Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон визаро барои сокинони 27 кишвар бекор мекунад


Шаҳри Бухоро

Узбакистон аз моҳи апрели соли оянда низоми раводидро барои сокинони 27 кишвари ҷаҳон бекор ва ё содда карда, аз соли 2018 визаи электронӣ ҷорӣ хоҳад намуд. Дар ин бора фармони расмии Шавкат Мирзиёев ба тасвиб расида, ҳадафаш «рушди бахши сайёҳӣ» дар ин кишвари Осиёи Марказӣ гуфта мешавад. Вале ин феҳрист Тоҷикистонро дар бар намегирад.

Ҳарчанд расонаҳои Узбакистон навиштанд, ки ин қарор рӯзи 2 декабр аз тарафи Шавкат Мирзиёев, яъне иҷрокунандаи вазифаи президент, имзо шудааст, вале ин хабар баъди як рӯзи пирӯзии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон шуд.

Аз Ҷопон то Чехия

Бар асоси қарори расмӣ, Тошканд аз моҳи апрели соли 2017 раводидро барои он шаҳрвандони Австралия, Австрия, Бритониё, Олмон, Дания, Испания, Италия, Канада, Люксембург, Ҳолланд, Корея, Сингапур, Финляндия, Швейтсаприя ва Ҷопон бекор хоҳад кард, ки бо нияти саёҳат ва на бештар аз 30 рӯз ба Узбакистон мераванд.

Инчунин, визаи Узбакистон барои сокинони аз 55-сола болои Белгия, Малайзия, Амрико, Фаронса, Вйетнам, Исроил, Лаҳистон, Маҷористон, Португалия ва Чехия аз байн бурда хоҳад шуд. Вале дар қарори расмӣ таъкид шудааст, шаҳрвандони ин кишварҳо ҳангоми вуруд ба хоки Узбакистон бояд 50-долларӣ пардохт кунанд.

«Коридори сабз»

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Дар қарор аз раҳбарияти «Узбекистон ҳаво йуллари», ширкати роҳи оҳан ва мақомоти гумруку марзбонӣ хоста шудааст, ки дар фурудгоҳҳо убуру мурури шаҳрвандони хориҷиро осонтар кунанд. Ҳадафи чунин тасмим «содда кардани низоми раводид» ва «сафари ҳарчӣ бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба Узбакистон» гуфта шудааст. Мақомоти Узбакистон мегӯянд, ба зудӣ дар заминаи ширкати миллии «Узбектуризм» ниҳоди нави Кумитаи рушди сайёҳӣ ташкил хоҳад шуд.

Ҳарчанд расонаҳои Узбакистон навиштанд, ки ин қарор рӯзи 2 декабр аз тарафи Шавкат Мирзиёев, яъне иҷрокунандаи вазифаи президент, имзо шудааст, вале ин хабар баъди як рӯзи пирӯзии ӯ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон шуд. Интихоботи президентии Узбакистон баъд аз се моҳи даргузашти раҳбари нахустини он кишвар Ислом Каримов баргузор гардид. Кумисюни марказии интихобот рӯзи 5 декабр гуфт, ки дар ин интихобот ҳудуди 89 дарсади раъйдиҳандаҳо аз Шавкат Мирзиёев тарафдорӣ карда, се рақиби ӯ аз 2 то 4 дарсад овоз гирифтаанд.

Муносибати Тоҷикистону Узбакистон баъди Каримов

Узбакистон тайи бештар аз 25 соли раҳбарии Ислом Каримов ба як кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ табдил шуда, бо ҳамсояҳояш низ марзҳои минакоришуда ва низоми шадиди раводид ҷорӣ карда буд. Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд шуд ва мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллар дар оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт. Баъди даргузашти Ислом Каримов зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид шудааст ва то кунун як гурӯҳ аз тоҷирони узбакистонӣ ба вилояти Суғд омада, вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов низ дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом дод.

Визаи ҳамсояҳо кай бекор хоҳад шуд?

Бо эълони пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии Узбакистон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод ва масъалаи ҳамкориҳои Душанбеву Тошкандро дар миён гузошт. Ӯ Мирзиёевро «шахсияти боэҳтиром» дар Тоҷикистон номида ва гуфт, ки Душанбе барои тавсеаи ҳамкориҳо омодааст.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Тоҷикистону Узбакистон мегӯянд, бар сари таъин ва аломатгузории марзи муштарак сӯҳбат доранд ва ду тараф барои шурӯи парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд дар моҳи январи соли оянда низ тавофуқ кардаанд. Ахиран сафири Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, эҳтимол ба зудӣ масъалаи содда кардани низоми виза миёни ду кишвар баррасӣ ва ҳал шавад. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир лағви якбораи виза миёни Узбакистону Тоҷикистон баид ба назар мерасад, вале шояд то ҳадде содда карда шавад. Тошканд дар соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG