Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостори бекор ё содда кардани низоми виза бо Узбакистон шуда, аз кишвари ҳамсоя даъват кардааст, содироту воридоти нерӯи барқро дубора ба роҳ монанд. Оқои Раҳмон рӯзи 27 декабр дар мулоқот бо Рустам Азимов – муовини нахуствазири Узбакистон – дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон аз ташаббуси Тошканд барои азсаргирии парвозҳо миёни ду кишвар истиқбол карда, ҳамзамон "хостори барқарории қитъаҳои роҳи оҳан, паст намудани тарифҳои ҳамлу нақл ва ҳалли масъалаҳои марзӣ аст."

То ҳол барои дарёфти визаи Тоҷикистону Узбакистон санадҳои зиёд, аз ҷумла, даъватнома бо тасдиқи мӯҳри мақомоти маҳаллӣ лозим буда ва дар сурати пазируфтани ҳуҷҷатҳо, шахси ниёзманд бояд то 10 рӯз интизори виза шавад.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, тарафҳо дар бораи вазъу дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар сӯҳбат карда, "роҳи рафъи монеаҳоро баррасӣ намуданд." Дар мулоқот, инчунин, масъалаи марбут ба вазъи сиёсиву низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ баҳс шудааст.

Рустам Азимов
Рустам Азимов

Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон, дар раъси як ҳайати расмӣ рӯзи 27 декабр вориди Тоҷикистон шуд ва дар ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматӣ дар Душанбе иштирок мекунад. Ин сафари нахустини ҳайати Узбакистон ба Тоҷикистон баъд аз марги Ислом Каримов ва ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Шавкат Мирзиёев аст. Тарафи Тоҷикистонро дар ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматӣ Давлаталӣ Саид – муовини аввали нахуствазир – раҳбарӣ мекунад.

Гуфтугӯ сар шуд

Ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон баъд аз зӯҳри 27 декабр дар бӯстонсарои ҳукумат дар Душанбе оғоз шуд. Дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "қарор аст, дар нишаст рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, масоили марбут ба нақлиёту роҳ, обу энержӣ баррасӣ шавад."

Дар Вазорати умури хориҷӣ дар бораи имкони баррасии низоми виза миёни ду кишвар ибрози бехабарӣ карданд.​ Аммо қаблан манобеи ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон аз эҳтимоли содда шудани муқаррароти виза хабар дода буданд. Аз ҷумла, таъкид шуда буд, баъди азсаргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанбе, мумкин аст, мусофирон визаи ду кишварро дар фурудгоҳҳо дарёфт кунанд. Аз соли 2000 миёни Узбакистону Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ аст.

"Агар низоми виза содда шавад..."

Ба эътиқоди коршиносон аз миён бардоштани виза ё ҳадди ақал содда гардондани тартиби дарёфти он, аз масъалаҳои калидӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ба шумор мешавад. Ба гуфтаи Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, имкон дорад дар нишасти Кумисюни байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон масъалаи виза низ матраҳ шавад. "Ин амр метавонад ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию илмӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон мусоидат кунад", - афзуд ӯ.

Абдулмалик Қодиров.
Абдулмалик Қодиров.

​То ҳол барои дарёфти визаи Тоҷикистону Узбакистон санадҳои зиёд, аз ҷумла, даъватнома бо тасдиқи мӯҳри мақомоти маҳаллӣ лозим буда ва дар сурати пазируфтани ҳуҷҷатҳо, шахси ниёзманд бояд то 10 рӯз интизори виза шавад. Пас аз ҷорӣ шудани муқаррароти виза дар соли 2000 сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Узбакистон метавонистанд ба муддати то 5 рӯз бидуни виза вориди ин кишварҳо шаванд. Вале дар пайи тира шудани робитаҳо дар даҳ соли ахир, ин муқаррарот иҷро нашуда ва афзун бар ин бахши умдаи гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон баста шуданд.

Вазир: Масъалаи роҳи заминӣ баррасӣ хоҳад шуд

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 27 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, боз кардани роҳҳои заминӣ - роҳи оҳан ва равуои автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон низ дар ҷаласаи Кумисюни байниҳукуматӣ баррасӣ хоҳад шуд. "Ин иртибот дар соли 1992 гусаста шуда буд. Ҳоло тарҳи созишнома "Дар бораи муносибатҳои нақлиёти автомобилӣ" миёни Тоҷикистону Узбакистон омода шуда ва барои баррасӣ ба Кумисюни байнидавлатӣ пешниҳод шудааст", - афзуд ӯ.

Имзои протокол дар бораи азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Тошканд
Имзои протокол дар бораи азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Тошканд

Ганҷалзода гуфт, ҷонибҳо ин санадро ҳаматарафа муҳокима карда ва пешниҳодҳои худро дар ин замина ироа мекунанд. Сипас ин санад аз ҷониби мақомоти Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи вазирони нақлиёт ё умури хориҷӣ имзо хоҳад шуд.

Муносибати Тоҷикистону Узбакистон баъди Каримов

Узбакистон тайи бештар аз 25 соли раҳбарии Ислом Каримов ба як кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ табдил шуда, бо ҳамсояҳояш низ марзҳои минакоришуда ва низоми шадиди раводид ҷорӣ карда буд. Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт.

Ислом Каримов моҳи сентябри имсол бар асари сактаи мағзӣ даргузашт
Ислом Каримов моҳи сентябри имсол бар асари сактаи мағзӣ даргузашт

Баъди даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри имсол зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид шудааст ва то кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом дод. Тарафҳо тавофуқ кардаанд, ки парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд моҳи январи соли оянда аз сар гирифта шавад.

Инчунин, аз ибтидои соли 2017 Тошканд мехоҳад, дар Душанбе намоишгоҳи бузурги маҳсулоти Узбакистон, аз саноати мошин то маводи ғизоиро баргузор кунад. Қарор аст, дар ҳошияи ин намоишгоҳ нахустин форуми соҳибкорони узбаку тоҷик дар таърихи ду кишвар барпо шавад. Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин дар ояндаи наздик метавонанд дар бораи ҷудо кардани бурсияҳои таҳсил ба донишҷӯёни ҳамдигар низ ба созиш бирасанд. Беҳтар шудани масъалаи ташкили сафари ҳайатҳои эҷодӣ ба кишварҳои ҳамдигар низ истисно нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG