад бошад, ташаккур ба ҳарду тарафи давлат.

Алишер

Дар хусуси парвозҳо миёни ин ду кишвар, назари ман бар ин аст, ки мо тоҷикон дигар метавонем, ватани аҷдодиамон Самарқанду Бухоро ва дигар манотиқи собиқи тоҷиконро тез-тез бубинем ва ин метавонад, инчунин ин кор метавонад, якдигаршиносии тоҷикони ҳарду давлатро таъмин созад, ба шарте, ки нархи чипта дастрас бошаду мо доим равуо кунем...

Фазлуддин

Салом алейкум Радиои Озодӣ

Дар бораи он гуфтаниям, ки хатсайри нави Душанбе-Тошканд-Душанбе.
Ин як беҳбуд барои ҳар дуи давлат ҳаст.
Барои мо фарқаш дар чист, ки ҳамсоя давлати мо узбек, рус, араб, ё ин ки афғон бошад.
Бояд бо давлати ҳамсоя доду гирифт кард. Як давлат танҳо ҳеҷ вақт тараққиёт нахоҳад кард.
Давлатҳои Европаро бинед, моҳҳо дар давлатҳои ҳамсояи худ бе виза рафту омад доранд. То ҳатто бо мошинҳои сабукрави худ рафту омад доранд. Дунё ҳамин аст, як президент меояд, президенти дигар меравад.
Яке хубу, дигаре ганда. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин дунё ба касе нахоҳад монд. Ҳамсоя давлатҳои мо.
Қирғизистон
Афғонистон
Ӯзбакистон
Чин

Агар муносибати давлати Тоҷикистон бо Ӯзбакистон беҳтар гардад бовар дорем, ҳар ду давлат манфиати мебинанд.
Мо низ соҳибкорон ба давлати ҳамсоя рафта, маҳсулотҳои Ӯзбекистонро ворид хоҳем кард. То ҷое, ки мо медонем Ӯзбакистон хело ва хело ҳам тарақиёт кардагист. Бигзор роҳи оҳани ҳарду кишвар низ озодона рафту омад ва доду гирифт бошад.


Муҳаммаднабӣ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG