Пайвандҳои дастрасӣ

Созишномаи парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд ниҳоӣ шуд. САДО


Парвози санҷишии ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар масири Душанбе - Тошканд рӯзи 10 феврали имсол сурат гирифта буд

Мақомоти Тоҷикистону Узбакистон тарҳи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи парвозҳо миёни ду кишварро ниҳоӣ кардаанд. Шералӣ Ганҷалзода – муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон – рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин созишнома баъд аз зуҳри панҷшанбе барои имзо пешниҳод шудааст ва афзуд, ки ба ин тартиб заминаи ҳуқуқӣ барои анҷоми парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Тошканд низ фароҳам гардид.

"Қарор аст, 11 апрел нахустин парвози ҳавопаймои “Узбекистон ҳаво юллари” аз Тошканд ба Душанбе ва баръакс баргузор шавад", - афзуд Шералӣ Ганҷалзода.

Шералӣ Ганҷалзода
Шералӣ Ганҷалзода

Масъалаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи парвозҳо миёни Тошканду Душанбе ҳафтаи равон дар пойтахти Узбакистон баррасӣ шудааст. Ганҷалзода дар ҷавоб ба ин савол, ки оё мавзӯи парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” дар ин масир низ дар нишасти Тошканд баррасӣ шуд ё на, гуфт, "ширкати тоҷикистонӣ вазифадор гардид, дар зудтарин фурсат ҳуҷҷатҳои заруриро ба Тошканд фиристад. Баъд аз дарёфти иҷозатнома метавонад, ки парвозҳои худро миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд оғоз намояд."

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд. Моҳи феврали 2017
Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Тошканд. Моҳи феврали 2017

Дар ҳамин ҳол, дарёфти мавқеи ширкати “Сомон Эйр” ба ин мавзӯъ рӯзи 7 апрел имконнопазир буд. Танҳо як намояндаи ин ширкат дар сӯҳбати бидуни микрофон тасдиқ кард, ки чунин созише ҳосил шудааст, вале шарҳи мавзӯъ дар салоҳияти раҳбарияти ширкат аст. Ба иттилои ин корманди “Сомон Эйр”, феълан раҳбарияти ширкат барои музокироти дигар бо Русия ба Маскав рафтаанд.

Мавзӯи азсаргирии парвозҳои миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Узбакистон ба яке аз матолиби пурбаҳси моҳҳои охир табдил шудааст. Дар ду моҳи охир дастикам ду бор эълон шуд, ки ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Узбекистон ҳаво йуллари” дар миёни пойтахтҳои ду кишвар парвози ҳавопаймоҳои худро роҳандозӣ мекунанд. Аммо ҳар бор ба сабабҳои мухталиф ин парвозҳо ба таъхир афтодааст.

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон

Мақомот мегӯянд, ки баъди боз шудани дафтари намояндагии ширкатҳои ҳавоӣ ва тасвиби санадҳои парвоз дар ҳукуматҳои ду кишвар ин парвозҳо роҳандозӣ мешаванд. Рӯзи 4 апрел дар Душанбе дар маросиме дафтари намояндагии ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” муаррифӣ шуд ва сафири ин кишвар Шоҳқосим Шоҳисломов гуфт, ки тамоми корҳо барои роҳандозии парвоз миёни пойтахтҳо аз рӯи созишномаву нақшаҳо пеш хоҳад рафт.

Ишораи сафири Узбакистон дар Тоҷикистон эҳтимол ба нигарониҳое буд, ки баъди анҷом нашудани парвози нахустин ва деринтизори ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Тошканд дар таърихи 20 феврал буд. 10 рӯз пеш аз он, ширкат дар маросиме ба парвози мусофирони тоҷикистонӣ ба Тошканд аввалин бор дар 25 соли охир гӯё ҳусни оғоз бахшид, вале баъди онки Тошканд гуфт, ҳавопаймои Душанберо намепазирад, бисёриҳо ба самимият ва пойдории тавофуқоти ҳукумати нави Узбакистон андеша карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG